РАШТ ДАР ДАВРОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Мулоҳизаҳо оид ба нақши сиёсати давлатӣ дар рушди иқтисодию иҷтимоии ин ноҳия

Сентябрь 11, 2026 15:54

ДУШАНБЕ, 11.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар даврони истиқлолият Тоҷикистон марҳилаи нави рушду созандагиро оғоз намуда, дар тамоми шаҳру ноҳияҳои мамлакат корҳои ободонию бунёдӣ вусъати тоза пайдо карданд. Таваҷҷуҳи пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди минтақаҳо, бахусус ноҳияҳои дурдаст имкон фароҳам овард, ки иқтидори иқтисодию иҷтимоии онҳо тадриҷан бештар истифода гардида, сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ беҳтар шавад. Дар натиҷаи чунин сиёсати созанда имрӯз дар гӯшаҳои гуногуни мамлакат, аз ҷумла дар ноҳияи Рашт дигаргуниҳои назаррас ба амал омадаанд.

– Бояд гуфт, ки ноҳияи Рашт бо табиати нотакрор, кӯҳҳои сарбафалаккашида, водиҳои зебо, чашмаҳои мусаффо ва захираҳои бойи табиӣ яке аз минтақаҳои дорои иқтидори баланди сайёҳӣ, аз ҷумла сайёҳии экологӣ, кӯҳӣ ва табобатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Дар даврони Истиқлоли давлатӣ бо мақсади истифодаи самараноки имконияти табиӣ ва сайёҳии ноҳия, рушди инфрасохтор ва фароҳам овардани шароити мусоид барои ҷалби сайёҳон тадбирҳои муҳим амалӣ гардида, дар ин замина барои рушди устувори соҳаҳои гуногуни иқтисодию иҷтимоӣ заминаи мусоид фароҳам оварда шуд.

Таҳлили нишондиҳандаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Рашт давоми 35 соли Истиқлоли давлатӣ нишон медиҳад, ки татбиқи пайвастаи сиёсати давлатӣ ва барномаҳои рушди соҳавӣ ба таҳкими заминаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии ноҳия мусоидат намудааст. Аз ҷумла, дар доираи се Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳия барои солҳои 2012–2016, 2017–2020 ва 2021–2025 дар маҷмуъ 379 лоиҳа ба маблағи 6075925 ҳазор сомонӣ амалӣ гардида, барои рушди соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ заминаи мусоид фароҳам овардааст. Идомаи ин раванд дар доираи “Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Рашт барои солҳои 2026–2030”, ки 274 лоиҳаро бо маблағи умумии 420 миллиону 672 ҳазор сомонӣ дар бар мегирад, аз ҳадафмандона идома ёфтани сиёсати рушди устувор ва баланд бардоштани иқтидори иҷтимоию иқтисодии ноҳия шаҳодат медиҳад.

Таҳлили динамикаи нишондиҳандаҳои буҷети маҳаллии ноҳияи Рашт дар давраи соҳибистиқлолӣ аз афзоиши назарраси иқтидори молиявии ноҳия шаҳодат медиҳад, зеро ҳаҷми буҷет аз 2,5 миллион сомонӣ дар солҳои 1991 то 211,6 миллион сомонӣ дар соли 2026 расида, тақрибан 70 маротиба афзоиш ёфтааст. Дар даҳ соли охир низ раванди ташаккул ва иҷрои қисми даромаду хароҷоти буҷети маҳаллӣ устувор буда, афзоиши солонаи ҳаҷми маблағҳои буҷетӣ тамоюли мусбатро нишон медиҳад. Аз ҷумла, соли 2026 ҳаҷми умумии қисми даромади буҷети маҳаллӣ 210,0 миллион сомонӣ пешбинӣ гардида, нисбат ба соли 2017 ба андозаи 150,1 миллион сомонӣ ё 2,5 баробар зиёд мебошад.

