ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН ТО АБАД УСТУВОРУ ПОЯНДА БОШАД! Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ДУШАНБЕ, 03.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз мо дар арафаи таҷлили 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорем. Истиқлолият барои мо неъмати азизтарини зиндагӣ ва сарвати муқаддастарине мебошад, ки аз баракати он имрӯз ҳар фарди Тоҷикистон дар Ватани озод ҳаёти орому осуда ва шароиту имконияти фаъолияти созандаву ободгарона дорад. Дар робита ба ин ҷашни бузурги миллӣ тавсифҳои истиқлолиятро аз суханҳои пурарзиши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳоди хонандагон менамоем.
–Миллати сарбаланди тоҷик давоми таърихи чандинҳазорсолаи хеш истиқлолиятро борҳо бохтаву аз давлатдории аҷдодӣ барканор монда бошад ҳам, онро аз рӯйи заковати фитрӣ ва хираду фарҳанги азалӣ бо талошу муборизаҳои ошкору ниҳон дубора ба даст овардааст. На теғи шамшери Искандари Макдунӣ, на тозиёнаи хунрези Ибни Қутайба, на қатли оми Чингизхон, на манораҳое, ки дигарон аз сари тоҷикон сохтанд, азму иродаи истиқлолхоҳӣ, давлату давлатдорӣ ва рисолати пояндаи фарҳангии ачдоди моро шикаста натавонист.
***
Яке аз музаффарияти бузурги даврони истиқлолият ноил гаштан ба ваҳдати миллӣ мебошад. Маҳз ваҳдати миллӣ ба мо имкон дод, ки то имрӯз корҳои бузургеро ба анҷом расонем. Аслан, истиқлолият ва ваҳдат мафҳумҳои муродиф мебошанд. Танҳо дар мавриди пойдории ваҳдати комил истиқлолияти Ватан таҳким меёбад ва побарҷо мемонад. Ҳифзу таҳкими истиқлолият ҳамчун замина барои такомули ваҳдати миллӣ ва дӯстиву бародарии тамоми сокинони Ватани азизамон хизмат менамояд.
***
Дар солҳои истиқлоли давлатӣ рушди соҳаҳои иҷтимоӣ аз ҷумлаи самтҳои афзалиятнок эълон гардида, ҳама захираву имконот ба боз ҳам баланд бардоштани сатҳи дониш ва маърифатнокиву саводнокии мардум, ҳифзи саломатии аҳолӣ ва зина ба зина беҳтар гардонидани сатҳу сифати зиндагии сокинони кишвар равона карда шуданд.
***
Бигзор, истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамеша пойдор ва мардуми шарафманди Тоҷикистон то абад сарбаланду сарфароз бошанд!
***
Бигзор, истиқлолу озодӣ дар дили ҳар фарзанди бонангу номуси Тоҷикистон оташи меҳру муҳаббат ба сарзамини ниёгон ва сарҷамъиву иттиҳодро доим фурӯзон нигоҳ дорад!
***
Дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон инфрасохтори энергетикии кишвар куллан тағйир ёфта, бо татбиқи якчанд лоиҳаи сармоягузорӣ имконият фароҳам гардид, ки дар кишвар низоми ягонаи энергетикӣ таъсис дода, бо барқ таъмин намудани соҳаҳои иқтисоди миллӣ ва аҳолӣ пурра аз истеҳсолкунандагони дохилӣ ба роҳ монда шавад.
***
Бо шарофати истиқлол иқтисоди миллии мо тадриҷан рушд карда, даҳҳо барномаҳои давлатӣ ва иҷтимоиву иқтисодӣ амалӣ гардиданд.
***
Дар даврони соҳибистиқлолӣ ҳазорҳо километр роҳҳои байналмилаливу дохилӣ, неругоҳҳои барқи обӣ, хатҳои интиқоли барқ, зеристгоҳҳо, корхонаҳои саноатӣ ва муассисаҳои таълимиву тандурустӣ бунёду таҷдид карда шуданд.
***
Мо бояд дар ҳама ҳолат сарҷамъу муттаҳид, ҳушёру зирак ва барои ҳимояи манфиатҳои милливу давлатии худ омода бошем, истиқлолу озодиро ҳамчун неъмати муқаддастарини ҳаётамон ва ваҳдати миллиро чун дастоварди бузургтарини халқамон эҳтиёт ва ҳифз намоем.
***
Орзуманди он ҳастам, ки Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон то абад устувору поянда бошад!
Таҳияи Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»








Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №70-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич корхонаи коркарди меваю сабзавот ва истеҳсоли афшураи ҶДММ «Витаминҳои Тоҷикистон»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ дар шаҳри Истаравшан 12 иншоотро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истаравшан бинои маҷмааи миллии соҳибкории «Роҳи Абрешим»-ро мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон дар Иди картошка иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон барои бунёди 2 корхона санги асос гузоштанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон муассисаи таълимии хусусии литсейи «Идрок»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ дар ноҳияҳои Шаҳристон ва Айнӣ 9 иншоотро мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии «Ғунчаи баҳор»-ро ба истифода доданд
КОНСТИТУТСИЯ ҲАМЧУН КАФИЛИ РУШДИ ҲАМКОРИИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ТОҶИКИСТОН. Мулоҳизаҳо дар ин маврид
НАҚШИ КОНСТИТУТСИЯ ДАР ДАВЛАТДОРИИ МУОСИР. Андешаҳои вакили Маҷлиси намояндагон дар ин маврид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як иншоот дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва 13 иншоот дар шаҳри Конибодомро мавриди истифода қарор доданд






