Кормандони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохторҳои тобеи он бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардиданд

Сентябрь 8, 2026 18:00

ДУШАНБЕ, 08.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар бинои Ҳукумати мамлакат маросими супоридани мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Дар маросим бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сарфарозгардонии кормандони соҳаҳои илму фарҳанг, тандурустӣ, истеҳсоли мол ва хизматрасониҳо, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, дигар хизматчиёни давлатӣ ва соҳибкорон бо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» як қатор кормандони воҳидҳои сохторӣ ва сохторҳои тобеи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо медали «Хизмати шоиста», медали ҷашнии «35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардиданд.

Ҳамчунин бо Фармоиши Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сарфароз гардонидани кормандони воҳидҳои сохторӣ ва сохторҳои тобеи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба як гурӯҳ кормандони воҳидҳои сохторӣ ва сохторҳои тобеи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар фаъолияти хеш дастовардҳои арзанда доранд, «Ифтихорнома» ва «Раҳматнома»-и Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдим карда шуд.

 

АКС: АМИТ «Ховар»

Сентябрь 8, 2026 18:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
Форуми илмии байналмилалии «Илмҳои геологии Осиёи Марказӣ – 2026» доир гардид
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон оғоз гардид
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ноҳияи Ёвон гузаргоҳҳо ва роҳҳои пиёдагард таъмиру навсозӣ мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Кадом қонуншиканиҳо метавонанд боиси ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия гарданд?
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Рашт ба 80 оилаи ниёзманд ангишт кумак карда шуд
Дар ноҳияи Файзобод китобхона, кӯдакистон ва синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуданд
Дар вилояти Суғд беш аз 15 ҳазор иншоот бунёд гардидааст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Нақшаи буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар вилояти Суғд беш аз 100 фоиз иҷро гардид
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони бинои нави муассисаи таълимӣ идома дорад