Дар даврони соҳибистиқлолӣ барои рушди соҳибкорӣ дар ноҳияи Рашт шароити мусоид фароҳам оварда шуда, нақши бахши хусусӣ дар пешрафти иқтисодию иҷтимоии ноҳия тадриҷан афзоиш ёфтааст. Тибқи таҳлилҳои бадастомада, дар ноҳияи Рашт шумораи субъектҳои соҳибкорӣ аз 1302 нафар дар соли 2008 то 4313 нафар дар соли 2026 расида, 3011 нафар ё 3,3 баробар афзоиш ёфтааст, ки аз густариши назарраси фаъолияти соҳибкорӣ шаҳодат медиҳад. Аз рӯи шаклҳои фаъолияти соҳибкорӣ хоҷагиҳои деҳқонӣ 67,8 фоиз, соҳибкорони тибқи шаҳодатнома бо шартҳои махсус 15,9 фоиз, патентӣ 11,0 фоиз ва тибқи шаҳодатнома 5,2 фоизро ташкил медиҳанд, яъне рушди соҳибкорӣ асосан ба бахши кишоварзӣ рост меояд. Саҳми соҳибкорон дар рушди инфрасохтор низ афзуда, ҳиссаи иншооти аз ҷониби бахши хусусӣ бунёдшуда аз 70 фоиз дар марҳилаи омодагӣ ба 30-солагии Истиқлоли давлатӣ то 83 фоиз дар арафаи 35-солагии Истиқлоли Тоҷикистон расида, 13 банди фоизӣ афзоиш ёфтааст.

Дар заминаи истифодаи иқтидори мавҷуда ва захираҳои маҳаллӣ истеҳсолоти ноҳия дар солҳои соҳибистиқлолӣ тадриҷан густариш ёфта, ба яке аз самтҳои муҳими рушди иқтисодии он табдил ёфтааст. Васеъ гардидани фаъолияти корхонаҳои истеҳсолӣ ва афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот ба коркарди ашёи хоми маҳаллӣ, ташкили ҷойи нави кор ва баланд гардидани нақши истеҳсолоти дохилӣ дар иқтисодиёти ноҳия мусоидат намудааст.

Диаграммаи 2. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот дар ноҳияи Рашт давоми солҳои 2015-2025 (млн. сомонӣ)

Сарчашма: таҳияи муаллиф дар асоси маълумоти расмӣ

Маълумоти диаграмма нишон медиҳад, ки дар солҳои 2015–2025 ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулот дар ноҳияи Рашт ба таври назаррас афзоиш ёфта, аз 414,0 миллион сомонӣ то 1 615,6 миллион сомонӣ расидааст, ки 3,9 баробар зиёд мебошад. Дар ҳамин давра ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ аз 399,0 миллион сомонӣ ба 1 123,0 миллион сомонӣ расида, 2,9 баробар, маҳсулоти саноатӣ аз 33,0 миллион сомонӣ ба 87,1 миллион сомонӣ расида, 2,6 баробар афзоиш ёфтааст. Дар давраи мавриди таҳлил шумораи коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ аз 8 адад дар соли 2015 то 32 адад дар соли 2026 зиёд гардида, чор баробар афзоиш ёфтани шумораи онҳо аз васеъшавии заминаи истеҳсолии ноҳия шаҳодат медиҳад. Бояд гуфт, ки таъсиси корхонаҳо бо истифода аз ашёи хоми маҳаллӣ метавонад ба афзоиши ҷойи нави кор ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии шаҳрвандон таъсир гузорад. Ҳамзамон нишондиҳандаҳои мазкур аз густариши иқтидори истеҳсолии ноҳия ва рушди соҳаҳои кишоварзию саноат шаҳодат дода, тамоюли мазкур раванди тадриҷии гуногунсамтии сохтори иқтисодии ноҳияро таъкид менамояд.

Диаграммаи 4. Тамоюли рушди фаъолияти соҳибкорию хоҷагидорӣ дар ноҳияи Рашт дар солҳои мавриди таҳлил қарордошта

