Дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе – 2026 зиёда аз 115 ширкату ташкилот иштирок доранд

Сентябрь 25, 2026 09:53

ДУШАНБЕ, 25.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе – 2026, ки дар Маркази байналмилалии намоишгоҳии Душанбе (Dushanbe Expo) ҷараён дорад, зиёда аз 115 ширкату ташкилот иштирок доранд. Аз ин шумора 22 ширкатро намояндагони давлатҳои хориҷӣ ташкил медиҳанд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».

Роҳбари ширкати сайёҳии «Парипарвашнома»-и Ҷумҳурии Исломии Эрон Ҳасан Саъдидӣ иброз намуд, ки аз он хотир, ки 93 фоизи заминҳои Тоҷикистонро кӯҳҳо ташкил медиҳанд, метавон гуфт, ки табиати хеле зебову беназири Тоҷикистон мунтазири сайёҳони тамоми дунё аст. Соли 2025 ба Тоҷикистон 1 миллиону 780 ҳазор сайёҳ ворид шудааст, ки гувоҳи он аст, ки дар ин ҷо сайёҳӣ хеле рушд намудааст.

«Иштирокдорони Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе-2026 метавонанд зарфияти сайёҳии Тоҷикистонро ба ҷаҳониён муаррифӣ кунанд. Ба ин восита шаҳрвандони хориҷӣ метавонанд бештар ба Тоҷикистон оянд ва манзараҳои нотакрори ин мамлакати зеборо тамошо намоянд. Зеро намоишгоҳ имконияти сайёҳӣ ва инфрасохтори мамлакатро муаррифӣ намуда, ҷалби сайёҳон ва сармояи хориҷиро афзоиш медиҳад», — афзуд Ҳасан Саъдидӣ.

Мулозим Ҳусейнӣ, намояндаи бемористони Разавӣ, яке аз бузургтарин ва муосиртарин марказҳои пизишкии Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Шарқи Наздик буда, дар шаҳри Машҳад воқеъ мебошад, чунин ибрози назар намуд: «Наздикии фарҳангҳо боис мешавад, ки забони якдигарро фаҳмем ва бо ҳам хеле дӯст шавем. Сари ҳар қадам нишоне аз таъриху фарҳанги муштарак доштани тоҷикону эрониҳоро дидам. Дар ин шаҳр ҳама чиз бароям ошност. Обу ҳаво, кӯчаю хиёбон, гулгаштҳои сабзпӯш ва мардумони самимиашро дӯст доштам. Ҳамин аст, ки мо, эрониён дар ин ҷо ғариб будан ва бегонагиро эҳсос намекунем».

Мулозим Ҳусейнӣ иброз медорад, ки шаҳри Душанбе хеле зебову назаррабо аст ва дар ин ҷо биноҳои муосир бо тарҳу услуби хос сохта шудаанд, ки бинандагонро ҷалб месозанд. Ӯ мегӯяд, ки дар пойтахти Тоҷикистон бештар фаввораҳо барояш писанд омад, зеро онҳо табъи инсонро хеле болида месозанд.

«Дар ҳақиқат, Тоҷикистон сарзамини кӯҳистон аст ва бо табиати зебою нотакрор, обҳои софу зулол, таъриху фарҳанги бостон ва мардуми меҳмоннавозу некухисолаш беҳтарин макон барои сайёҳони хориҷӣ ба ҳисоб меравад»,-изҳор дошт Мулозим Ҳусейнӣ.

Бояд иброз намуд, ки чунин намоишҳо ҳамкории байналмилалиро тақвият дода, барои рушди сайёҳии дохилӣ ва байналмилалӣ заминаи мусоид фароҳам меоранд. Зеро ҳадафи намоишгоҳ рушди соҳаи сайёҳӣ, ташкили бозори сайёҳии минтақа дар шаҳри Душанбе, муаррифии иқтидори бойи табиӣ, сайёҳиву фарҳангӣ ва табобатию солимгардонии мамлакат, омӯзиши таҷрибаи пешқадам, ҷалби сармоягузории мустақими хориҷӣ, татбиқи лоиҳаҳои сайёҳӣ, таҳкими ҳамкории соҳавӣ ва бародаршаҳрӣ, рушди шарикӣ бо субъектҳои хизматрасони сайёҳӣ ва дар ин замина таҳияи стратегияҳои муштараки сайёҳӣ ба шумор меравад.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Сентябрь 25, 2026 09:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Дарвоз Конференсияи байналмилалии «Сайёҳии устувор ва рушди зеҳни сунъӣ дар шароити муосир» баргузор шуд
Дар Хуҷанд конференсияи байналмилалии илмӣ-амалии «Мероси Суғди бостонӣ» баргузор гардид
Шаҳри Панҷакентро дар нуҳ моҳ беш аз 40 ҳазор сайёҳон тамошо намудаанд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз аз маҷмааи сайëҳию истироҳатии «Чорчаман» дидан намуданд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ дар деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз бо фаъолияти комплекси сайёҳии «ЗЕВ-С» ва намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ба ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд
Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» иқтидори сайёҳӣ ва фарҳангии Тоҷикистонро муаррифӣ менамояд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» оғоз гардид
Имконияту иқтидори сайёҳии шаҳри Душанбе дар Ҷумҳурии Мардумии Чин муаррифӣ мегардад
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад