Эмомалӣ Раҳмон: «Муассисаи таълимии №6-и шаҳри Хоруғ ба номи шодравон Алишери Мирзонабот гузошта шавад»
ДУШАНБЕ, 28.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ зимни мулоқот бо роҳбарону фаъолони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дастур доданд, ки Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 6-и шаҳри Хоруғ ба номи шодравон Алишери Мирзонабот гузошта шавад.
Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба падару модари шодравон Алишер Мирзонабот барои ба камол расонидани чунин фарзанди содиқу ватандӯст самимона изҳори миннатдорӣ намуданд.
27 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №6 барои 1048 хонандаро дар маҳаллаи ба номи Носири Хусрави шаҳри Хоруғ мавриди истифода қарор доданд.
Муассиса аз 20 синфхонаи таълимӣ, 10 утоқи корӣ, китобхонаи электронӣ ва якчанд ҳуҷраҳои ёрирасон иборат мебошад. Дар синфхонаҳои муассиса барои омӯзиши фанҳои гуногун, аз ҷумла математика, физика, химия, биология, технологияи иттилоотӣ ва забонҳои хориҷӣ заминаи зарурии моддию техникӣ фароҳам оварда шудааст. Ҳар кабинети фаннӣ бо назардошти хусусияти таълимӣ ва талаботи барномаи таълимӣ муҷаҳҳаз гардидааст. Муассиса ҳамчунин дорои ошхона бо 90 ҷойи нишаст, толори варзишӣ ва толори маҷлис бо 170 курсӣ мебошад.
Толори варзишӣ бо таҷҳизоти зарурӣ барои баргузории машғулияти гуногуни солимгардонӣ пешбинӣ шуда, ба хонандагон имконият медиҳад, ки дар шароити муносиб ба тарбияи ҷисмонӣ машғул шаванд ва маҳорати варзишиашонро такмил диҳанд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулин ва омӯзгорон дастур доданд, ки аз имконоти фароҳамшуда самаранок истифода карда, барои баланд бардоштани сатҳи донишомӯзии хонандагон, такмили маҳорати касбии омӯзгорон ва тарбияи насли наврас дар руҳияи худшиносии миллӣ, ватандӯстӣ ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ талоши бештар намоянд.
АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/АМИТ «Ховар»








ҲАМНАФАСИ МАРДУМ, ҲАМҚАДАМИ ТАЪРИХ. Андешае дар ҳошияи Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА ТАҲКИМИ ПОЯҲОИ РУШДИ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН. Дар ҳошияи таҷлили Рӯзи Президент
Бахшида ба Рӯзи Президент дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ ҳамоиш доир шуд
Барномаи «Низоми арзёбии донистани забони тоҷикӣ барои шаҳрвандони хориҷӣ» муаррифӣ гардид
Ҳаками озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» Шодӣ Раҷабзод: «Сатҳи омодагӣ, донишу маърифат ва ҷаҳонбинии довталабон сол то сол беҳтар мегардад»
Ба сохтмони бинои нави Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат санги асос гузошта шуд
«ИЛМ — ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». 59 иштирокчии даври ниҳоии озмун қадрдонӣ карда шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Беморхонаи байналмилалии Душанберо мавриди истифода қарор доданд
РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН — РӮЗИ АРҶГУЗОРӢ БА МЕЪМОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ ТОҶИКОН ДАР АРСАИ ҶАҲОНӢ. Андешаҳо дар ин маврид
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ҶДММ «Зари Душанбе»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии раёсати ВКД дар шаҳри Душанберо ифтитоҳ намуданд






