Дар вилояти Хатлон бо иштироки беш аз 50 ҳазор нафар роҳпаймоии идона доир шуд

Сентябрь 7, 2026 15:40

ДУШАНБЕ, 07.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Бохтар ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатӣ  гузашти низомӣ ва роҳпаймоии идона доир шуд. Дар роҳпаймоии идона беш аз 50 ҳазор намояндагони касбу кори гуногун, донишҷӯён, хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва сокинони шаҳри Бохтар иштирок намуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон хабар доданд.

Роҳпаймоии идона дар фазои тантанавӣ ва руҳияи баланди ватандӯстиву худшиносии миллӣ баргузор гардид. Иштирокчиён бо парчамҳои давлатӣ, шиору навиштаҷоти пурмазмун ва лавҳаҳои идона бо ифтихори ватандӯстӣ, арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ, шукргузорӣ аз сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва ободии мамлакат роҳ паймуданд.

Иброз гардид, ки Истиқлоли давлатӣ барои мардуми Тоҷикистон оғози марҳилаи нави давлатсозӣ ва рушди миллӣ гардид. Дар 35 соли соҳибистиқлолӣ бо ташаккули пояҳои давлатдории миллӣ, таҳкими сулҳу ваҳдат ва суботи сиёсӣ барои рушди иқтисодиву иҷтимоии мамлакат заминаи мусоид фароҳам оварда шуд.

Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид гуфт, ки дар вилояти Хатлон дар солҳои соҳибистиқлолӣ корҳои созандагиву бунёдкорӣ вусъати тоза гирифта, дар шаҳру ноҳияҳои он иншооти муҳими иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва истеҳсолӣ ба истифода дода шуданд. Дар баробари ин, соҳаҳои кишоварзӣ, саноат, маориф, тандурустӣ ва фарҳанг ҳамчун самтҳои муҳими пешрафти минтақа рушд намуданд.

«Имрӯз мо дар ин майдони бошукуҳ дар фазои сулҳу оромӣ, ваҳдати миллӣ ва ифтихори баланд ҷамъ омадаем, то 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон – бузургтарин дастоварди таърихии миллати тоҷикро бо руҳияи баланди миллӣ ва шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил намоем», – иброз дошт Давлаталӣ Саид.

Таъкид гардид, ки ҳифзи Истиқлоли давлатӣ, таҳкими сулҳу ваҳдати миллӣ, ҳимояи арзишҳои миллӣ ва идомаи корҳои созандагиву бунёдкорӣ вазифаи ҳар шаҳрванди Тоҷикистон мебошад. Роҳпаймоии идона дар вилояти Хатлон таҷассумгари ҳамин эҳсоси баланди масъулият ва муҳаббат ба Ватани соҳибистиқлол арзёбӣ гардид.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон

Сентябрь 7, 2026 15:40

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Кадом қонуншиканиҳо метавонанд боиси ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия гарданд?
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Рашт ба 80 оилаи ниёзманд ангишт кумак карда шуд
Дар ноҳияи Файзобод китобхона, кӯдакистон ва синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуданд
Дар вилояти Суғд беш аз 15 ҳазор иншоот бунёд гардидааст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Нақшаи буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар вилояти Суғд беш аз 100 фоиз иҷро гардид
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони бинои нави муассисаи таълимӣ идома дорад
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат коргоҳи коркарди моҳии ҶДММ «Баҳор»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат ба таври фосилавӣ 16 иншооти таъиноти гуногунро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат корхонаи истеҳсолии «Алянс мебел»-ро мавриди истифода қарор доданд