Дар Душанбе Форуми байналмилалии нассоҷии Тоҷикистон – 2026 доир мегардад

Сентябрь 11, 2026 16:19

ДУШАНБЕ, 11.09.2026 /АМИТ  «Ховар»/. 23 сентябри соли 2026 дар шаҳри Душанбе  Форуми байналмилалии нассоҷии Тоҷикистон – 2026 баргузор мегардад, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Форум ба рушди саноати нассоҷӣ, ҷалби сармоягузорӣ ва ташаккули занҷираи пурраи истеҳсолии нассоҷӣ дар Тоҷикистон бахшида шудааст. Ҳадафи асосии форум муаррифии имконоти сармоягузорӣ дар соҳаи пахтакорӣ, коркарди пахта, истеҳсоли маҳсулоти нассоҷӣ ва рушди кластерҳои мукаммали саноатӣ дар Тоҷикистон мебошад.

Дар доираи форум масъалаҳо оид ба ҷалби сармоягузорӣ, технологияҳои муосир, самаранокии энергетикӣ, рушди истеҳсолоти «сабз», афзоиши иқтидори содиротӣ ва ворид намудани маҳсулоти нассоҷии Тоҷикистон ба занҷираҳои арзиши ҷаҳонӣ баррасӣ карда мешаванд.

Форум барои муаррифии лоиҳаҳои мушаххаси сармоягузорӣ, барқарор намудани робитаҳои мустақим байни соҳибкорону сармоягузорон ва таҳкими ҳамкории Тоҷикистон бо ширкатҳои байналмилалии соҳаи нассоҷӣ замина фароҳам меорад.

АКС: Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сентябрь 11, 2026 16:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар Машварати сеюми роҳбарони мақомоти зиддикоррупсионии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Тағйирёбии иқлим сабаби коҳиш ёфтани ҳосилнокии мева дар Тоҷикистон гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои нави дидбонгоҳи гумрукӣ ба истифода дода шуд
Дар Душанбе масъалаи татбиқи лоиҳаву барномаҳои муштарак бо намояндаи ЮНИСЕФ баррасӣ гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ ва ҳолати инфрасохтори обёрии ноҳияи Мастчоҳ шинос шуд
Дар Душанбе оид ба ташхиси макроиқтисодӣ ҳамоиш баргузор шуд
Намояндаи Тоҷикистон дар ҳамоиши минтақавии Бонки осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ иштирок намуд
Дар Конибодом вазъи соҳаи кишоварзӣ ва рафти ҷамъоварии пахта баррасӣ шуд
ПАХТАПАРВАРӢ. Кишти дер, нархи пасти пахта ва норасоии техникаи муосир мушкилоти асосии соҳа маҳсуб мешаванд
Дар мавзуи «Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил: самтҳо ва дурнамои рушд» конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи идоракунии захираҳои об таҷрибаи якдигарро меомӯзанд
Дар Душанбе ҷаласаи 20-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор шуд