Рушди молияи давлатӣ: аз ташаккули низоми мустақили молиявӣ то идоракунии рақамии буҷет
ДУШАНБЕ, 01.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Истиқлолияти давлатӣ барои Тоҷикистон на танҳо имкони мустақилона муайян намудани самтҳои сиёсӣ ва иқтисодии ҷумҳурӣ, балки зарурати бунёди тамоми ниҳодҳои асосии давлатдорӣ, аз ҷумла низоми мустақили молиявӣ ва буҷетиро ба миён овард. Дар оғози ин роҳ кишвар бо иқтисоди заиф, робитаҳои кандашудаи молиявию истеҳсолӣ, набудани пули миллӣ, норасоии захираҳои асъорӣ, буҳрони амиқи иқтисодӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ буд. Аз ин рӯ, ташаккули низоми муосири молияи давлатӣ яке аз вазифаҳои калидии давлати соҳибистиқлол гардид.
Дар 35 соли Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон низоми молияи давлатӣ аз марҳилаи ташаккул ва бартараф намудани буҳрони шадиди солҳои аввали истиқлолият то ба низоми нисбатан мукаммали идоракунии даромад, хароҷот, қарз, сармоягузорӣ ва банақшагирии миёнамуҳлату дарозмуҳлат расид.
Тавре дар ин маврид Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз намудаанд, «зарур аст, ки раванди идоракунии давлатиро бо истифода аз технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ ба роҳ монда, таъсири омили инсониро дар тамоми соҳаҳо ва ҳама гуна муносибатҳои молиявӣ коҳиш диҳем».
Ин раванд бо ислоҳоти пайдарпайи иқтисодию молиявӣ, ташаккули низоми мустақили пулию қарзӣ, ҷорӣ намудани пули миллӣ — сомонӣ, такмили сиёсати андозу буҷет, рушди хазинадорӣ, ҷорӣ намудани банақшагирии миёнамуҳлати буҷет, таҳкими ҳамкориҳо бо ниҳодҳои байналмилалии молиявӣ ва дар солҳои охир гузариш ба идоракунии рақамии молияи давлатӣ пайваста буд.
Солҳои аввали истиқлол: оғози ислоҳоти молиявӣ дар шароити буҳрон
Солҳои аввали истиқлолият барои Тоҷикистон давраи ниҳоят душвор буданд. Пас аз пош хӯрдани Иттиҳоди Шуравӣ муносибатҳои молиявӣ иқтисодии байни ҷумҳуриҳо заиф шуда, амалиёти байниҳамдигарӣ қатъ гардид. Набудани пули миллӣ, захираҳои кофии асъорӣ ва тиллоӣ, ҳамзамон идомаи низоъҳои шаҳрвандӣ ва буҳрони сиёсиву иқтисодӣ вазъи молиявии кишварро боз ҳам мураккаб намуд.
Дар натиҷа, ҳаҷми Маҷмуи маҳсулоти дохилӣ нисбат ба соли 1991 то 60 фоиз коҳиш ёфта, касри тавозуни пардохт ба 30 фоизи Маҷмуи маҳсулоти дохилӣ расид. Сатҳи таваррум ба гиперинфлятсияи 2100-фоиза расида, сатҳи камбизоатии аҳолӣ зиёда аз 83 фоизро ташкил намуд. Афзоиши қарзҳои дохилию хориҷӣ, норасоии молҳои мавриди ниёзи аввал ва коҳиши қобилияти харидории аҳолӣ аз пайомадҳои дигари ин давра буданд.
Дар чунин шароит вазифаи аввалиндараҷа на танҳо барқарор намудани фаъолияти иқтисодӣ, балки бунёди заминаҳои ҳуқуқӣ ва институтсионалии низоми мустақили молиявӣ буд. Пас аз Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва интихоб гардидани муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси Раиси Шурои Олӣ раванди ташаккули сиёсати нави иқтисодию молиявӣ ва гузариш ба муносибатҳои бозорӣ марҳилаи тоза гирифт.
