Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидори амалкунанда беш аз 100 ҳазор зиёд гардидааст
ДУШАНБЕ, 11.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар Тоҷикистон дар доираи ислоҳоти сохторӣ ва иқтисодӣ барои беҳтар намудани фазои соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ, коҳиш додани монеаҳои маъмурӣ ва содагардонии хизматрасониҳои давлатӣ тадбирҳои пайваста амалӣ карда мешаванд. Бо роҳи ташаккули бахши хусусӣ дастгирии фаъолияти сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ, таҷдиди хоҷагиҳои кишоварзӣ, ташкили коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ ва васеъ ба роҳ мондани хизматрасониҳои молиявию бонкӣ амалӣ карда шуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар натиҷаи ислоҳоти амалинамуда шумораи субъекҳои хоҷагидори амалкунанда аз 276 ҳазори соли 2015 ба 381 ҳазор адад дар соли 2025 расонида шуд. Аз ин шумора 345 ҳазорро соҳибкорони инфиродӣ ташкил медиҳанд, ки нисбат ба 10 соли пеш 101 ҳазор зиёд гардидаанд.
Дар айни замон ҳиссаи бахши хусусӣ дар истеҳсоли молҳо ба 80 фоиз баробар гардида, ҳоло 70 фоизи шуғли аҳолӣ дар мамлакат ба ин бахш рост меояд.
Бояд гуфт, ки бо мақсади рушди соҳибкорӣ ва беҳтар намудани хизматрасониҳои давлатӣ низоми «равзанаи ягона» ва усулҳои рақамикунонӣ марҳила ба марҳила амалӣ карда шуданд. Ин ба содагардонии расмиёти маъмурӣ, коҳиш ёфтани муҳлатҳои баррасии ҳуҷҷатҳо ва баланд гардидани сатҳи шаффофият мусоидат намуд. Дар ин замина Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ» қабул гардид.
Бахусус талаботи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият», «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи масъалаҳои дорои хусусияти иҷозатдиҳӣ дар доираи як санад, яъне Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ» дар таҳрири нав танзим гардид. Номгӯйи ҳуҷҷатҳои дорои хусусияти иҷозатдиҳӣ аз 208 номгӯй ба 164 номгӯй ва мақомоти иҷозатдиҳанда то 30 мақомот коҳиш дода шуд.
Ин тадбирҳо дар баробари содагардонии равандҳои иҷозатдиҳӣ сарбории маъмуриро барои субъектҳои соҳибкорӣ ба таври назаррас коҳиш дод. Сатҳи шаффофият ва самаранокиро баланд бардошта, барои рушди устувори соҳибкорӣ ва ҷалби сармоягузории дохилию хориҷӣ заминаи мусоид фароҳам меоранд.
Бо назардошти идомаи ислоҳот дар соҳа санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор гузаронида шуда, шумораи мақомоти санҷишӣ аз 31 то ба 23 адад кам карда шуд. Санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор аз рӯйи таваккал (хавфнокӣ) тибқи нақшаи мувофиқашуда бо Шурои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти санҷишӣ ва бо назардошти мавзуъҳои санҷишии дар қонунгузорӣ муқарраршуда ба роҳ монда шуд.
Бояд гуфт, ки тибқи арзёбии ташкилоти байналмилалӣ Тоҷикистон 4 маротиба ба қатори кишварҳои пешсафи ислоҳотгар дар самти беҳтар намудани фазои сормоягузорӣ ва соҳибкорӣ дохил гардид.
АКС аз манбаъҳои боз








Дар мавзуи «Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил: самтҳо ва дурнамои рушд» конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи идоракунии захираҳои об таҷрибаи якдигарро меомӯзанд
Дар Душанбе ҷаласаи 20-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор шуд
Дар Форуми ҷаҳонии сармоягузорӣ самтҳои афзалиятноки рушди иқтисоди Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Намояндагони Хадамоти гумруки Тоҷикистон таҷрибаи Нидерландияро дар истифодаи зеҳни сунъӣ омӯхтанд
Байни Хадамоти алоқа ва «Хуавей технологии Тоҷикистон» Ёддошти тафоҳум оид ба рушди технологияҳои 5G-A ва 6G ба имзо расид
Дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯриҳо баргузор шуданд
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона тақвият медиҳанд
Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум– 5G баргузор шуд
СТРАТЕГИЯИ РУШДИ ИҚТИСОДИ «САБЗ». Дар доираи амали он беш аз 500 ҳазор ҳисобкунаки электронии барқ насб гардидааст
Ҷаласаи навбатии Шурои ҷамъиятиву машваратӣ доир ба фаъолияти гумрукӣ баргузор шуд
Кишоварзони Ваҳдат имсол ҳаҷми умумии маҳсулотро ба беш аз 1 миллиарду 689 миллион сомонӣ расониданд






