ПИРЯХШИНОСӢ ДАР 35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛ. Оид ба марҳилаҳои эҳё, рушд ва пешсафии ин соҳа дар арсаи ҷаҳон
ДУШАНБЕ, 12.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2026 дар таърихи давлатдории навини Тоҷикистон чун солномаи фараҳбахши 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сабт хоҳад шуд. Ин давра барои арҷгузорӣ ба таҳкими сулҳу ваҳдат ва ноил гардидан ба дастовардҳои бузург дар соҳаҳои гуногуни илм, маориф, иқтисод ва фарҳанг махсус мебошад. Дар ин замина соли 2026 Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба Институти омӯзиши пиряхҳо ва криосфераи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон табдил дода шуд.
Ходими пешбари илмии Институти омӯзиши пиряхҳо ва криосфераи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академики Академияи байналмилалии илмҳои экология ва бехатарии ҳаёт Абдулҳамид Қаюмов оид ба таъсис ва дастовардҳои Маркази омӯзиши пиряхҳо дар давраи истиқлолият ибрози назар намуд.
Қадами устувор дар самти институтсионализатсияи пиряхшиносии миллӣ
Яке аз муҳимтарин дастоварди Маркази омӯзиши пиряхҳо таъсиси он ҳамчун муассисаи мустақили илмӣ дар соли 2018 мебошад. Ин воқеа на танҳо ифодакунандаи эътирофи зарурати омӯзиши системавии пиряхҳо дар сатҳи давлатӣ буд, балки заминаи институтсионалиро барои рушди минбаъдаи ин самти муҳим фароҳам овард. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 марти соли 2018 ва Қарори Раёсати Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 апрели соли 2018 ҳамчун асноди асосии таъсисёбии ин ниҳод ба он мақоми расмии давлатӣ бахшиданд. Ин тадбир дар заминаи афзоиши таваҷҷуҳи ҷаҳонӣ ба масъалаи пиряхҳо ва тағйирёбии иқлим, ки минтақаи Осиёи Марказӣ аз ҳассостарин минтақаҳои ҷаҳон ба шумор меравад, қадами саривақтӣ ва стратегӣ буд.
Марказ тавонист сохтори илмии худро такмил диҳад ва мактаби пиряхшиносии тоҷикро таъсис диҳад, ки ин ҳувияти миллӣ ва худшиносии илмии миллатро дар сатҳи ҷаҳонӣ баланд мебардорад. Дар ин замина, ташкили магистратура, докторӣ (PhD) ва аспирантура оид ба пиряхшиносӣ барои тарбияи мутахассисони ҷавон ва баланд бардоштани салоҳияти кадрии соҳа аҳаммияти стратегӣ дорад. Ин амал ба таври назаррас ба рушди устувори илми пиряхшиносӣ дар Тоҷикистон мусоидат намуда, кафолати давомнокии таҳқиқотро дар оянда таъмин менамояд. Илова бар ин, гузаштани марказ аз аккредитатсияи давлатӣ барои пешбурди фаъолияти илмӣ сифати кори илмии онро дар сатҳи меъёрҳои давлатӣ таъмин намуда, ба эътимоднокии натиҷаҳои илмӣ афзуд.
Фаъолияти экспедитсионӣ-таҳқиқотӣ ва тавсеаи доираи мушоҳидаҳо дар баландкӯҳҳо
Шуруъ аз соли 2018 аз ҷониби мутахассисони марказ 62 экспедитсияи илмӣ-таҳқиқотӣ дар минтақаҳои баландкӯҳи ҷумҳурӣ гузаронида шуд. Бо назардошти шароити душвори табиӣ-иқлимии минтақаҳои баландкӯҳ, ки баландии онҳо аз 3500 то 6000 метр аз сатҳи баҳр аст, гузаронидани чунин миқдори экспедитсияҳо нишондиҳандаи сатҳи баланди тайёрии техникӣ ва кадрии марказ мебошад.
