Дар Сеул ҷаласаи вазирони саноати Ҷумҳурии Корея ва кишварҳои Осиёи Марказӣ баргузор шуд

Сентябрь 14, 2026 13:49

ДУШАНБЕ, 14.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Сеул ҷаласаи вазирони саноати Ҷумҳурии Корея ва кишварҳои Осиёи Марказӣ дар қолаби «Корея — Осиёи Марказӣ C5+1» баргузор гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Дар ҷаласа Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Кабир иштирок намуд.

Дар ҷаласа Ҷумҳурии Корея ва панҷ давлати Осиёи Марказӣ —Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон ва Узбекистон барои густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои саноат, тиҷорат ва ташаккули занҷирҳои устувори таъминот ба мувофиқа расиданд.

Ҷонибҳо самтҳои афзалиятноки ҳамкориро дар рушди гардиши савдо, бунёди паркҳои саноатӣ ва рушди инфрасохтори муосир, густариши ҳамкорӣ дар самти маъданҳои муҳими стратегӣ, аз ҷумла литий ва унсурҳои нодири заминӣ, татбиқи технологияҳои пешрафта, рақамикунонии истеҳсолот ва омодасозии мутахассисони ҷавони техникиро муайян намуданд.

Ҳамчунин иштирокдорон изҳори омодагӣ карданд, ки иқтидори захиравии кишварҳои Осиёи Марказиро бо технологияҳои муосир ва таҷрибаи Ҷумҳурии Корея дар самти коркарди ашёи хом, истеҳсоли мавод ва маҳсулоти дорои арзиши баланди иловашуда ҳамоҳанг созанд.

Интизор меравад, ки қолаби нави «C5+1» ба минбари доимӣ барои татбиқи лоиҳаҳои муштараки саноатӣ, таҳкими ҳамкории иқтисодӣ ва рушди робитаҳои мутақобили судманд байни Ҷумҳурии Корея ва кишварҳои Осиёи Марказӣ табдил ёбад.

АКС: Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сентябрь 14, 2026 13:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар мавзуи «Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил: самтҳо ва дурнамои рушд» конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи идоракунии захираҳои об таҷрибаи якдигарро меомӯзанд
Дар Душанбе ҷаласаи 20-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор шуд
Дар Форуми ҷаҳонии сармоягузорӣ самтҳои афзалиятноки рушди иқтисоди Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти истеҳсолии ҶДММ «Шаҳдоб» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи масолеҳи сохтмонии ҶДММ «Эко Блок»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Намояндагони Хадамоти гумруки Тоҷикистон таҷрибаи Нидерландияро дар истифодаи зеҳни сунъӣ омӯхтанд
Байни Хадамоти алоқа ва «Хуавей технологии Тоҷикистон» Ёддошти тафоҳум оид ба рушди технологияҳои 5G-A ва 6G ба имзо расид
Дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯриҳо баргузор шуданд
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона тақвият медиҳанд
Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум– 5G баргузор шуд
СТРАТЕГИЯИ РУШДИ ИҚТИСОДИ «САБЗ». Дар доираи амали он беш аз 500 ҳазор ҳисобкунаки электронии барқ насб гардидааст