Дар Бадахшон бахшида ба 35–солагии Истиқлоли давлатӣ гузашти низомӣ ва роҳпаймоии оммавӣ доир гардид
ДУШАНБЕ, 07.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Ба муносибати таҷлили 35–солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон гузашти низомӣ ва роҳпаймоии оммавӣ баргузор гардид. Дар роҳпаймоӣ беш аз 15 ҳазор сокинони вилоят, аз ҷумла калонсолон, ҷавонону занон, варзишгарон, омӯзгорон, устодону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, кормандони идораю муассисаҳои вилоятӣ ва шаҳрӣ, инчунин намояндагони сохторҳои қудратӣ иштирок намуданд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ин вилоят хабар доданд, иштирокчиён бо шиору овезаҳои ватандӯстона муҳаббат ба Ватан, арҷгузорӣ ба Истиқлоли давлатӣ, сулҳу субот ва ваҳдати миллиро ифода намуданд.
Зимни гузашти низомӣ иброз гардид, ки новобаста аз мушкилоти вазнини марҳилаи аввали соҳибистиқлолӣ миллати бостонии тоҷик таҳти роҳбарӣ ва роҳнамоии фарзонафарзанди миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонист мушкилоти мавҷударо марҳила ба марҳила бартараф намуда, пояҳои давлатдории миллиро таҳким бахшад.
Гуфта шуд, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ва дигар ниҳодҳои қудратию ҳуқуқӣ ва амниятӣ таъсис ёфта, дар натиҷаи тадбирҳои муассири Ҳукумати мамлакат ва дастгирии ҳамаҷонибаи онҳо ин сохторҳо бо таҳкими заминаҳои кадрӣ, молиявӣ ва моддию техникӣ ба рукнҳои муҳими таъмини амният ва мудофиаи мамлакат табдил ёфтанд.
Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, шаҳру ноҳияҳои он барои фароҳам овардани шароити мусоид барои хизмати ҳарбӣ ва баланд бардоштани сатҳи омодагии хизматчиёни ҳарбӣ пайваста тадбирҳои зарурӣ амалӣ мешаванд.
Иштирокчиёни роҳпаймоӣ таъкид намуданд, ки баргузории чунин чорабиниҳои идона бозгӯи эҳсоси баланди ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ ва арҷгузории сокинони вилоят ба Истиқлоли давлатӣ мебошад. Сокинони вилоят аз фазои орому осудаи мамлакат, сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ шукргузорӣ намуда, барои сиёсати созанда ва роҳнамоии хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи бунёдкорию созандагӣ ва таваҷҷуҳу ғамхориҳои пайваста нисбат ба рушди вилоят сипоси самимии худро баён менамоянд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон








ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Камҳаракатӣ барои пайдоиши бемориҳои гуногун замина фароҳам меорад
Дар шаҳри Конибодом нуқтаҳои истироҳатӣ ва осоишгоҳи солимгардонӣ бунёд карда мешаванд
Шахсони дорои масунияти заиф бештар ба зуком гирифтор мешаванд
Дар ноҳияи Шаҳристон ба беҳтар намудани сатҳу сифати таълиму тарбия таваҷҷуҳи хосса дода мешавад
Дар шаҳри Ҳисор бинои мактаб, варзишгоҳ ва коргоҳи дӯзандагӣ ба истифода дода шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ БУНЁДКОРӢ. 100 хоҷагии деҳаи Зарнисор-1-и ноҳияи Рӯдакӣ бо оби тозаи ошомиданӣ таъмин гардид
Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар шаҳри Кӯлоб 53 бинои муассисаи таълимӣ ба истифода дода шуд
Шаҳри Душанбе соҳиби Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Бонувони муваффақи шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон» гардид
Таъмини шаҳри Душанбе бо барқ ва гармӣ дар меҳвари таваҷҷуҳи масъулин қарор дорад
Ҳамкории Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа бо Бонки ҷаҳонӣ тақвият меёбад
Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ татбиқи лоиҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳамгироии иқтисодиро баррасӣ намуданд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ноҳияи Ёвон мумфаршкунии роҳҳои маҳаллӣ идома дорад