Дар ин муддат пойгоҳҳои глясиологии марказ дар баландиҳои гуногун ташкил карда шуда, имкони гузаронидани мушоҳидаҳои мунтазам ва дарозмуддатро дар шароити гуногуни баландкӯҳ фароҳам оварданд. Ин истгоҳҳо ҳамчун пойгоҳҳои асосии ҷамъоварии маълумоти гидрологӣ, глясиологӣ ва метеорологӣ хизмат мекунанд.
Аз ҷумла, дар натиҷаи гузаронидани як силсила экспедитсияҳои илмӣ-таҳқиқотӣ намунаҳои ях, барф ва обҳои ҷоришаванда барои ташхис ба лабораторияи изотопии марказ дастрас карда шуданд. Ин амалҳо барои муайян кардани тавозуни пиряхҳо, мониторинги қабати барф ва гидрологияи пиряхҳо, ки дар доираи усулҳои зондиронии фосилавӣ ва системаи мониторинги маҳворагӣ ба роҳ монда шудааст, заминаи устувори илмӣ фароҳам оварданд.
Ҳамкории байналмилалӣ ва ҷойгиршавӣ дар сохторҳои илмии ҷаҳонӣ
Яке аз ҷанбаҳои муҳими фаъолияти марказ ҳамгироии фаъолонаи он бо созмонҳои пешбари ҷаҳонӣ дар соҳаи омӯзиши пиряхҳо ва криосфера мебошад. Дохил шудани марказ ба Созмони ҷаҳонии обуҳавошиносӣ (ВМО, Женева) дар бахши криосфера ва гидрология нишони баланди эътирофи ҷаҳонии сатҳи илмии муассисаи тоҷик мебошад. Ин узвият ба марказ имкон дод, ки дар муҳимтарин барномаҳо ва стратегияҳои ҷаҳонии омӯзиши пиряхҳо, аз ҷумла Стратегияи Созмони ҷаҳонии обуҳавошиносӣ барои солҳои 2022-2030 оид ба омӯзиши пиряхҳо ва захираи барф дар кӯҳсор саҳми фаъолона гузорад.
Илова бар ин, марказ ба Системаи ҷаҳонии мониторинги пиряхҳо дохил шуд. Ин ба марказ имкон дод, ки ба шабакаи ҷаҳонии мониторинги пиряхҳо пайваст шуда, маълумоти натиҷавии худро бо дигар давлатҳо мубодила намояд ва аз таҷрибаи пешрафтаи ҷаҳонӣ истифода барад. Дар ин замина, ташкили лаборатория оид ба омӯзиши изотопҳои пиряхҳо ва қабати барф бо дастгирии Агентии байналмилалии энергияи атомӣ ва табдили он ба лабораторияи омӯзиши изотоп ва радиоизотопии минтақаи Осиёи Марказӣ нишони назарраси ҳамкории судманди байналмилалӣ мебошад.
Бо дастгирии Агентии байналмилалии энергияи атомӣ марказ дорои дастгоҳҳои нодири замонавӣ -хромотографи ионий ва дастгоҳи лазерии Пикарро шуд, ки ба воситаи онҳо изотопҳо ва ионҳои пиряхҳо, қабати барф ва обҳое, ки аз онҳо сарчашма мегиранд, муайян карда мешаванд. Ин дастгоҳҳои иноватсионӣ ва баландтехнологӣ ба марказ имкон доданд, ки таҳқиқоти изотопии худро ба сатҳи сифатан нав бардорад ва ба маркази минтақавии таҳқиқоти изотопӣ дар Осиёи Марказӣ табдил ёбад.
