Филми «Пешво аз қалби мардум» дар байни тамошобинон маҳбубияти зиёд пайдо намуд

Сентябрь 7, 2026 10:21

ДУШАНБЕ, 07.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Филми мустанади «Пешво аз қалби мардум», ки аз ҷониби Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардидааст, тавассути шабакаҳои давлатии телевизионӣ ба намоиш гузошта шуда, дар байни тамошобинон маҳбубияти зиёд пайдо намуд.

Яке аз тамошобинони филм Раҷаб Сафаров иброз дошт, ки нахустнамоиши филми мустанади «Пешво аз қалби мардум» дар ҳаёти муосири мардуми тоҷик воқеан рӯйдоди муҳим ба ҳисоб меравад. Ба андешаи ӯ, филм бо мазмуну муҳтавои таъсирбахш дар зеҳну хотири тамошобин нақши амиқ гузошта, инсонро ба андешаю таҳлил водор менамояд.

«Драматургияи филм бо маҳорати баланд сохта шуда, ҳар унсури он бо дигар ҷузъҳо пайванди мантиқӣ дорад. Қаҳрамонон тавре сухан мегӯянд, ки ҳар андеша ба қалби тамошобин роҳ меёбад. Наворҳои хроникӣ гӯё дари гузаштаро боз намуда, тамошобинро ба он рӯзҳо мебаранд ва имкон медиҳанд, ки воқеаҳои таърихиро гӯё бо чашми худ мушоҳида намояд»,–гуфт Раҷаб Сафаров.

Ба андешаи ин тамошобин, мусиқӣ дар филм танҳо заминаи садоӣ набуда, ҳамчун ровии алоҳидаи қисса хизмат мекунад. Он гоҳе драматизми воқеаҳоро бештар намуда, гоҳе дар дили тамошобин ҳисси оромӣ ва умедро бедор месозад. Танзими наворҳо низ бо маҳорати баланд анҷом дода шуда, гузариш аз як саҳна ба саҳнаи дигар он қадар табиӣ ба амал омадааст, ки тамошобин онро эҳсос намекунад.

Раҷаб Сафаров иброз намуд, ки ҳамаи ин унсурҳо барои бозтоби идеяи асосии филм –нишон додани шахсияти гуногунҷанбаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун роҳбар ва инсон, ки дар яке аз марҳилаҳои тақдирсози таърихи мамлакат масъулияти сарнавишти як халқи томро бар дӯш гирифтанд, равона шудаанд.

Филм танҳо бозгӯйи таърихи навини мардуми тоҷик нест, балки тамошобинро водор месозад, ки ба рӯйдодҳои гузашта бо нигоҳи дигар назар андозад ва дар бораи воқеаҳои муҳимми таърихӣ андеша намояд. Барои насли наврас донистани он муҳим аст, ки таърихи навини Тоҷикистон пас аз пошхӯрии собиқ Иттиҳоди Шуравӣ дар чӣ гуна шароити ниҳоят душвор оғоз гардида, давлат кадом марҳилаҳои печидаю пуртазодро паси сар кардааст.

Дар ин марҳилаи сарнавиштсоз нақши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон махсус ва муайянкунанда арзёбӣ мегардад. Маҳз иродаи сиёсӣ, масъулиятшиносӣ ва омодагӣ барои ба зимма гирифтани масъулияти таърихӣ, инчунин қобилияти шунидану ба назар гирифтани андешаҳои гуногун дар роҳи хотима бахшидан ба хунрезӣ ва расидан ба сулҳу ваҳдати миллӣ нақши муҳим гузоштаанд.

Филми «Пешво аз қалби мардум» ин моҳиятро ба таври равшану таъсирбахш инъикос менамояд. Он нишон медиҳад, ки ҳатто дар душвортарин ва ториктарин марҳилаҳои таърихӣ миллат метавонад роҳи ваҳдату ҳамдигарфаҳмиро пайдо намояд ва роҳбарии оқилонаву дурандешона метавонад кишварро аз буҳрон берун оварда, ба сӯи сулҳу субот ва рушди устувор раҳнамун созад.

Ба андешаи Раҷаб Сафаров, барои насли наврас чунин асарҳо аҳамияти хос доранд, зеро онҳо ҳамчун хотираи зиндаи таърихӣ ба насли имрӯз мефаҳмонанд, ки сулҳу оромӣ ва давлатдории миллӣ бо чӣ қимате ба даст омадааст.

«Барои ман ворид гардидани мусоҳибаам ба нусхаи ниҳоии филм воқеан ифтихор ва шарафи бузург аст. Хеле хушҳол шудам, ки андешаҳои баёнкардаи ман ба таври табиӣ ба хати умумии ривояти филм пайваста, ба таҳкими идеяи асосии он мусоидат кардаанд», –иброз дошт Раҷаб Сафаров.

АКС: АМИТ «Ховар»

Сентябрь 7, 2026 10:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Данғара нақшаи ҷамъоварии пахта 100 фоиз иҷро гардид
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як қатор иншооти таъиноти гуногунро дар вилояти Суғд мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд тарабхонаи «Форел Платинум»-ро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи озоди иқтисодии Суғд корхонаи нӯшокиҳои ташнагишикани ҶДММ «Райан»-ро ба истифода доданд
Дар Академияи идоракунии давлатӣ оид ба нақши Конститутсия дар таъмини баробарии гендерӣ ҳамоиш доир шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №70-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич корхонаи коркарди меваю сабзавот ва истеҳсоли афшураи ҶДММ «Витаминҳои Тоҷикистон»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ дар шаҳри Истаравшан 12 иншоотро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истаравшан бинои маҷмааи миллии соҳибкории «Роҳи Абрешим»-ро мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон дар Иди картошка иштирок намуданд