Дар Бонки миллии Тоҷикистон бо иштироки Намояндагии UNICEF малакаҳои амалии молиявӣ баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 03.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Масъалаҳои таҳкими ҳамкорӣ дар самти рушди малакаҳои иқтисодӣ ва молиявии наврасону ҷавонон, бахусус ашхоси аз лиҳози ҷисмонӣ имконияташон маҳдуд дар меҳвари мулоқоти муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Далер Муродализода бо муовини роҳбари Намояндагии Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид (UNICEF) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Эри Двидеди дар шаҳри Душанбе қарор гирифтанд.
АМИТ «Ховар» бо истинод ба Бонки миллии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки мусоҳибон инчунин татбиқи «Барномаи баланд бардоштани саводнокии молиявии аҳолӣ барои солҳои 2026-2030», тавсеаи имконияти соҳибкорӣ ва омодасозии онҳо ба бозори меҳнатро муҳокима намуданд.
Ҷонибҳо таъкид намуданд, ки рушди дониш ва малакаҳои молиявӣ яке аз омилҳои асосии густариши фарогирии молиявӣ ва ҷалби ҷавонону занон ба ҳаёти иқтисодии мамлакат мебошад. «Стратегияи миллии фарогирии молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026» ва «Барномаи баланд бардоштани саводнокии молиявии аҳолӣ барои солҳои 2026-2030» дастрасӣ ба хизматрасониҳои молиявӣ, рушди хизматрасониҳои молиявии рақамӣ ва ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагони хизматрасониҳои молиявиро аз самтҳои афзалиятнок муайян намудааст.
Дар идома таҷрибаи Бонки миллии Тоҷикистон дар самти баланд бардоштани маърифати молиявӣ мусбат арзёбӣ гардида, ҷонибҳо барои густариши омӯзиши малакаҳои амалии молиявӣ, инчунин муайян ва татбиқ намудани ташаббусҳои муштарак дар самти рушди саводнокии молиявӣ, тавонмандсозии иқтисодӣ ва фароҳам овардани имконияти бештар барои наврасону ҷавонон изҳори омодагӣ намуданд.
АКС: Бонки миллии Тоҷикистон








Дар ноҳияи Мастчоҳ ҷамъоварии ҳосил ва кишти тирамоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон истеҳсоли моҳӣ беш аз 5 фоиз зиёд шудааст
ЗАНБӮРИАСАЛПАРВАРӢ. Занбӯрҳо гардолудкунандаи асосии растаниҳо ва дарахтони мевадор мебошанд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ду зеристгоҳи барқӣ ба истифода дода шуд
Рушди ҳамкории байниминтақавии Хатлону Пенза баррасӣ гардид
Тоҷикистон ҳамкориро дар соҳаи саноат бо вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият медиҳад
Дар вилояти Суғд беш аз 2 ҳазор километр роҳ аз таъмир бароварда шуд
Рушди инфрасохтори пардохтӣ дар вохӯрии минтақавии роҳбарияти бонкҳои миллии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон баррасӣ шуд
Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» бо иштироки беш аз 30 давлат баргузор шуд
Дар Душанбе симпозиуми ҷамъбастӣ ва форуми муштарак баргузор шуд
Дар шаҳри Норак Фестивали анорпарварон баргузор гардид
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии роҳбарони хадамоти андози кишварҳои аъзои ИДМ доир шуд






