Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон иншооти иҷтимоию иқтисодӣ ба истифода дода шуданд

Сентябрь 28, 2026 17:44

ДУШАНБЕ, 28.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон якчанд иншооти таъйиноти гуногун мавриди истифода қарор гирифтанд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар шаҳри Хоруғ Маркази дӯзандагӣ ва рушди ҳунарҳои мардумӣ ифтитоҳ гардид. Марказ бо ташаббуси гирандаи гранти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  Марзия Бобова, ки соли 2025 ба маблағи 100 ҳазор сомонӣ соҳиби гранти президентӣ гардидааст, таъсис дода шуд. Ҳадафи асосии он рушди ҳунарҳои мардумӣ, эҳёи анъанаҳои миллӣ, фароҳам овардани ҷойи нави кор ва ҷалби занону духтарон ба фаъолияти соҳибкорӣ мебошад.

Дар марказ барои занону духтарони маҳаллӣ шароити мусоиди корӣ фароҳам оварда шуда, то имрӯз 10 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардидаанд. Дар ин ҷо онҳо ба дӯзандагӣ, омода намудани либосҳои миллӣ ва дигар намудҳои ҳунарҳои мардумӣ машғул мебошанд. Фаъолияти марказ дар баробари фароҳам овардани ҷойи нави кор ба ҳифзу рушди фарҳанги миллӣ, эҳёи ҳунарҳои мардумӣ ва баланд бардоштани нақши занон дар ҳаёти иқтисодиву иҷтимоии ҷомеа мусоидат менамояд. Ифтитоҳи Маркази дӯзандагӣ ва рушди ҳунарҳои мардумӣ дар шаҳри Хоруғ бозгӯи татбиқи амалии сиёсати дастгирии занон, рушди соҳибкории хурду миёна ва тақвияти нақши занону духтарон дар рушди иҷтимоиву иқтисодии кишвар мебошад.

Инчунин дар ноҳияи Шуғнон бо мақсади иҷрои дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва фароҳам овардани дастрасии аҳолӣ ба хизматрасонии босифати тиббӣ, аз ҷумла кумаки аввалини тиббию санитарӣ ду бунгоҳи саломатӣ мавриди истифода қарор дода шуд.

Дар деҳаи Муни Ҷамоати деҳоти Навободи ин ноҳия майдончаи замонавии варзишӣ ба истифода дода шуд. Майдонча бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид барои машқу тамрини ҷавонону наврасон, рушди тарбияи ҷисмонӣ ва оммавигардонии варзиш бунёд гардида, бо таҷҳизоти зарурӣ таъмин мебошад. Мавриди истифода қарор гирифтани иншооти варзишӣ барои ҷалби бештари ҷавонону наврасон ба варзиш, тарғиби тарзи ҳаёти солим ва дарёфти истеъдодҳои нави варзишӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.

Ҳамзамон дар деҳаи Чашмасори Ҷамоати деҳоти Ванқалъаи ноҳияи Шуғнон Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №52 пас аз таъмири асосӣ ва таҷдиди пурра бо тарҳи муосири меъморӣ ба истифода дода шуд. Иброз гардид, ки бунёд ва навсозии муассисаҳои таълимӣ, махсусан дар маҳалҳои дурдаст яке аз самтҳои муҳимми сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, барои фароҳам овардани шароити мусоиди таълим, тарбияи насли донишманду соҳибмаърифат ва баланд бардоштани сатҳи маърифати ҷомеа аҳамияти муҳим дорад.

Ҳамчунин дар деҳаи Навободи ноҳияи Шуғнон маркази хизматрасонӣ ва савдои «Суҳроб Сервис» ба фаъолият оғоз намуд. Марказ аз ду ошёна иборат буда, барои фароҳам овардани шароити мусоиди хизматрасонӣ ба аҳолӣ ва таъмини сокинону меҳмонон бо молу маҳсулоти мавриди ниёз пешбинӣ шудааст. Дар ошёнаи якум маркази савдо ҷойгир буда, дар он намудҳои гуногуни молу маҳсулоти мавриди ниёзи аҳолӣ пешниҳод мешаванд.

Ошёнаи дуюми марказ ҳамчун маркази хизматрасонӣ барои кӯдакон пешбинӣ гардида, дар он барои бозию фароғати кӯдакон шароити мусоид фароҳам оварда шудааст. Ин иқдом ба хусус барои сокинони деҳа ва маҳаллаҳои атроф имконияти хуби истифода аз хизматрасониҳои муосир ва фароғати кӯдаконро фароҳам меорад. Мавриди истифода қарор гирифтани чунин иншооти замонавӣ дар деҳоти ноҳияи Шуғнон далели вусъат гирифтани корҳои созандагӣ ва рушди соҳибкории маҳаллӣ буда, барои фароҳам овардани шароити беҳтари зиндагӣ ва хизматрасонӣ ба аҳолӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.