Сарчашма: таҳияи муаллиф дар асоси маълумоти оморӣ

Таҳлили маҷмуии нишондиҳандаҳои майдони кишт, сатҳи таъминоти техникии соҳаи кишоварзӣ, шумораи хоҷагиҳои деҳқонӣ ва субъектҳои соҳибкорӣ нишон медиҳад, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ заминаи истеҳсолӣ, моддию техникӣ ва ташкилию иқтисодии соҳаи кишоварзии ноҳияи Рашт ба таври назаррас таҳким ёфтааст. Аз ҷумла, майдони умумии кишт аз 7 417 гектар дар соли 2015 ба 8 142 гектар дар соли 2025 расида, 725 гектар ё 9,8 фоиз афзоиш ёфтааст, дар ҳоле ки шумораи техникаи кишоварзӣ аз 201 адад дар соли 1992 то 666 адад дар соли 2026 зиёд шуда, 3,3 баробар афзоиш ёфтааст, ки аз беҳтар гардидани заминаи моддию техникии истеҳсолот шаҳодат медиҳад. Ҳамзамон шумораи хоҷагиҳои деҳқонӣ аз 434 адад дар соли 2008 то 2 925 адад дар соли 2026 расида, 6,7 баробар афзоиш ёфтааст. Шумораи соҳибкорон аз 1 302 нафари соли 2008 то 1 388 нафар дар соли 2026 расида, тақрибан 6,6 фоиз зиёд гардидааст.

Корҳои созандагиву ободонӣ яке аз самтҳои муҳими рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Рашт ба ҳисоб рафта, дар даврони соҳибистиқлолӣ барои беҳтар намудани инфрасохтор, рушди маҳал ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ заминаи мусоид фароҳам овардааст. Танҳо дар доираи омодагӣ ба ҷашнҳои 30 ва 35-солагии Истиқлоли давлатӣ аз 774 иншооти банақшагирифта 696 адад ё 89,9 фоиз ба истифода дода шуда, 78 иншооти боқимонда дар марҳилаи омодагӣ қарор доранд. Дар баробари ин, давоми даҳ соли охир 121,2 ҳазор метри мураббаъ манзили истиқоматии шахсӣ сохта шуда, 1601 хоҷагии нав бо манзил таъмин гардидааст. Ин таъсири бевоситаи рушди сохтмонро ба беҳтар гардидани шароити зист ва афзоиши имконоти иҷтимоии аҳолӣ инъикос менамояд.

Дар заминаи сиёсати созанда ва маорифпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон илму маориф ҳамчун омили муҳимми рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар мавқеи калидӣ касб намуда, барои ташаккули сармояи инсонӣ ва иқтидори зеҳнии ҷомеа заминаи устувор фароҳам овардааст. Дар даҳсолаи охир соҳаи маорифи ноҳияи Рашт аз ҷиҳати рушди инфрасохтори таълимӣ, васеъ гардидани фарогирии кӯдакону наврасон ба таҳсил ва афзоиши иқтидори кадрӣ тағйироти назаррасро аз сар гузаронидааст.

Диаграммаи 3. Динамикаи тағйирёбии нишондиҳандаҳои асосии рушди низоми маориф дар ноҳияи Рашт дар солҳои 2016–2026 (адад)

Сарчашма: таҳияи муаллиф дар асоси маълумоти оморӣ

Нишондиҳандаҳои дар диаграмма инъикосёфта шаҳодат медиҳанд, ки рушди соҳаи маорифи ноҳия дар давраи таҳлилӣ бо тавсеаи инфрасохтори таълимӣ, афзоиши шумораи муассисаҳо ва таҳкими иқтидори кадрии соҳа ҳамбастагии мустақим доштааст. Дар давраи мавриди таҳлил шумораи муассисаҳои таҳсилоти умумӣ аз 111 ба 116 адад ва муассисаҳои томактабӣ аз 2 ба 5 адад расидааст, ки мутаносибан 4,5 фоиз ва 2,5 баробар афзоишро нишон медиҳад. Афзоиши теъдоди хонандагон аз 24 641 нафар дар соли 2016 то 32 298 нафар дар соли 2026, яъне ба андозаи 7 657 нафар ё 31 фоиз зиёд гардида, зиёд шудани талаботи аҳолиро ба сифати таҳсилот нишон медиҳад. Ҳамзамон шумораи омӯзгорон аз 1 527 ба 1 803 нафар расида, 276 нафар ё 18,1 фоиз зиёд шудааст, ки барои таъмини раванди таълим бо кадрҳои педагогӣ заминаи мусоид фароҳам овардааст.