Соли 1994 Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон дафтари муваққатии сайёри худро ифтитоҳ намуд, ки оғози марҳилаи нави ҳамкории кишвар бо ташкилоти байналмилалии молиявӣ гардид. Соли 1996 Барномаи нахустини ислоҳоти иқтисодӣ қабул шуд, ки аз ҷониби Хазинаи байналмилалии асъор ва Бонки ҷаҳонӣ дастгирӣ ёфт. Татбиқи ин барномаҳо барои ташаккули иқтисоди бозорӣ, беҳтар намудани фазои соҳибкорӣ ва ба эътидол овардани вазъи иқтисодӣ замина гузошт.
Сомонӣ — пояи низоми мустақили пулию молиявӣ
Яке аз муҳимтарин марҳилаҳои таҳкими истиқлолияти иқтисодии ҷумҳурӣ ҷорӣ намудани асъори миллӣ — сомонӣ буд. Бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пули миллӣ ба муомилот бароварда шуд.
Ба муомилот баровардани асъори миллӣ — сомонӣ барои гузаронидани сиёсати мустақили пулию қарзӣ ва асъорӣ шароити зарурӣ фароҳам овард. Он ба ташаккули низоми мустақили молиявӣ, муътадил намудани муносибатҳои иқтисодӣ ва таҳкими заминаҳои рушди минбаъдаи иқтисоди миллӣ мусоидат намуд.
Дар натиҷаи идомаи ислоҳоти иқтисодӣ рушди воқеии иқтисодиёт ба ҳисоби миёна 7,5 фоиз дар як солро ташкил дод. Ҳиссаи ҷамъоварии даромади буҷет аз 14,1 фоизи Маҷмуи маҳсулоти дохилӣ дар соли 2000 то 19,6 фоиз дар соли 2005 афзоиш ёфт. Бо татбиқи сиёсати қатъии андозию буҷетӣ мутавозинии буҷети давлатӣ таъмин гардида, сатҳи камбизоатӣ аз 83 фоизи соли 1999 то 45 фоиз дар соли 2010 ва 26,3 фоиз дар соли 2019 коҳиш ёфт. Тавре дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 16 декабри соли 2025 таъкид гардидааст, сатҳи камбизоатӣ дар мамлакат соли 2025 то 19 фоиз коҳиш дода шуд.
Ислоҳоти буҷети давлатӣ ва гузариш ба банақшагирии миёнамуҳлат
Дар баробари барқарорсозии иқтисод ташаккули низоми муосири идоракунии молияи давлатӣ низ марҳила ба марҳила идома ёфт. Соли 2006 дар Тоҷикистон бори аввал Буҷети давлатии миёнамуҳлат барои се соли оянда таҳия гардид. Ин қадам барои гузариш аз банақшагирии кӯтоҳмуҳлат ба низоми муосири идоракунии захираҳои давлатӣ аҳаммияти муҳим дошт.
Дар ин давра татбиқи Барномаи миёнамуҳлати хароҷот, Стратегияи кам кардани қарзи хориҷӣ, барномаҳои паст намудани сатҳи камбизоатӣ ва афзоиши мунтазами маблағгузории соҳаҳои иҷтимоӣ ба роҳ монда шуд.
Таҳкими низоми банақшагирии стратегӣ минбаъд низ идома ёфта, тамоми соҳаҳо ва минтақаҳо бо барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодӣ фаро гирифта шуданд. Истифодаи дурнамосозии макроиқтисодӣ ва моделҳои эконометрикӣ барои банақшагирии миёнамуҳлат ва дарозмуҳлат заминаи нисбатан устувор фароҳам овард.
