Душанбе мизбони Форуми байналмилалии «Taj Tech – 2026» мегардад
ДУШАНБЕ, 14.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. 29-30 сентябри соли 2026 дар шаҳри Душанбе Форуми байналмилалии «Taj Tech – 2026» баргузор мегардад, ки майдони муҳими байналмилалӣ барои баррасии масъалаҳои трансформатсияи рақамӣ, зеҳни сунъӣ, инноватсия, рушди экосистемаи стартапҳо, инфрасохтори рақамӣ ва ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи технологияҳо хоҳад буд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Форуми байналмилалии «Taj Tech – 2026» дар заминаи татбиқи ташаббуси созандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия эълон гардидани солҳои 2025-2030 майдони муаррифии зарфияти миллӣ дар самти инноватсия ва технологияҳои рақамӣ, аз ҷумла равандҳои зеҳни сунъӣ арзёбӣ мегардад.
Интизор меравад, ки дар форум намояндагони мақомоти давлатӣ, созмонҳои байналмилалӣ, ширкатҳои пешсафи технологӣ, сармоягузорон, соҳибкорон, доираҳои илмӣ ва коршиносони шинохта аз кишварҳои гуногуни ҷаҳон иштирок намоянд.
АКС: Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон








Намояндаи Тоҷикистон дар ҳамоиши минтақавии Бонки осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ иштирок намуд
Дар Конибодом вазъи соҳаи кишоварзӣ ва рафти ҷамъоварии пахта баррасӣ шуд
ПАХТАПАРВАРӢ. Кишти дер, нархи пасти пахта ва норасоии техникаи муосир мушкилоти асосии соҳа маҳсуб мешаванд
Дар мавзуи «Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил: самтҳо ва дурнамои рушд» конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи идоракунии захираҳои об таҷрибаи якдигарро меомӯзанд
Дар Душанбе ҷаласаи 20-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор шуд
Дар Форуми ҷаҳонии сармоягузорӣ самтҳои афзалиятноки рушди иқтисоди Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Намояндагони Хадамоти гумруки Тоҷикистон таҷрибаи Нидерландияро дар истифодаи зеҳни сунъӣ омӯхтанд
Байни Хадамоти алоқа ва «Хуавей технологии Тоҷикистон» Ёддошти тафоҳум оид ба рушди технологияҳои 5G-A ва 6G ба имзо расид
Дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯриҳо баргузор шуданд
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона тақвият медиҳанд
Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум– 5G баргузор шуд