Нашрияҳои илмӣ ва мероси хаттии пиряхшиносӣ
Дар давраи фаъолият Маркази омӯзиши пиряхҳо зиёда аз 200 мақола ва адабиёти илмӣ нашр намуд. Ин нишондиҳанда аз фаъолияти пурсамари илмии кормандони марказ ва саҳми назарраси онҳо дар нашри дониши пиряхшиносӣ шаҳодат медиҳад. Дар байни ин нашрияҳо маҷаллаи илмӣ-назариявии «Криосфера»-и марказ ҳамчун платформаи асосии нашри натиҷаҳои илмии пиряхшиносони тоҷик ва хориҷӣ хизмат мекунад.
Нашри расмии «Пиряхҳо, истилоҳот ва тавзеҳот (ГОСТ)» ва «Феҳристи истилоҳоти пиряхшиносӣ» аз ҷумлаи нашрияҳои муҳиме мебошанд, ки ба стандартикунонии забони илмии пиряхшиносӣ дар Тоҷикистон мусоидат намуданд. Ин китобҳо барои муҳаққиқон, мутахассисон ва донишҷӯёни соҳа ҳамчун сарчашмаи асосии истилоҳот ва таърифот хизмат мекунанд. Илова бар ин, нашри маҷмуаи «Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба масъалаи ҳифзи пиряхҳо дар раванди тағйирёбии иқлим» ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ на танҳо аҳаммияти сиёсӣ-фарҳангии масъалаи пиряхҳоро дар сатҳи давлатӣ таъкид менамояд, балки ҳамчун манбаи эътимодбахши таърихӣ-сиёсӣ барои муҳаққиқон ва сиёсатмадорон хизмат мекунад.
Яке аз дастовардҳои бузурги илмии марказ омода намудани Каталоги пиряхҳо иборат аз 12 ҷилд мебошад, ки ҳоло дар марҳилаи верификатсия ва картография қарор доранд. Ин каталог, ки дар асоси зиёда аз 60 экспедитсияи илмӣ ва маълумоти моҳворагӣ омода шудааст, ҳамчун сарчашмаи беназири маълумот дар бораи пиряхҳои Тоҷикистон хизмат хоҳад намуд. Каталог-Атласи маҷмаавии пиряхҳои ҳавзаи Тоҷикистон омода шудааст, ки яке аз бузургтарин пиряхҳои кӯҳии ҷаҳонро дар бар мегирад. Каталог-Атласи пиряхи Тоҷикистон омода шуда, дар сомонаи марказ ҷой дода шуда буд. Каталог-Атласи пиряхҳои ҳавзаҳои Кофарниҳон ва Зарафшон низ ба чоп омода шудааст. Ин атласҳо ва харитаҳо барои омӯзиши системавии пиряхҳо, банақшагирии истифодаи об ва пешгирии хатарҳои табиӣ, аз қабили кӯлҳои пиряхӣ аҳаммияти бузург доранд.
Таҳияи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ ва стратегӣ
Маркази омӯзиши пиряхҳо дар таҳия ва тасдиқи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ ва стратегии марбут ба ҳифзи пиряхҳо нақши бориз дошт. Яке аз муҳимтарин дастовардҳо дар ин самт таҳия ва пешниҳоди Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи пиряхҳо» ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Ин қонун, ки 3 январи соли 2024 бо имзои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуд, ҳамчун яке аз аввалин қонунҳои махсус дар бораи ҳифзи пиряхҳо дар минтақа ва ҷаҳон аҳаммияти таърихӣ дорад. Қабули ин қонун ба марказ имкон дод, ки фаъолияти худро дар чаҳорчӯби ҳуқуқӣ-меъёрии муайян пеш барад ва ҳамкории байниидоравиро дар самти ҳифзи пиряхҳо танзим намояд.