Дар деҳаи Танги Ҷамоати деҳоти Сучони ноҳияи Шуғнон Корхонаи коркарди маҳсулоти ғайрифилизии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Тоҷи Чин» ба фаъолият оғоз намуд. Бунёд ва фаъолияти чунин корхонаҳои истеҳсолӣ дар заминаи сиёсати созанда ва саноатикунонии босуръати мамлакат барои рушди иқтисоди маҳаллӣ, таъсиси ҷойи нави кор, баланд бардоштани иқтидори истеҳсолӣ ва истифодаи самараноки имконияти мавҷудаи маҳаллӣ заминаи мусоид фароҳам меорад. Корхона бо мақсади коркард ва истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ таъсис ёфта, фаъолияти он ба рушди соҳаи саноат ва зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ равона гардидааст.

Рушди соҳаи саноат яке аз самтҳои муҳими сиёсати иқтисодии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, дар ин замина ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба саноатикунонии босуръати мамлакат, ташкили корхонаҳои нави истеҳсолӣ ва фароҳам овардани ҷойи нави кор тадбирҳои мушаххас амалӣ карда мешаванд.

Дар ноҳияи Мурғоб низ якчанд иншооти муосири хизматрасонӣ ва тиҷоратӣ ба истифода дода шуданд, ки қадами муҳим дар самти рушди иқтисоди маҳаллӣ ба шумор мераванд. Бо ташаббуси соҳибкорони маҳаллӣ дар ҳамкорӣ бо мақомоти давлатӣ силсилаи иншооти нав, аз ҷумла мағозаи дуошёнаи замонавӣ, корхонаи коркарди маҳсулоти ширинии «Оишабону» ва марказҳои муосири савдо дар ҷамоатҳои деҳоти Аличор, Қизилработ ва Қарақул мавриди истифода қарор гирифтанд. Ин иқдом гувоҳи он аст, ки дар минтақаҳои марзӣ барои рушди соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ заминаҳои мусоид фароҳам буда, соҳибкорони маҳаллӣ дар ободонии Ватан фаъолона саҳм мегузоранд ва ҷойи нави кор таъсис медиҳанд.

Инчунин дар ин ноҳия бо мақсади таҳкими сиёсати иҷтимоии давлат ва фарогирии кӯдакони маҳалҳои баландкӯҳ ба таълиму тарбия дар Ҷамоати деҳоти Рангкӯл барои 35 кӯдак ва дар деҳаи Булункӯл барои 30 кӯдак муассисаҳои томактабӣ ба истифода дода шуданд. Ин муассисаҳои томактабӣ бо шароити муосир, аз ҷумла ҳуҷраҳои барҳавои машғулият, хобгоҳҳои бароҳат ва ошхонаҳои муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти муосири пухтупаз таъмин мебошанд.

Ифтитоҳи чунин муассисаҳои томактабӣ дар маҳалҳои баландкӯҳ барои фароҳам овардани шароити мусоиди таълиму тарбияи кӯдакон ва омодасозии онҳо ба таҳсил аҳамияти муҳим дорад.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шуғнон

Сентябрь 28, 2026 17:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Дарвоз бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ 11 иншоот ифтитоҳ гардид
Дар даврони соҳибистиқлолӣ ба рушди иҷтимоию иқтисодии Бадахшон беш аз 26 миллиард сомонӣ равона гардидааст
Пешвои миллат: «Маҷмуи маҳсулоти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар 25 соли охир 93 баробар афзоиш ёфтааст»
Дар Бадахшон ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ 1545 иншооти таъйиноти гуногун сохта, ба истифода дода шудааст
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон пас аз анҷоми сафари корӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба шаҳри Душанбе баргаштанд
Эмомалӣ Раҳмон: «Муассисаи таълимии №6-и шаҳри Хоруғ ба номи шодравон Алишери Мирзонабот гузошта шавад»
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мулоқот намуданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарону фаъолони ВМКБ
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар варзишгоҳи марказии шаҳри Хоруғ бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ дар тантанаҳои идона ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон якчанд иншооти муҳими соҳаи энергетикаро дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо 6 лоиҳаи роҳҳои дорои аҳамияти байналмилалию ҷумҳуриявии ҳудуди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон шинос шуданд