Илова бар ин, дар солҳои мавриди назар 109 бинои нави таълимӣ ва 88 синфхонаи иловагӣ бо 20 298 ҷойи нишаст сохта, ба истифода дода шуда, таъсиси 105 гурӯҳи марказҳои инкишофи кӯдакон дар назди 85 муассисаи таълимӣ ва фарогирии 2 426 кӯдак ба ин раванд аз густариши имконияти омодагии томактабӣ шаҳодат медиҳад. Ҳамзамон иштироки бахши хусусӣ ва ҷалби сармоягузориҳои дохилию хориҷӣ дар рушди инфрасохтори маориф ба беҳтар гардидани шароити таълиму тарбия мусоидат намудааст.

Ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва таъмини солимии ҷомеа аз самтҳои муҳими сиёсати иҷтимоии давлат ба ҳисоб рафта, дар ноҳияи Рашт барои баланд бардоштани сатҳи зиндагӣ ва беҳтар намудани дастрасии аҳолӣ ба хизматрасониҳои иҷтимоию тиббӣ тадбирҳои пайваста амалӣ мегарданд. Дар натиҷаи ин тадбирҳо шумораи муассисаҳои тандурустӣ аз соли 2016 то имрӯз 26 адад афзоиш ёфта, ба 110 адад расидааст, ки аз густариши назарраси инфрасохтори тандурустӣ шаҳодат медиҳад. Ҳамзамон шумораи табибон ва кормандони миёнаи тиббӣ 82 нафар, аз ҷумла 55 нафар занон зиёд гардида, тақвияти иқтидори кадрӣ ва беҳтар шудани имконияти хизматрасонии тиббиро таъмин намудааст. Ҷудо гардидани квотаҳои президентӣ барои таҳсили духтарони минтақаҳои дурдаст дар муассисаҳои олии тиббӣ низ ба ташаккули кадрҳои маҳаллӣ мусоидат намуда, барои баланд бардоштани дастрасӣ ва сифати хизматрасонии тиббӣ, бахусус барои занону модарон аҳамияти муҳим дорад.

Соҳаи фарҳанг дар ноҳияи Рашт ҳамчун ҷузъи муҳими ҳаёти маънавию иҷтимоии ҷомеа рушд ёфта, барои ҳифзи арзишҳои миллӣ, баланд бардоштани маърифати фарҳангӣ ва таҳкими худшиносии миллӣ заминаҳои мусоид фароҳам овардааст. Дар айни замон дар ноҳия 68 муассисаи фарҳангӣ фаъолият дошта, аз ҷумла 44 китобхона бо фонди умумии 146 174 нусха китоб ба аҳолӣ хизмат мерасонанд, ки дар рушди маърифати фарҳангӣ ва густариши фарҳанги китобхонӣ нақши муҳим доранд. Дар ин замина шумораи хонандагони китобхонаҳо нисбат ба соли 2025 1 845 нафар ё 13,6 фоиз ва гардиши китоб 2 562 нусха ё 13,4 фоиз афзоиш ёфтааст, ки аз баланд гардидани фаъолнокии аҳолӣ дар самти китобхонӣ шаҳодат медиҳад. Ҳамзамон ҷалби 11 ҷавони маҳаллӣ ба таҳсил дар муассисаҳои махсуси фарҳангиву санъатӣ барои омодасозии кадрҳои соҳибихтисос ва таҳкими минбаъдаи иқтидори кадрии соҳаи фарҳанг заминаи муҳим фароҳам меорад.

Таҳкими мақоми занон дар ҷомеа яке аз нишондиҳандаҳои муҳими рушди иҷтимоӣ ба шумор рафта, иштироки онҳо дар соҳаҳои гуногун сол ба сол густариш меёбад. Дар ноҳияи Рашт шумораи занон аз 59 341 нафар дар соли 2016 ба 72 441 нафар дар соли 2026 расида, 13 100 нафар ё 22 фоиз зиёд шудааст. Ҳамзамон 175 нафар занон дар вазифаҳои роҳбарикунанда, 20 нафар дар хизмати давлатӣ, 4 нафар номзади илм буда, шумораи донишҷӯдухтарон ба 823 нафар расидааст, ки нисбат ба соли 2015 2,9 баробар афзоиш ёфтааст.

