Дар Тоҷикистон 73 фоизи кормандони соҳаи маориф ва 72 фоизи кормандони тандурустиро занон ташкил медиҳанд
ДУШАНБЕ, 12.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз занон дар соҳаҳои муҳими иҷтимоӣ, аз ҷумла маориф ва тандурустӣ нақши назаррас доранд. Дар соҳаи маориф занон 73 фоиз ва дар соҳаи тандурустӣ 72 фоизи кормандонро ташкил медиҳанд. Чунин иброз доштанд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 8 сентябр зимни суханронӣ ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Сарвари давлат изҳор намуданд, ки имрӯз занони тоҷик дар ҳама самтҳои ҳаёти давлат ва ҷомеа фаъолона иштирок ва дар рушди соҳаҳои мухталифи давлат нақши назаррас доранд.
«Маҳз дар даврони соҳибистиқлолӣ ҳазорон нафар занону духтарони соҳибмаърифат ҳамчун роҳбару сиёсатмадор, олиму омӯзгор, табибу соҳибкор ва кадрҳои баландихтисоси соҳаҳои дигар ба камол расида, дар пешрафти давлат саҳми шоиста гузошта истодаанд»,- баён намуданд Пешвои миллат.
Роҳбари давлат афзуданд, ки мо саҳми арзишманди занону модарони мамлакатро дар таҳкими сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва пешрафти давлат ҳамеша қадр менамоем.
АКС: АМИТ «Ховар»








ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Камҳаракатӣ барои пайдоиши бемориҳои гуногун замина фароҳам меорад
Дар шаҳри Конибодом нуқтаҳои истироҳатӣ ва осоишгоҳи солимгардонӣ бунёд карда мешаванд
Шахсони дорои масунияти заиф бештар ба зуком гирифтор мешаванд
СОЛИ ОБОДОНИЮ БУНЁДКОРӢ. 100 хоҷагии деҳаи Зарнисор-1-и ноҳияи Рӯдакӣ бо оби тозаи ошомиданӣ таъмин гардид
Шаҳри Душанбе соҳиби Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Бонувони муваффақи шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон» гардид
Таъмини шаҳри Душанбе бо барқ ва гармӣ дар меҳвари таваҷҷуҳи масъулин қарор дорад
Ҳамкории Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа бо Бонки ҷаҳонӣ тақвият меёбад
Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ татбиқи лоиҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳамгироии иқтисодиро баррасӣ намуданд
Дар шаҳри Гулистон Форуми IV минтақавии ҷавонони ҳавзаи дарёи Сир – 2026 доир гардид
Дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон Рӯзи забони давлатӣ таҷлил гардид
Дар Кӯлоб барои тарбиятгирандагони мактаб-интернати №1 хобгоҳи нави замонавӣ ифтитоҳ гардид
Бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд






