Дар мулоқоти Вазири нақлиёти Тоҷикистон бо Директори иҷроияи Korea Eximbank густариши ҳамкорӣ дар соҳаи нақлиёт баррасӣ шуд
ДУШАНБЕ, 17.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Масъалаҳои густариши ҳамкории Тоҷикистону Корея дар соҳаи нақлиёт дар мулоқоти Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим бо Директори иҷроия ва Роҳбари Гурӯҳи амалиётии EDCF Бонки содироту воридоти Корея (Korea Eximbank) Со Ҷонг-Хва дар Сеул баррасӣ шуд.
АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки ҷонибҳо ҷалби маблағгузории дарозмуддат барои татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки инфрасохторӣ ва таҳкими ҳамкории минбаъда дар ин самтро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳор дошт, ки Тоҷикистон рушди шарикӣ бо Ҷумҳурии Кореяро муҳим арзёбӣ намуда, Кореяро на танҳо ҳамчун шарики боэътимод, балки чун манбаи технологияҳои муосир, таҷрибаи муҳандисӣ ва маблағгузории дарозмуддати лоиҳаҳои инфрасохторӣ медонад. Гуфта шуд, ки яке аз ҳадафҳои стратегии Тоҷикистон рушди низоми муосири нақлиётӣ, баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ ва ташаккули масирҳои самараноки транзитӣ мебошад, ки Осиёи Марказиро бо кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ мепайванданд.
Дар ин замина ҳамкории Тоҷикистон бо Корея дар доираи Фонди рушди иқтисодӣ ва ҳамкорӣ (EDCF) натиҷаҳои назаррас ба бор овардаанд. Аз ҷумла, соли 2025 бо дастгирии ҷониби Корея се лоиҳаи муҳим — омода намудани асосноккунии техникӣ-иқтисодии сохтмони метро дар шаҳри Душанбе, электрификатсияи қитъаи роҳи оҳани «Пахтаобод–Ваҳдат» ва рушди маркази логистикӣ дар шаҳри Кӯлоб амалӣ гардиданд. Дар айни замон бо дастгирии грантии Ҷумҳурии Корея чор лоиҳа ба маблағи умумии тақрибан 4,9 миллион доллари амрикоӣ, аз ҷумла омода намудани асосноккунии техникӣ-иқтисодии сохтмони роҳи оҳани «Ҷалолиддини Балхӣ–Панҷи Поён», рушди маркази логистикӣ дар шаҳри Кӯлоб ва идомаи рушди метрои шаҳри Душанбе амалӣ шуда истодаанд.
Ҷониби Тоҷикистон аҳамияти махсуси лоиҳаҳои метрои шаҳри Душанбе ва роҳи оҳани «Ҷалолиддини Балхӣ–Панҷи Поён»-ро таъкид намуданд. Изҳори умед карда шуд, ки онҳо дар қатори лоиҳаҳои афзалиятноки EDCF қарор гирифта, барои гузаштан аз марҳилаи омодасозии асосноккунии техникию иқтисодӣ ба марҳилаи амалии татбиқ дастгирии зарурӣ хоҳанд ёфт. Татбиқи лоиҳаи роҳи оҳани «Ҷалолиддини Балхӣ–Панҷи Поён» аҳамияти стратегӣ дошта, ба тавсеаи робитаҳои нақлиётии Тоҷикистон, фароҳам овардани имконияти нави транзити борҳо ва рушди савдо байни Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ мусоидат хоҳад кард.
Дар анҷом ҷонибҳо омодагии худро барои идомаи ҳамкории созанда ва таҳкими ҳамоҳангӣ ҷиҳати ҷалби маблағгузории дарозмуддат ва татбиқи амалии лоиҳаҳои афзалиятноки нақлиётии Тоҷикистон изҳор намуданд.
АКС: Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон








Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд
Сулаймон Зиёзода бо ҷамъоварии ҳосили пахта дар ноҳияи Ҷаббор Расулов шинос шуд
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон барои навсозии роҳи «Балҷувон-Сари Хосор» бо ширкати чинӣ қарордод ба имзо расонид
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон беш аз 35 фоиз афзоиш ёфтааст
Дар Душанбе ҷалби сармояи мустақими Саудӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 8,5 фоиз афзоиш ёфтааст
Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии сабзӣ идома дорад
МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд
Барои кишти соли 2027 беш аз 218 ҳазор тонна картошкаи тухмӣ захира мегардад
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд






