Дар Тоҷикистон нахустин толори варзишии шамшербозии «Шеру Шамшер» ифтитоҳ шуд
ДУШАНБЕ, 05.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. 4 сентябр дар кӯчаи Қарамови шаҳри Душанбе бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон нахустин толори варзишии шамшербозӣ дар ҷумҳурӣ «Шеру Шамшер» ифтитоҳ гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Оғози фаъолияти ин толори варзишӣ марҳилаи муҳим дар ташаккули инфрасохтори муосири варзишии ҷумҳурӣ маҳсуб ёфта, барои оммавӣ гардонидани шамшербозӣ, инчунин рушди варзиши кӯдакону наврасон заминаи мусоид фароҳам меорад.
Толори варзишии шамшербозӣ бо тамоми инфрасохтори соҳавӣ, ки барои гузаронидани раванди пурраи таълимию тамринӣ ва мусобиқаҳои варзишӣ зарур аст, таъмин мебошад. Дар ихтиёри варзишгарон роҳравҳои махсуси шамшербозӣ (пистҳо), таҷҳизоти муосири тамринӣ ва либосу лавозимоти касбӣ қарор доранд.
Инчунин дар толори варзишӣ гузаронидани ҷамъомадҳои мунтазами тамринӣ, дарсҳои маҳоратӣ, мусобиқаҳои сатҳҳои гуногун ва барномаҳои таълимӣ, ки ба баланд бардоштани ихтисоси варзишгарон ва ҳайати мураббиён равона карда шудаанд, ба нақша гирифта шудааст.
Намояндаи Федератсияи шамшербозии Тоҷикистон Фарангис Самиева аҳамияти стратегии иншоотро барои омода кардани чемпионҳои оянда таъкид намуда, иброз дошт, ки ифтитоҳи толори варзишии шамшербозӣ ин марҳилаи калидӣ дар таърихи шамшербозии ватанӣ мебошад.
«Самти асоситарини фаъолияти мо ин ҷалби кӯдакону ҷавонон ба ин намуди варзиш аст. Боварии комил дорам, ки шароити фароҳамовардашуда имкон медиҳад, ки на танҳо насли нави шамшербозони истеъдодманд тарбия ёбанд, балки Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ низ шоиста муаррифӣ карда шавад»,-гуфт Фарангис Самиева.
Ба истифода додани толори варзишии «Шеру Шамшер» дар соли ҷашнӣ нишонаи равшани сиёсати пайгиронаи давлат дар самти таҳкими иқтидори варзишии ҷумҳурӣ ва дастгирии насли нарас мебошад.
АКС: Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад
Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд
Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид
КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд
Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд






