Муҳаммадризо Маҷидӣ: «Фарҳанг чун яке аз пояҳои муколама ва ҳамдигарфаҳмӣ байни мардуми Осиё хизмат менамояд»

Сентябрь 25, 2026 17:22

ДУШАНБЕ, 25.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Осиё қораи тамаддуни бузург, забонҳои бостонӣ, фарҳангҳои гуногун ва роҳҳои таърихии муколама байни халқҳо аст. Чунин иброз намуд имрӯз зимни баргузории ҷаласаи Кумитаи доимии Ассамблеяи парламентии Осиё оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ ва фарҳангӣ Котиби генералии Ассамблеяи парламентии Осиё Муҳаммадризо Маҷидӣ.

Муҳаммадризо Маҷидӣ иброз дошт, ки барои Ассамблеяи парлумонии Осиё фарҳанг на танҳо масъалаи мерос аст, балки он метавонад ҳамчун яке аз пояҳои муколама, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамкорӣ байни мардуми Осиё хизмат кунад.

«Зимни ҷаласаи пленарии ахири Ассамблеяи парлумонии Осиё дар шаҳри Манамаи Шоҳигарии Баҳрайн пешниҳод оид ба эълони даҳсолаи муколамаи фарҳангӣ дар Осиё қабул гардид. Ба Котибот супориш дода шуд, ки дар ҳамкории зич бо парлумонҳои кишварҳои аъзои Ассамблея корҳои омодагиро барои амалисозии ин ташаббус анҷом дода, натиҷаи онро ба ҷаласаи навбатӣ пешниҳод намояд»,- афзуд Муҳаммадризо Маҷидӣ.

Котиби генералии Ассамблеяи парламентии Осиё таъкид кард, ки сулҳ танҳо набудани ҷанг нест, балки сулҳ фарҳанг аст. Фарҳанги гуфтугӯ, фарҳанги эҳтиром ба дигарон, фарҳанги гӯш додан пеш аз доварӣ кардан, фарҳанги пазируфтани тафовутҳо ва ҷустуҷӯи роҳҳои ҳал тавассути ҳамкорӣ.

Ворид кардани мафҳуми «фарҳанги об» ба ин нишаст метавонад моро аз доираи идоракунии захираҳои табиӣ берун бурда, ба сӯи баҳси васеътар оид ба фарҳанги масъулиятпазирӣ, фарҳанги истеъмол, фарҳанги ҳифзи захираҳо ва фарҳанги ҳамкорӣ раҳнамун созад.
Муҳаммадризо Маҷидӣ изҳори итминон намуд, ки Котибот бо истифода аз назарҳо, тавсияҳо ва саҳмгузориҳои арзишманд имкони омода кардани пешниҳодҳо ва ҳуҷҷатҳои заруриро барои баррасӣ аз ҷониби мақомоти салоҳиятдори Ассамблеяи парлумонии Осиё (APA) — аз ҷумла дар ҷаласаи навбатии пленарии он пайдо хоҳад кард.

АКС: АМИТ «Ховар»

Сентябрь 25, 2026 17:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Файзалӣ Идизода бо Аҳмад бин Муҳаммад Ал-Ҷарвон ба таври маҷозӣ вохӯрӣ намуд
Рустами Эмомалӣ аз шаҳри Тошканд ба шаҳри Бухоро ташриф оварданд
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев Рустами Эмомалиро бо ордени «Барои хизмати фидокорона» сарфароз гардониданд
Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ аз Маркази тамаддуни исломӣ дар шаҳри Тошканд боздид намуданд
Рустами Эмомалӣ бо Раиси Сенати Олий Мажлиси Ҷумҳурии Узбекистон Танзила Нарбаева мулоқот намуданд
Рустами Эмомалӣ дар Тошканд бо Нақшаи генералии лоиҳаи шаҳрсозии «Тошканди нав» шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ дар назди муҷассамаи Истиқлолият дар боғи «Узбекистони Нав» гулчанбар гузоштанд
Сафари расмии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ ба Ҷумҳурии Узбекистон
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Доир ба рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия дар Тоҷикистон ҳамоиш баргузор гардид