Ҷавонон ҳамчун неруи фаъоли ҷомеа дар рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Рашт нақши муҳим дошта, фароҳам овардани шароити мусоид барои таҳсил, касбомӯзӣ ва рушди ҷисмонӣ ба таҳкими сармояи инсонӣ мусоидат менамояд. Шумораи ҷавонон аз соли 2016 то соли 2026 14 121 нафар ё 45,7 фоиз афзоиш ёфта, ба зиёда аз 45 000 нафар расидааст, ки афзоиши иқтидори ҷавони ноҳияро нишон медиҳад. Дар баробари ин, дар ноҳия 156 иншооти варзишӣ фаъолият дошта, дар даҳ соли охир бо саҳми соҳибкорони ҷавон 25 иншооти нав, аз ҷумла 10 толори варзишӣ ва 15 майдончаи варзишӣ сохта шудаанд. Ин нишондиҳандаҳо аз густариши имконияти иҷтимоии ҷавонон ва нақши афзояндаи бахши хусусӣ дар рушди инфрасохтори варзишӣ шаҳодат медиҳанд.

Дар маҷмуъ, натиҷаҳои рушди ноҳияи Рашт дар даврони Истиқлоли давлатӣ аз таҳкими устувори иқтидори иқтисодӣ ва иҷтимоии ноҳия шаҳодат дода, меҳнати софдилонаи сокинон ва татбиқи пайвастаи сиёсати созандаву хастагинопазири Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳамчун омилҳои асосии пешрафти соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа бозгӯйӣ менамоянд. Махсусан, таваҷҷуҳи пайваста ба рушди минтақаҳои дурдасти кишвар барои беҳтар гардидани шароити зиндагии аҳолӣ, фаъол гардидани иқтидори иқтисодии маҳаллӣ ва фароҳам овардани имконияти нави иҷтимоию иқтисодӣ заминаи мусоид фароҳам овардааст. Дар солҳои минбаъда истифодаи самараноки захираҳои табиӣ ва меҳнатӣ, рушди соҳибкорӣ, коркарди ашёи хоми маҳаллӣ, тавсеаи соҳаи сайёҳӣ ва идомаи сармоягузорӣ ба сармояи инсонӣ метавонанд ноҳияи Раштро ба яке аз марказҳои муҳими рушди иқтисодию иҷтимоии минтақа табдил диҳанд. Аз ин рӯ, идомаи сиёсати созанда ва татбиқи самараноки барномаҳои рушди ноҳия барои таҳкими иқтидори истеҳсолӣ, баланд бардоштани рақобатпазирии иқтисодӣ, истифодаи имконоти мавҷуда ва таъмини рушди устувори ноҳия дар оянда аҳамияти стратегӣ хоҳад дошт.

Ҷамшед СОЛИҲОВ,
муовини сардори Раёсати таҳлил ва ояндабинии иқтисодиёти соҳавии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Саидхоҷа АКБАРОВ,
коршиноси мустақили минтақавӣ

Сентябрь 11, 2026 15:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Париж 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил шуд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии нассоҷии Тоҷикистон – 2026 доир мегардад
Ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон дар Рашт иншооти таъйиноти гуногун ба истифода дода шуданд
Китоби «Ориёиҳо ва шинохти тамаддуни ориёӣ»-и Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо хати форсӣ рӯнамоӣ гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра дар Тоҷикистон 182 деҳаи нав таъсис дода шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз боғи интенсивии Пайванди Рашт дидан намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон корхонаи фаръии истеҳсоли шарбати Саноати хӯроквории минтақаи Раштро мавриди истифода қарор доданд
Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидори амалкунанда беш аз 100 ҳазор зиёд гардидааст
МАОРИФ — САРМОЯИ МИЛЛАТ. Дар ҳошияи суханронии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи дониш
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон 15 иншоотро ба таври фосилавӣ дар ноҳияҳои Рашт, Нуробод, Сангвор, Лахш ва Тоҷикобод ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рашт Мактаби президентӣ барои хонандагони болаёқатро ба истифода доданд
Дар Осорхонаи мероси Покистон гӯшаи мардумшиносии Тоҷикистон бо ёдгориҳои нави фарҳангӣ ва таърихӣ ғанӣ гардид