Афзоиши иқтидори иқтисодӣ ва даромадҳои буҷети давлатӣ
Натиҷаҳои ислоҳоти иқтисодию молиявӣ дар тамоюли нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ равшан инъикос меёбанд. Агар соли 1997 ҳаҷми номиналии Маҷмуи маҳсулоти дохилӣ ҳамагӣ 518,4 миллион сомонӣ ва он ба ҳар сари аҳолӣ 88,2 сомониро ташкил медод, пас соли 2010 Маҷмуи маҳсулоти дохилӣ ба 24 704,7 миллион сомонӣ ва он ба ҳар сари аҳолӣ ба 3243,6 сомонӣ расид. Соли 2015 Маҷмуи маҳсулоти дохилӣ ба ҳар сари аҳолӣ 6000 сомониро ташкил дод.
Соли 2019 ҳаҷми номиналии Маҷмуи маҳсулоти дохилӣ ба 77,4 миллиард сомонӣ расида, рушди воқеии он 7,5 фоизро ташкил намуд. Дар соли 2020, бо вуҷуди таъсири пандемияи коронавирус Маҷмуи маҳсулоти дохилӣ ба 82,5 миллиард сомонӣ ва рушди воқеии иқтисодӣ ба 4,5 фоиз баробар гардид.
Дар солҳои 2021–2024 Маҷмуи маҳсулоти дохилӣ аз 98,9 миллиард то 153,4 миллиард сомонӣ афзоиш ёфта, рушди воқеии миёнасолонаи он 7,6 фоизро ташкил дод. Соли 2025 ҳаҷми Маҷмуи маҳсулоти дохилӣ 177 миллиард сомонӣ ва афзоиши воқеии он 8,4 фоизро ташкил намуд.
Дар ҳамин давра Маҷмуи маҳсулоти дохилӣ ба ҳар сари аҳолӣ аз 6 ҳазор сомонии соли 2015 то 16,4 ҳазор сомонӣ дар соли 2025 афзоиш ёфт, яъне 2,7 маротиба зиёд гардид. Даромадҳои буҷети давлатӣ низ тамоюли устувори афзоишро нишон доданд.
Агар соли 2010 онҳо 7024 миллион сомонӣ ва соли 2016-ум 18 306 миллион сомониро ташкил дода бошанд, пас аз 16,6 миллиард сомонии соли 2015 то 30,0 миллиард сомонӣ дар соли 2021 ва 46,7 миллиард сомонӣ дар соли 2024 расиданд. Соли 2025 даромадҳои буҷет 60,3 миллиард сомониро ташкил дода, иҷрои нақшаи он 113,2 фоиз таъмин гардид.
Буҷети давлатӣ: афзалияти рушди иҷтимоӣ
Афзоиши иқтидори молиявии давлат имконият фароҳам овард, ки ҳаҷми хароҷоти буҷет низ пайваста зиёд гардад. Агар соли 2000 хароҷоти буҷет 252 миллион сомониро ташкил дода бошад, пас соли 2021 он ба 29,3 миллиард сомонӣ расид. Дар солҳои 2021-2024 ҳаҷми хароҷоти буҷет аз 29,3 миллиард то 45,4 миллиард сомонӣ афзоиш ёфт ва соли 2025 ба 60,1 миллиард сомонӣ расид.
Муҳимтар аз афзоиши ҳаҷми буҷет сохтори истифодаи он мебошад. Дар сиёсати молиявии давлат маблағгузории соҳаҳои иҷтимоӣ мавқеи афзалиятнок дорад. Соли 2001 ба соҳаҳои иҷтимоӣ 148,3 миллион сомонӣ ё 40,4 фоизи хароҷоти умумии буҷети давлатӣ равона шуда буд. Соли 2016 ин нишондиҳанда ба 7,6 миллиард сомонӣ ё 41,5 фоиз расид.
Соли 2020 хароҷоти соҳаҳои иҷтимоӣ 11,7 миллиард сомониро ташкил дода, ба 14,2 фоизи Маҷмуи маҳсулоти дохилӣ ва 47,3 фоизи хароҷоти умумии буҷети давлатӣ баробар шуд. Ин тамоюл солҳои минбаъда низ идома ёфт. Агар соли 2024 барои соҳаҳои иҷтимоӣ 20,8 миллиард сомонӣ пешбинӣ шуда бошад, пас барои соли 2026 ин нишондиҳанда 29,5 миллиард сомонӣ муайян гардид, ки нисбат ба соли 2024 бо афзоиши 8,7 миллиард сомонӣ ё 41,8 фоизро ташкил намуд.