Дар доираи омодагӣ ба «Соли 2025 — Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» марказ Консепсияи гузаронидани чорабиниҳои илмӣ-амалӣ, нақшаи чорабиниҳо ва барномаи гузаронидани корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва экспедитсиониро таҳия намуд. Ин ҳуҷҷатҳо, ки бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон омода шудаанд, барои ташкили самараноки чорабиниҳо дар доираи соли байналмилалӣ заминаи устувор фароҳам оварданд. Илова бар ин, марказ дар иҷрои «Барномаи давлатӣ оид ба омӯзиш ва ҳифзи пиряхҳои Тоҷикистон барои солҳои 2010-2030» фаъолона иштирок намуда, солҳои 2023 ва 2024 ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисобот пешниҳод намуд. Ин ҳисобот натиҷаҳои марҳилаи аввали барнома (2023-2026)-ро дар бар гирифта, барои банақшагирии марҳилаҳои оянда (2027-2030) заминаи илмӣ фароҳам оварданд.
Усулҳои моделиронӣ ва инноватсионӣ: пешрафти технологӣ дар пиряхшиносӣ
Маркази омӯзиши пиряхҳо дар самти амалӣ намудани усулҳои моделиронӣ ва инноватсионӣ, ки аввалин маротиба дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода шудаанд, ба дастовардҳои назаррасе ноил гардид. Истифодаи ҳавопаймоҳои бесарнишин (дронҳо) барои омӯзиши пиряхҳо ва барномаи AgiSoft Metashape барои коркарди аксҳои онҳо бо дақиқияти баланд имкон доданд, ки тасвирҳои муфассали сатҳи пиряхҳо ба даст оварда шаванд. Барномаи RAMMS барои моделсозии кӯлҳои пиряхии рахнашаванда, ки яке аз хатарҳои асосии табиӣ дар минтақаҳои кӯҳӣ мебошад, ба кор андохта шуд.
Дар самти моделсозии эҳтимоли рахнашавӣ ва кандашавии ҳавзаҳои пиряхҳо марказ усулҳои нав таҳия намуд, ки ба пешгирии офатҳои табиӣ мусоидат мекунанд. Барномаи махсуси IML, ки ба воситаи он ба таври автоматӣ кӯлҳои пиряхӣ муайян карда мешаванд ва барномаи ModSnow барои назорати хати барф дар тамоми минтақаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо воситаи аксҳои кайҳонӣ, аз ҷумлаи инноватсияҳои муҳиме мебошанд, ки ба мониторинги фосилавии пиряхҳо ва барфҳо имконият медиҳанд.
Моделсозии эҳтимоли ҳаракати пиряхҳо ва сохторҳои таркибҳои геологии наздипиряхӣ, ки бо истифода аз барномаи SMB барои моделсозии мувозинати ҳаҷми пиряхҳо ва навсозии бисёрсола анҷом дода мешавад, барои пешгӯии тағйироти пиряхҳо дар оянда аҳаммияти бузург дорад. Барномаи InSAR барои муайян намудани ҳаракати геологии замин, ки дар асоси коркарди аксҳои радарии моҳворагӣ ба роҳ монда шудааст, ба марказ имкон дод, ки ҳаракатҳои геологии наздипиряхиро бо дақиқияти баланд назорат намояд.
Дар самти омӯзиши қабати барф ва обнокии дарёҳо марказ усулҳои инноватсионии моделсозиро ба роҳ монд, ки барномаҳои SRM ва MODSNOW-ро дар бар мегиранд. Барномаҳои инноватсионии ArcGIS, QGIS, ENVI, Snap Tutorial, AgiSoft Metashape пурра аз худ карда шуда, аз ҷониби кормандон дар кори ҳаррӯза истифода мешаванд. Ин усулҳо ба марказ имкон доданд, ки таҳқиқоти фосилавии пиряхҳо, барфҳо ва гидрологияи онҳоро ба сатҳи баландтарин бардорад ва натиҷаҳои боэътимоди илмӣ ба даст орад.
Фаъолияти таблиғотӣ ва фарҳангӣ: тавсеаи дониши пиряхшиносӣ дар ҷомеа
Маркази омӯзиши пиряхҳо дар самти таблиғи сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нашри маводи илмӣ-оммавӣ оид ба пиряхшиносӣ фаъолияти васеъ анҷом дод. Таъсиси сомонаи марказ шаҳодати таваҷҷуҳи баланди ҷомеа ба масъалаи пиряхҳо ва фаъолияти илмии марказ мебошад.
