«ХУШДОМАНИ БЕҲТАРИН». Ин озмуни ҷумҳуриявӣ бо мақсади таҳкими фарҳанги оиладорӣ баргузор мешавад

Сентябрь 14, 2026 15:23

ДУШАНБЕ, 14.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Соли сеюм аст, ки дар Тоҷикистон дар доираи «Барномаи давлатии рушди оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024-2028» бо ибтикори Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Озмуни ҷумҳуриявии «Хушдомани беҳтарин» гузаронида мешавад.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз ин кумита хабар доданд, ҳадафи баргузории озмун баланд бардоштани масъулияти оила дар таҳкими фарҳанги оиладорӣ ҳамчун арзиши муҳими иҷтимоию фарҳангӣ, боло бурдани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва рӯзгордории оилаҳо, солиму устувор ва пойдор нигоҳ доштани оилаҳо, коҳиш додани шумораи бекоршавии ақди никоҳ, баланд бардоштани масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи кӯдак, омода намудани ҷавонон ба ҳаёти мустақилона, ҳидояти онҳо ба нигоҳубин ва парастории волидайн мебошад.

Иттилоъ дода шуд, ки озмун дар се давр баргузор мегардад. Даври якум дар сатҳи ҷамоатҳо, деҳот ва маҳаллаҳо, даври дуюм дар шаҳру ноҳияҳо, даври сеюм дар вилоятҳо ва шаҳри Душанбе доир мешаванд. Дар айни замон даври дуюм дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат оғоз гардида, то 25 сентябр идома меёбад. Тибқи нақша, даври ниҳоии озмун охири моҳи сентябр ҷамъбаст гардида, хушдоманҳои беҳтарин бо Диплом, Сипоснома ва  туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда мешаванд.

Ғолибон аз рӯйи талабот ва меъёрҳои зерин муайян карда мешаванд:

– нақши хушдоман дар таҳкими муносибатҳои оилавӣ ва пойдории оила;

– муносибати хушдоман бо келин, домод, фарзандон ва дигар аъзои оила дар асоси эҳтиром, ҳамдигарфаҳмӣ ва меҳрубонӣ;

– саҳми хушдоман дар тарбия ва ташаккули шахсияти фарзандон ва набераҳо;

– нақши хушдоман дар пешгирии низоъҳои оилавӣ ва таҳкими муносибатҳои солими байни ҳамсарон;

– саҳми хушдоман дар ҳалли масъалаҳои оилавӣ тавассути маслиҳат, таҷриба ва муносибати нек;

– саҳми хушдоман дар сарфаю сариштакорӣ ва рӯзгордории оила;

– касбу ҳунаромӯзӣ ва истифодаи таҷрибаи ҳаётӣ дар тарбияи фарзандон ва набераҳо;

– саҳми хушдоман дар ободонии хона, кӯча, шаҳрак ва маҳалла;

– нақши хушдоман дар ҳифз ва эҳтироми арзишҳои фарҳанги миллӣ, анъана ва расму ойинҳои неки миллӣ;

– тарбияи фарзандон ва набераҳо дар руҳияи ватандӯстӣ, меҳанпарастӣ ва эҳтироми арзишҳои миллӣ;

– сафарбар намудани фарзандон ва набераҳо ба хизмати Ватан;

– иштироки фаъолонаи фарзандон ва набераҳо дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ, чорабиниҳои фарҳангӣ, варзишӣ ва корҳои ҷамъиятӣ;

– саҳми хушдоман дар нигоҳубин ва эҳтироми падару модар ва дигар аъзои калонсоли оила.

Воқеан ҳам оила дар фарҳанги миллии тоҷикон мақоми хос дошта, муҳити асосии ташаккули арзишҳои инсонӣ, тарбияи фарзанд ва идомаи наслҳо ба шумор меравад. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста дар суханрониҳо дар мавриди пойдории оила таъкид медоранд, ки падару модарон бояд дар масъалаи таълиму тарбияи фарзанд ва рушди оила масъулиятнок бошанд. Тавре Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд, «оила дар фарҳанги мардуми куҳанбунёди тоҷик ҳамчун ниҳоди муқаддас эътироф гардидааст, зеро беҳтарин арзишҳои инсонӣ, аз қабили муҳаббату садоқат, самимияту вафодорӣ ва ҳамдигарфаҳмиву таҳаммулгароӣ маҳз дар оила ташаккул меёбанд»

Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Сентябрь 14, 2026 15:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Форуми илмии байналмилалии «Илмҳои геологии Осиёи Марказӣ – 2026» доир гардид
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Кадом қонуншиканиҳо метавонанд боиси ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия гарданд?
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Рашт ба 80 оилаи ниёзманд ангишт кумак карда шуд
Дар ноҳияи Файзобод китобхона, кӯдакистон ва синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуданд
Нақшаи буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар вилояти Суғд беш аз 100 фоиз иҷро гардид
ИМРӮЗ–РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА. Беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии бабри барфӣ дар Хоруғ конфронси илмӣ-амалӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Доғи судӣ чӣ гуна метавонад монеаи гирифтани патент дар Федератсияи Русия гардад?
Оид ба идоракунии инноватсионии давлатӣ дар шароити трансформатсияи иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Самарқанд Саммити ҷаҳонӣ доир ба некӯаҳволии кӯдакон баргузор гардид