Дар вилояти Хатлон 77 фоизи нақшаи содирот иҷро шуд
ДУШАНБЕ, 14.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. То 10 сентябри соли 2026 аз вилояти Хатлон 50,1 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ ба хориҷи мамлакат содирот шудааст, ки 77 фоизи нақшаро ташкил медиҳад.
Тавре аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, содироти маҳсулоти кишоварзӣ ба рушди иқтисодиёти мамлакат мусоидат намуда, барои таъсиси ҷойи нави кор ва ҷалби сармоя ба болоравии сатҳи зиндагии аҳолӣ таъсир мегузорад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ иброз намуданд, ки «ҳоло маҳсулоти кишоварзии мо ба зиёда аз 30 мамлакати ҷаҳон содирот карда мешавад».
Тавре қаблан иттилоъ додем, дар мамлакат лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дастгирии содирот» таҳия карда шуд. Қабули қонун дар оянда барои пешбурди содирот, ҳавасмандгардонии ҳамаҷонибаи содироти маҳсулоти ниҳоӣ ва иштирок дар занҷираҳои арзиши иловашуда дар минтақа, баланд бардоштани ҷолибияти сармоягузорӣ ба соҳаҳои ба содирот нигаронида, дарёфти бозорҳои нав, дарёфти роҳҳои такмили инфрасохтори нақлиётӣ ва логистикӣ мусоидат менамояд.
Инчунин бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи ноябри соли 2025 «Барномаи давлатии рушди содироти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» тасдиқ гардид.
АКС аз бойгонӣ








Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Байни Тоҷикистон ва БАТР ба маблағи беш аз 62 миллион евро созишномаҳои қарзию грантӣ ба имзо расиданд
Пагоҳ ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамоти гумруки ИДМ баргузор мешавад
Дар Душанбе ҷаласаи 25-уми RILO-Москва баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Зафаробод шинос шуд
Дар шаҳри Ваҳдат бунгоҳҳои тиббӣ ба истифода дода шуданд
«БАРНОМАИ РУШДИ МИНТАҚАИ САЙЁҲИИ РОҒУН». Дар доираи амали он роҳҳо мумфарш, хатсайрҳои сайёҳӣ зиёд ва инфрасохтори хизматрасонӣ беҳтар карда шуд
Агентии омор: «Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидор зиёд шудааст»
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Машварати сеюми роҳбарони мақомоти зиддикоррупсионии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Тағйирёбии иқлим сабаби коҳиш ёфтани ҳосилнокии мева дар Тоҷикистон гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои нави дидбонгоҳи гумрукӣ ба истифода дода шуд






