Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар нахустин Ҳамоиши Сарони давлатҳо дар қолаби «Осиёи Марказӣ – Ҷумҳурии Корея» иштирок намуданд

Сентябрь 16, 2026 11:22

ДУШАНБЕ, 16.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. 16 сентябр дар шаҳри Сеул Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар нахустин Ҳамоиши Сарони давлатҳо дар қолаби “Осиёи Марказӣ – Ҷумҳурии Корея” иштирок ва суханронӣ намуданд.

Дар нишаст Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Корея ва сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ширкат варзиданд.

Зимни суханронӣ Президенти кишвари мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президент ва мардуми дӯсти Ҷумҳурии Корея, барои истиқболи гарм ва меҳмоннавозии самимӣ изҳори сипос намуданд.

Таъкид шуд, ки вусъатёбии ҳамкории мо дар қолаби “Осиёи Марказӣ-Ҷумҳурии Корея” дар шароити пуртазоди ҷаҳони имрӯза аз аҳамияти хосса бархӯрдор аст.

Гуфта шуд, ки Форуми ҳамкории “Осиёи Марказӣ-Ҷумҳурии Корея” тули солҳои сипаригашта тавонист худро ҳамчун василаи самарабахши таҳкими робитаҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи кишварҳои мо нишон диҳад.

Президенти кишвари мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон то ба сатҳи Нишасти Сарони давлатҳо расидани ин қолабро таҷассумгари талошҳои ҳадафмандона ба сӯи таъмини рушди муштарак ва тавсеаи ҳамкории байналмилалӣ ба хотири сулҳу суботи пойдор дар сатҳи минтақа ва ҷаҳон номиданд.

Сарвари давлати мо ташаббуси Ҷумҳурии Корея — “Cиёсати нави Шимолӣ”-ро, василаи муҳими таҳкими пайвастагии технологии Осиёи Марказӣ бо иқтисоди пешрафтаи Корея арзёбӣ намуданд.

“Дар ҷаҳони зудтағйирёбандае, ки бо таҳдидҳои гуногун мувоҷеҳ аст, ҳифзи сулҳу субот ҳамоно дар авлавият боқӣ мемонад”, — изҳор доштанд Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид қабул гардидани ташаббуси Тоҷикистон дар мавриди эълони “Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда (2027-2036)” нишони эътирофи ҷомеаи ҷаҳонӣ аз зарурати ҳифзи сулҳу субот ҳамчун арзиши умумибашарӣ номида шуд.

“Ҳамзамон, бар он назарем, ки талошҳои муштараки кишварҳои мо ба таҳкими асосҳои ҳамкорӣ дар мубориза бо таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосир мусоидат хоҳанд кард”, — иброз доштанд Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Баҳри амиқтар кардани ҳамкории иқтисодӣ ва эҷоди занҷираҳои устувори таъминот миёни Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Корея изҳори ҳавасмандӣ қарда шуд.

Зарурати муборизаи муштарак бо таҳдидҳои иқлимии замони муосир ва ҳалли мушкилиҳои глобалию минтақавӣ, аз қабили тағйирёбии иқлим, камбудии оби тоза, обшавии пиряхҳо, ҳамкории наздиктари кишварҳо таъкид гардид.

Дар фарҷоми сухан Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори бовар намуданд, ки натиҷаҳои ин ҳамоиш саҳифаи наверо дар таърихи робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкории судманд миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Корея боз хоҳанд кард.

Дар фароварди ҳамоиш аз руи натиҷаи кори он Эъломияи Сеул қабул карда шуд.

Аз руи натиҷаи чорабиниҳои соҳавии саноат ва зеҳни сунъӣ, ҳамчунин, байни сохторҳои марбутаи Тоҷикистон ва Корея Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи саноат ва занҷираҳои таъминот миёни панҷ давлати Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Корея ва Ташаббуси шарикии ояндаи зеҳни сунъӣ, илм ва технологияи Корея ва Осиёи Марказӣ ба имзо расид.

Иштирок дар нахустин Ҳамоиши сарони давлатҳои қолаби “Осиёи Марказӣ-Ҷумҳурии Корея” 16.09.2026

Сентябрь 16, 2026 11:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як иншоот дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва 13 иншоот дар шаҳри Конибодомро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров корхонаи коркарди меваю сабзавот, истеҳсоли нӯшокиҳои ташнагишикан ва афшураҳои мевагии ҶДММ «Сирдарё»-ро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро дар вилояти Суғд мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстон корхонаи истеҳсоли хӯроки чорво ва парандаи ҶДММ «Базаи таъминот»-и ширкати Барсро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба вилояти Суғд ташриф оварданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Меҳмонхонаи Редиссон Коллекшн Душанберо (Radisson Collection Dushanbe) ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи дару тирезаҳои алюминӣ ва пластикии ҶДММ «Тамдид»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо 6 лоиҳаи нави истеҳсолӣ, логистикӣ ва иҷтимоӣ дар шаҳри Душанбе шинос шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи «Разес Фарма»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Маркази аутизми шаҳри Душанберо мавриди истифода қарор доданд
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Федеративии Бразилия Луис Инасиу Лула да Силва барқияи табрикӣ ирсол намуданд