Дар хоҷагиҳои шаҳри Ҳисор ҷамъоварии ҳосили пахта оғоз гардид
ДУШАНБЕ, 12.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Кишоварзони шаҳри Ҳисор ба ҷамъоварии ҳосили пахта шуруъ намуданд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор.
Нахуст дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Абдурауф Юсуфов» ҷамъоварии ҳосили пахта оғоз гардид. Гуфта шуд, ки дар бригадаи №17 майдони кишти пахта 8 гектарро ташкил медиҳад.
Ҳамзамон дар Корхонаи воҳиди таълимӣ-таҷрибавии «Ҳисор» ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «50-солагии Октябр» ҷамъоварии пахта оғоз гардид.
Роҳбарияти шаҳр ва пирони кор зимни боздиди раванди ҷамъоварии ҳосили пахта оид ба масъалаҳои самаранок истифода намудани заминҳои кишоварзӣ, сари вақт ва беталаф ҷамъоварӣ намудани ҳосили пахта, омодагии техникаи кишоварзӣ ва таъмини шароити мусоиди меҳнат барои чинакчиён маслиҳатҳои судманд доданд.
Ҳамчунин роҳбарияти шаҳр дар корхонаи коркард ва қабули пахтаи «Органик-Котон» бо омодагии корхона барои қабули пахтаи ҷамъоваришуда дар мавсими соли 2026 шинос шуданд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






