Душанбе мизбони ҳамоишҳои байналмилалӣ дар соҳаи алоқа ва рақамикунонӣ гардид
ДУШАНБЕ, 29.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем, имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳамоишҳои байналмилалӣ дар соҳаи алоқа, рақамикунонӣ ва технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ оғоз гардиданд, ки то 30 сенябр идома меёбанд.
Тавре мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, имрӯз дар пойтахти мамлакат Форуми минтақавии Иттиҳоди байналмилалии алоқаи барқӣ оид ба рушд барои минтақаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид. Дар доираи ин форум ҷаласаи муштараки Шурои сарони маъмурияти алоқаи Иттиҳоди минтақавӣ дар соҳаи алоқа ва Шурои ҳамоҳангсози кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд.
Дар кори форум намояндагони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, созмонҳои минтақавию байналмилалӣ, бахши хусусӣ, муассисаҳои илмию таълимӣ, шарикони рушд ва муассисаҳои молиявӣ иштирок намуданд.
Зимни ҷаласа масъалаҳои рушди технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ, тавсеаи дастрасӣ ба интернет ва инфрасохтори рақамӣ, рушди технологияҳои навин, таҳкими ҳамкории минтақавӣ ва фароҳам овардани имконияти баробар барои истифодаи технологияҳои рақамӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Исфандиёри Саъдулло иброз намуд, ки Тоҷикистон беш аз 30 сол аст узви комилҳуқуқи Иттиҳоди байналмилалии алоқаи барқӣ мебошад. Дар ин давра таҳти роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои таҳкими ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи алоқа ва телекоммуникатсия тадбирҳои муҳим амалӣ гардидаанд. Дар доираи ташаббусҳои мавҷуда барои рушди соҳаҳои телекоммуникатсия, рақамикунонӣ ва зеҳни сунъӣ имконоти нав фароҳам оварда мешаванд.
Таъкид гардид, ки ин се самти муҳим заминаи асосиро барои рушди устувори рақамӣ ва татбиқи муваффақонаи ташаббусҳои марбут ба зеҳни сунъӣ фароҳам меоранд. Аз ин рӯ, рушди соҳаи алоқа ва телекоммуникатсия яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлатӣ ба ҳисоб меравад.
«Соли 2025 дар Тоҷикистон «Стратегияи рушди соҳаи алоқа барои давраи то соли 2040» қабул гардид. Имрӯз мо аллакай натиҷаҳои мушаххаси корҳои анҷомдодаро мушоҳида мекунем. Дар нимсолаи якуми соли 2026 суръати рушди инфрасохтори телекоммуникатсионӣ нисбат ба ҳамин давраи соли 2025 7 фоиз афзоиш ёфтааст», — изҳор дошт Исфандиёри Саъдулло.
Ҳамзамон дар Тоҷикистон рушди пайвастаи инфрасохтори алоқаи наслҳои гуногун идома дорад. Дар айни замон гузариши марҳилавӣ ба технологияҳои насли панҷум — 5G идома дошта, барои баланд бардоштани сифати алоқа ва рушди минбаъдаи хизматрасониҳои рақамӣ имконоти иловагӣ фароҳам меорад. Татбиқи технологияҳои муосири алоқа ба беҳтар гардидани сифати хизматрасониҳои телекоммуникатсионӣ, рушди иқтисоди рақамӣ, тавсеаи хизматрасониҳои рақамӣ ва фароҳам овардани заминаи мусоид барои татбиқи технологияҳои нав мусоидат хоҳад кард.
Тибқи маълумоти «Speedtest Global Index», Тоҷикистон дар раддабандии ҷаҳонии суръати интернети собит чор зина боло рафтааст. Дар моҳи марти соли 2026 Тоҷикистон аз рӯи суръати интернети собит дар байни 153 кишвари ҷаҳон ҷойи 117-умро ишғол намуд.
«Ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои мизбонии ин чорабинии муҳим ва ба Иттиҳоди минтақавии соҳаи алоқа барои ҳамкории пайваста ва созандааш изҳори сипоси самимӣ баён менамоям»,–изҳор дошт Директори Бюрои рушди телекоммуникатсионии Иттиҳоди байналмилалии алоқаи барқӣ Космас Завазава.
Космас Завазава гуфт, ки форум ҳамчун марҳилаи ниҳоии омодагии минтақа ба Конфронси ваколатдорони Иттиҳоди байналмилалии алоқаи барқӣ дар соли 2026 аҳамияти муҳим дорад. Ба андешаи ӯ, муҳокимаҳои форум ба ташаккули мавқеи кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар арсаи ҷаҳонӣ мусоидат хоҳанд кард.
«Нобаробарии рақамӣ ҳанӯз ҳам воқеияти мавҷуда боқӣ мемонад. Дар саросари ҷаҳон беш аз 2 миллиард нафар ҳанӯз ба интернет дастрасӣ надоранд. Мо бояд ҳеҷ касро дар канор нагузорем. Якҷоя мо метавонем ояндаи рақамӣ бунёд намоем, ки барои ҳамаи мардум, аз ҷумла дар кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил рушди устувор, некӯаҳволӣ ва имконияти баробар фароҳам оварад», — таъкид намуд Космас Завазава.
Ёдовар мешавем, ки яке аз ҳадафҳои асосии форум муҳокимаи раванди татбиқи ташаббусҳои минтақавии Конфронси умумиҷаҳонии рушди телекоммуникатсия дар минтақаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мебошад.
Форум 30 сентябр низ идома меёбад. Дар рӯзи дуюми форум ҷаласаи махсус оид ба давлатҳои маҳрум аз баҳр баргузор мегардад. Дар он ниёзҳои чунин давлатҳо дар самти рушди пайвастагии рақамӣ, густариши долонҳои байналмилалии алоқа ва татбиқи «Барномаи Аваза» мавриди баррасӣ қарор мегиранд. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи ҷаласа таҷрибаи худро ҳамчун мамлакати мизбон ва давлати фаъол дар рушди инфрасохтори рақамӣ муаррифӣ менамояд.
Ҳамчунин ташаббуси таъсиси платформаи ҳамкории муассисаҳои илмӣ, пешниҳоди лоиҳаи муштараки таъсиси лабораторияи минтақавии 5G ва Эъломияи муштарак оид ба таҳкими ҳамкорӣ дар самти табдили рақамии идоракунии давлатӣ ва рушди давлати рақамӣ пешниҳод мегарданд.
Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар Душанбе маркаи почтавӣ бахшида ба 35-солагии Иттиҳоди минтақавӣ дар соҳаи алоқа ба муомилот бароварда шуд
Дар Хоруғ оид ба ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ дар соҳаи энергетика мулоқот доир шуд
Намояндагони Бонки миллии Тоҷикистон дар конфронси байналмилалии Sibos 2026 иштирок доранд
Дар Душанбе ҳамоишҳои байналмилалӣ дар соҳаи алоқа оғоз гардиданд
Дар Муғулистон доир ба рушди савдо ва сайёҳӣ ҳамоиш баргузор гардид
Дар Душанбе Форуми минтақавии Иттиҳоди байналмилалии алоқа барои давлатҳои аъзои ИДМ оғоз гардид
Дар Душанбе оид ба нақши занони мақомоти гумрук дар таҳкими арзишҳои миллӣ ва хизмати давлатӣ ҳамоиш доир шуд
Дурнамои таҳкими ҳамкории Бонки миллии Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ дар Душанбе баррасӣ гардид
Раванди татбиқи лоиҳаи муштараки «Диёри Душанбе» дар Қатар баррасӣ карда шуд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии «Савдои фаромарзии бекоғаз ва ҳамгироии минтақавӣ» баргузор гардид
Дар ноҳияи Дарвоз бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ 11 иншоот ифтитоҳ гардид
Дар даврони соҳибистиқлолӣ ба рушди иҷтимоию иқтисодии Бадахшон беш аз 26 миллиард сомонӣ равона гардидааст






