Дар Урумчӣ масъалаҳои тавсеаи ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистон ва Синзян баррасӣ шуданд

Сентябрь 25, 2026 15:21

ДУШАНБЕ, 25.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. 24 сентябр дар шаҳри Урумчии Чин намояндагони Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарияти мақомоти дахлдори ноҳияи Мухтори Синзян-Уйғури Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба масъалаҳои ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ҷаласаи муштарак баргузор намуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз ин вазорат хабар доданд.

Зимни ҷаласа ба масъалаҳои диверсификатсияи савдои мутақобил, зиёд намудани номгӯи маҳсулоти содиротии Тоҷикистон ба бозори Чин ва рушди ҳамкории соҳавӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд. Ҳамчунин масъалаҳои марбут ба талаботи санитарию фитосанитарӣ, стандартизатсия ва сертификатсияи маҳсулот баррасӣ шуда, ҷонибҳо барои бартараф намудани омилҳои боздорандаи рушди минбаъдаи савдои мутақобил табодули назар намуданд.

Дар идомаи ҷаласа ба рушди инфрасохтори нақлиётию логистикӣ, таъсис ва навсозии марказҳои нақлиётию логистикӣ, баланд бардоштани самаранокии ҳамлу нақли бор ва таҳкими пайвастагии нақлиётӣ таваҷҷуҳ зоҳир гардид.

Ҷонибҳо барои тавсеаи ҳамкории сармоягузорӣ ва ҷалби сармояи мустақими хориҷӣ ҳавасмандии худро баён намуданд. Дар ин зимн, имконоти татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар соҳаҳои иқтисоди «сабз», манбаъҳои барқароршавандаи энергия ва дигар самтҳои ояндадор мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Дар натиҷаи ҷаласа самтҳои афзалиятноки ҳамкории минбаъда муайян гардида, рӯзномаи ҷаласаи навбатии Зеркомиссияи Тоҷикистон ва ноҳияи Мухтори Синзян-Уйғури Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ташаккул дода шуд.

Ҷонибҳо барои идомаи ҳамкории зич ба хотири татбиқи амалии тавофуқоти бадастомада ва таҳкими минбаъдаи ҳамкории мутақобили судманди тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузорӣ изҳори омодагӣ намуданд.

АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сентябрь 25, 2026 15:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» бо иштироки беш аз 30 давлат баргузор шуд
Дар Душанбе симпозиуми ҷамъбастӣ ва форуми муштарак баргузор шуд
Дар шаҳри Норак Фестивали анорпарварон баргузор гардид
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии роҳбарони хадамоти андози кишварҳои аъзои ИДМ доир шуд
Дар Душанбе конференсияи байналмилалӣ оид ба рушди илм ва истеҳсолоти кишоварзӣ баргузор гардид
Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалии «Тоҷикистон-2026» баргузор мегардад
Дар Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» беш аз 30 созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Ҳайати Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон дар «Ҳафтаи бехатарии авиатсионии ИКАО» дар Остона иштирок намуд
Дар Ереван ҳамкории Тоҷикистон бо Арманистон дар самти ҷалби маблағгузории иқлимӣ баррасӣ шуд
Дар шаҳри Гулистон ҳамоиши байналмилалии геологӣ ва конфронси «Micromine-2026» баргузор гардид
Дар Мурғоб стансияи худкори обуҳавосанҷӣ насб гардид
БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ КАБУДИЗОРКУНӢ. Дар татбиқи босамари он саҳми назаррас гузорем