Дар доираи ташаббусҳои марбут ба соли 2025 ҳамчун «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» марказ 4 филми мустанади телевизионӣ таҳия ва пахш намуд. Якҷоя бо газетаи «Омӯзгор» Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-кишвари пиряҳо» гузаронида шуд, ки ғолибон бо мукофотҳои пулӣ ва Ифтихорнома сарфароз гардонида шуданд. Таъсиси Созмони «Занони пиряхшинос»-и марказ ва баргузории анҷумани занони пиряхшинос, ки ба тариқи доимӣ бо мактаббачагон вохӯрӣ, викторина, озмунҳо ва дарсҳои кушод мегузаронанд, барои ҷалби занон ва ҷавонон ба соҳаи илми пиряхшиносӣ ва баланд бардоштани сатҳи дониши онҳо дар ин самт мусоидат намуд.
Танҳо соли 2023 зиёда аз 100 вохӯрӣ, баромад дар телевизион ва радио ва инчунин як силсила мақолаҳо дар рӯзномаҳо чоп гардиданд.
Таъсиси намоишгоҳи доимамалкунанда дар толори Осорхонаи миллии Тоҷикистон оид ба пиряхҳои Тоҷикистон, ки ба соли 2025 — Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо бахшида шудааст, барои шиносоии васеи ҷомеа бо масъалаи пиряхҳо ва зарурати ҳифзи онҳо замина фароҳам овард.
Иштироки кормандони марказ дар ҷамъомадҳои пленарӣ ва сессияҳои параллелии «Саҳми занон дар омӯзиши пиряхҳо» ва «Саҳми ҷавонон дар омӯзиши пиряхҳо» дар доираи Конфронси сатҳи баланд доир ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор солҳои 2018-2028» ба муаррифии саҳми Тоҷикистон дар омӯзиши пиряхҳо ва ҳалли масъалаҳои обию иқлимӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ мусоидат намуд. Инчунин нашри маводи таълимӣ-бозии «Сандуқчаи иқлимӣ» барои мактаббачагон тибқи мавзуи тағйирёбии иқлим ва дастурамал оид ба «Қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми гузаронидани экспедитсияҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва ташриф овардан ба пиряхҳо» барои тарбияи насли оянда ва таъмини бехатарии корҳои саҳроӣ аҳаммияти калон доранд.
Эътирофи сатҳи давлатӣ ва байналмилалӣ
Дастовардҳои Маркази омӯзиши пиряхҳо дар сатҳи давлатӣ ва байналмилалӣ эътирофи сазовор ёфтанд. Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастовардҳо дар бахши пиряхшиносӣ ва ташкили мактаби пиряхшиносии тоҷик корманди марказ бо ордени Шараф дараҷаи 2 сарфароз гардонида шуд. Ин мукофоти олии давлатӣ ифтихори бузург барои тамоми кормандони марказ ва нишонаи эътирофи саҳми онҳо дар рушди илми мамлакат мебошад.
Илова бар ин, пешниҳоди Агентии байналмилалии энергияи атомӣ оид ба табдили лабораторияи изотопии марказ ба лабораторияи омӯзиши изотоп ва радиоизотопии минтақаи Осиёи Марказӣ эътирофи сатҳи баланди илмии марказ дар сатҳи байналмилалӣ мебошад Ин табдил ба марказ имкон медиҳад, ки ҳамчун маркази минтақавӣ барои кишварҳои Осиёи Марказӣ хизмат намуда, дар омӯзиши изотопҳои пиряхҳо ва обҳо пешсаф бошад. Намояндагон аз шаҳрҳои Тошканди Узбекистон ва Алматои Қазоқистон машғулияти омӯзишӣ оид ба изотопҳоро дар марказ гузаштанд.
