Оид ба таъсиси Фонди минтақавии рушди фазои рақамии соҳибихтиёрӣ дар Тоҷикистон Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ДУШАНБЕ, 30.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. 29 сентябр дар доираи ҳамоишҳои байналмилалӣ дар соҳаи алоқа, рақамикунонӣ ва технологияҳои иттилоотӣ байни Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди минтақавии соҳаи алоқа Ёддошти тафоҳум ба имзо расид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз ин хадамот хабар доданд.
Ёддошт ба рушди ҳамкории минтақавӣ дар самти рушди рақамӣ, технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ, инфрасохтори рақамӣ ва амнияти иттилоотӣ равона шудааст. Тибқи ин санад ҷонибҳо масъалаи имкони таъсиси Фонди минтақавии рушди фазои рақамии соҳибихтиёрӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро баррасӣ намуданд. Ҳамзамон барои таҳкими ҳамкорӣ дар самти рушди рақамӣ ва технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ тадбирҳои муштарак муҳим арзёбӣ гардиданд.
Интизор меравад, ки фонд ҳамчун платформаи минтақавӣ барои рушди ҳамкорӣ, табодули таҷриба ва татбиқи ташаббусҳою лоиҳаҳои муштарак дар самти рушди рақамӣ, технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ ва дигар самтҳои мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо хизмат намояд.
Таъкид гардид, ки баимзорасии ин санад барои таҳкими ҳамкории минтақавӣ ва рушди минбаъдаи соҳаи алоқа ва технологияҳои рақамӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.
Ёдовар мешавем, ки ҳамоишҳои байналмилалӣ дар соҳаи алоқа, рақамикунонӣ ва технологияҳои иттилоотӣ 29 сентябр дар шаҳри Душанбе оғоз гардида, имрӯз, 30 сентябр идома меёбанд.
АКС: Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯриҳо баргузор шуданд
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона тақвият медиҳанд
Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум– 5G баргузор шуд
СТРАТЕГИЯИ РУШДИ ИҚТИСОДИ «САБЗ». Дар доираи амали он беш аз 500 ҳазор ҳисобкунаки электронии барқ насб гардидааст
Ҷаласаи навбатии Шурои ҷамъиятиву машваратӣ доир ба фаъолияти гумрукӣ баргузор шуд
Кишоварзони Ваҳдат имсол ҳаҷми умумии маҳсулотро ба беш аз 1 миллиарду 689 миллион сомонӣ расониданд
Дар Душанбе Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум–5G баргузор мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи 48-уми Шурои маъмурии Ташкилоти патентии Авруосиё доир шуд
Ҷаласаи 20 – уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ҷамъоварии ҳосил ва кишти тирамоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон истеҳсоли моҳӣ беш аз 5 фоиз зиёд шудааст
ЗАНБӮРИАСАЛПАРВАРӢ. Занбӯрҳо гардолудкунандаи асосии растаниҳо ва дарахтони мевадор мебошанд






