Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба теннис барои дарёфти «Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» оғоз гардид

Сентябрь 8, 2026 09:14

ДУШАНБЕ, 08.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. 7 сентябр дар шаҳри Душанбе бахшида ба ҷашни 35–солагии Истиқлоли давлатӣ мусобиқаи байналмилалӣ оид ба теннис барои дарёфти «Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» оғоз гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Мусобиқа аз 7 то 12 сентябр идома ёфта, дар он намояндагони Тоҷикистон, Узбекистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Корея, Ҳиндустон, Малайзия, Чехия, Беларус, Федератсияи Русия, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Ҷумҳурии Исломии Эрон иштирок доранд.

Зимни ифтитоҳи мусобиқа муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ иброз намуд, ки рушди арзиши касбӣ ва оммавӣ, фароҳам овардани шароити мусоид барои машқу тамрини варзишгарон ва иштироки онҳо дар мусобиқаҳои байналмилалӣ яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлатии соҳаи варзиш ба ҳисоб меравад.

Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба теннис барои дарёфти «Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» яке аз чорабиниҳои муҳими варзишӣ буда, барои таҳкими мавқеи теннис дар мамлакат, баланд бардоштани маҳорати варзишгарон, ҷалби наврасону ҷавонон ба ин навъи варзиш ва дастгирии истеъдодҳои ҷавон аҳамияти муҳим дорад.

Дар доираи он теннисбозон барои ба даст овардани унвони ғолиб ва «Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» рақобат менамоянд. Баргузории ин мусобиқаи байналмилалӣ баёнгари таваҷҷуҳи пайваста ба рушди соҳаи варзиш ва тақвияти ҳамкории байналмилалии варзишӣ мебошад.

АКС: Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сентябрь 8, 2026 09:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ баргузор гардид
Дар вилояти Суғд ғолибони мусобиқаи вилоятӣ муайян гардиданд
Дастаи мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон тими Амороти Муттаҳидаи Арабиро мағлуб намуд
Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба камонварӣ ҷамъбаст гардид
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба садгонаи беҳтаринҳои раддабандии ФИФА ворид шуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бо дастаи яккачини Русия бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Маросими гусели ҳайати дастаи мунтахаби паралимпии мамлакат ба Бозиҳои V Параосиёӣ баргузор гардид
Иштирокдорони Бозиҳои 20-уми Осиёӣ—2026-ро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе истиқбол гирифтанд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар бозии дӯстона бар тими миллии Чин пирӯз шуд
Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол бо дастаи мунтахаби Чин бозии дӯстона анҷом медиҳад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон (U-17) бо тими Урдун мусовӣ бозӣ кард
Дар Сафорати Тоҷикистон дар Салтанати Умон бо дастаи мунтахаби олимпии футболи Тоҷикистон вохӯрӣ доир шуд