Дар Тоҷикистон маҷмуи маҳсулоти дохилии мамлакат қариб 100 баробар афзоиш ёфт

Сентябрь 13, 2026 15:00

ДУШАНБЕ, 13.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Маҷмуи маҳсулоти дохилии мамлакат аз 1,8 миллиард сомонии соли 2000 ба 177 миллиард сомонӣ дар соли 2025 расида, қариб 100 баробар афзоиш ёфт. Чунин иброз намуданд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ.

Тибқи таҳлили кошиносон, агар соли 1991 маҷмуи маҳсулоти дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамагӣ 13,4 миллион сомониро ташкил медод, пас дар шашмоҳаи якуми соли 2026 он ба 81,7 миллиард сомонӣ баробар гардид.  Яъне, татбиқи сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Тоҷикистон давоми солҳои соҳибистиқлолӣ имкон фароҳам овард, ки рушди иқтисоди миллӣ чанд маротиба боло равад. Аз ҷумла, соли 2025 маҷмуи маҳсулоти дохилии мамлакат ба 173 миллиард сомонӣ расида, суръати рушди воқеии он 8,4 фоизро ташкил дод.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуда буданд, ки дар даҳ соли охир ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти дохилӣ 3,4 баробар зиёд гардида, иқтисоди миллии мо ҳар сол ба ҳисоби миёна 7,6 фоиз афзоиш ёфтааст.

Бояд гуфт, ки саноат яке аз соҳаҳои калидии иқтисоди миллӣ буда, дар ҳалли масъалаҳои иҷтимоию иқтисодӣ нақши муҳим дорад ва саҳми он дар маҷмуи маҳсулоти дохилӣ тадриҷан афзоиш меёбад. Тибқи маълумоти Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ду моҳи соли 2026 рушди соҳа асосан аз ҳисоби баланд гардидани ҳаҷми истеҳсолот дар бахшҳои саноати истихроҷ 1,9 фоиз, саноати коркард 26,3 фоиз, таъминоти неруи барқ, газ, буғ ва тозакунии ҳаво 1,1 фоиз ва таъминоти об, тозакунӣ, коркарди партовҳо ва маҳсулоти дуюмдараҷа 23,0 фоиз зиёд гардидааст.

Дар моҳҳои январ ва феврали соли 2026 дар Тоҷикистон корхонаҳои саноатӣ якҷо бо соҳибкорони хусусӣ ба маблағи 10 миллиарду 543,8 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2025       1,5 миллиард сомонӣ зиёд мебошад.

Таҳлили нишондиҳандаҳо собит менамояд, ки рушди устувори соҳаи саноат дар ҷумҳурӣ идома дорад. Он барои тақвияти иқтидори истеҳсолӣ, таъсиси ҷойи нави кор ва таъмини рушди минбаъдаи иқтисоди миллӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.

АКС аз манбаъҳои боз

 

 

 

Сентябрь 13, 2026 15:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд
Сулаймон Зиёзода бо ҷамъоварии ҳосили пахта дар ноҳияи Ҷаббор Расулов шинос шуд
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон барои навсозии роҳи «Балҷувон-Сари Хосор» бо ширкати чинӣ қарордод ба имзо расонид
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон беш аз 35 фоиз афзоиш ёфтааст
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №70-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич корхонаи коркарди меваю сабзавот ва истеҳсоли афшураи ҶДММ «Витаминҳои Тоҷикистон»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Дар Душанбе ҷалби сармояи мустақими Саудӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон баррасӣ гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ дар шаҳри Истаравшан 12 иншоотро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истаравшан бинои маҷмааи миллии соҳибкории «Роҳи Абрешим»-ро мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон дар Иди картошка иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон барои бунёди 2 корхона санги асос гузоштанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон муассисаи таълимии хусусии литсейи «Идрок»-ро ифтитоҳ намуданд