Дар маҷмуъ, дастовардҳои Маркази омӯзиши пиряхҳо на танҳо пешрафти назарраси илми пиряхшиносии Тоҷикистонро дар давраи баъди истиқлол нишон медиҳанд, балки ҳамчун саҳми сазовори илми тоҷик дар системакунонӣ ва рушди пиряхшиносии ҷаҳонӣ, бахусус дар заминаи эълони соли 2025 ҳамчун «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» мақоми баланди ҷумҳуриро дар арсаи байналмилалӣ таъкид мекунанд.
Ин дастовардҳо, ки дар заминаи дастгирии пайвастаи Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати мамлакат ба даст омадаанд, барои рушди устувори илмӣ-технологии ҷумҳурӣ дар самти омӯзиш ва ҳифзи пиряхҳо заминаи мустаҳкам фароҳам оварда, барои наслҳои оянда мероси арзишманди илмӣ боқӣ мемонанд. Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ин дастовардҳо ҳамчун ифтихори бузурги илмии мамлакат ва нишонаи пешрафти он дар соҳаи илм ва технология сазовори таҳлил ва қадрдонӣ мебошанд.
Таъсиси Институти омӯзиши пиряхҳо ва криосфера дар соли 2026 дар заминаи дастовардҳои Маркази омӯзиши пиряхҳо на танҳо воқеаи илмӣ-ташкилӣ, балки рамзи таҳаввули илми тоҷик дар даврони истиқлол, нишонаи эътимоди давлат ба илм ва ифтихори ҷомеаи илмии мамлакат дар арсаи байналмилалӣ мебошад. Ин марҳалаи нав дар рушди пиряхшиносии тоҷик, ки бо назардошти рушди устувори давлатӣ ва таъмини амнияти обию иқлимӣ аҳаммияти стратегӣ дорад, барои наслҳои оянда сарчашмаи ифтихор ва мероси арзишманд хоҳад буд. 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон ин саҳифаи навро бо ифтихор сабт хоҳад кард.
АКС: АМИТ «Ховар»








РАШТ ДАР ДАВРОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Мулоҳизаҳо оид ба нақши сиёсати давлатӣ дар рушди иқтисодию иҷтимоии ин ноҳия
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра дар Тоҷикистон 182 деҳаи нав таъсис дода шуд
МАОРИФ — САРМОЯИ МИЛЛАТ. Дар ҳошияи суханронии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи дониш
РУШДИ СОҲАИ КИШОВАРЗӢ ДАР ТОҶИКОБОД. Истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар солҳои соҳибистиқлолӣ беш аз 27 маротиба афзоиш ёфт
ПЕШВОИ САОДАТОФАР ВА МИЛЛАТИ САОДАТМАНД. Мулоҳизаҳо оид ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛ. Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба талаботи асри технология мутобиқ гардидааст
НАҚШИ БОРИЗИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ЭЪМОРИ ДАВЛАТДОРИИ НАВИНИ ТОҶИКОН. Андешаҳо дар ин маврид
РОҲИ 35-СОЛАИ НИЗОМИ БОНКИИ ТОҶИКИСТОН: аз бунёди низоми мустақили бонкӣ то бонкдории рақамӣ
РУШДИ САНОАТ. Дар давраи Истиқлолияти давлатӣ Душанбе ба маркази воқеии саноат, савдо ва хизматрасонӣ табдил ёфт
ЭҲЁИ ҶАШНҲОИ МИЛЛӢ ДАР 35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТ. Ва ё мақоми байналмилалиро соҳиб гардидани онҳо
ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА РУШДИ СОҲИБКОРӢ. Палатаи савдо ва саноати вилояти Хатлон беш аз 100 созишнома ва Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расонидааст
СИНАМОИ ТОҶИК ДАР 35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра беш аз 300 филм ба навор гирифта шудааст