Афзоиши музди меҳнат, нафақа, стипендия ва кумакпулиҳои иҷтимоӣ низ дар қисми муҳимми сиёсати иҷтимоии давлат доранд. Аз соли 2001 инҷониб ин нишондиҳандаҳо ба ҳисоби миёна 12 маротиба зиёд карда шудаанд. Соли 2025 ҳадди ақалли музди меҳнат барои тамоми соҳаҳои иқтисодӣ, иҷтимоии кишвар бори аввал дар 35 соли Истиқлолияти давлатӣ ба 1000 сомонӣ дар як моҳ расонида шуд.
Суботи қарзӣ ва идоракунии қарзи давлатӣ
Ислоҳоти молиявӣ ҳамзамон ба масъалаи идоракунии қарзи давлатӣ низ дахл дошт. Агар соли 2000 ҳаҷми қарзи берунаи Тоҷикистон 103,5 фоизи Маҷмуи маҳсулоти дохилиро ташкил медод, пас то 1 январи соли 2006 ин нишондиҳанда то 30,6 фоиз коҳиш дода шуд.
Соли 2019 ҳаҷми қарзи давлатӣ 2925,3 миллион доллари ИМА ё 35,9 фоизи Маҷмуи маҳсулоти дохилиро ташкил намуд. Соли 2025 қарзи давлатӣ ба 3,5 миллиард доллар расид, ки 19,2 фоизи Маҷмуи маҳсулоти дохилиро ташкил медиҳад. Дар ин давра барои хизматрасонии қарзи беруна беш аз 504,6 миллион доллар, аз ҷумла 416,3 миллион доллар қарзи асосӣ ва 88,3 миллион доллар фоизҳо пардохт карда шуданд. Ҳамзамон ҳаҷми умумии қарзи давлатӣ 100 миллион доллар коҳиш дода шуд.
Ин нишондиҳандаҳо аҳаммияти сиёсати мақсадноки идоракунии қарз барои нигоҳ доштани устувории молиявии давлатро шаҳодат медиҳанд.
Сармоягузорӣ ва воридшавӣ ба бозорҳои байналмилалии молиявӣ
Таҳкими низоми молиявӣ барои густариши ҳамкории байналмилалии молиявӣ ва ҷалби сармоягузорӣ низ замина фароҳам овард. Давоми солҳои истиқлол Тоҷикистон бо Хазинаи байналмилалии асъор, Бонки ҷаҳонӣ, Бонки Осиёии Рушд, Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд, Бонки Исломии Рушд ва дигар институтҳои байналмилалии молиявӣ ҳамкории васеъ ба роҳ монд.
Соли 2006 дар таърихи ҷалби сармоягузорӣ ба иқтисоди миллӣ марҳилаи муҳим оғоз гардид. Гуфтушунидҳо бо Ҷумҳурии Мардумии Чин ба татбиқи якчанд лоиҳаи муҳимми инфрасохтории инвеститсионӣ, аз ҷумла навсозӣ ва барқарорсозии роҳи автомобилгарди «Душанбе-Чаноқ», сохтмони иншооти хатҳои баландшиддати барқии «Ҷануб-Шимол» ва «Лолазор-Хатлон» мусоидат намуданд. Амалӣ гардидани ин лоиҳаҳо дар пайвастшавии энергетикӣ ва коммуникатсионии минтақаҳои мамлакат нақши муҳим бозид.
Соли 2014 Тоҷикистон ба узвияти яке аз институтҳои навтаъсиси бонуфузи молиявии байналмиллалӣ- Бонки Осиёии Сармоягузории Инфрасохторӣ пазируфта шуд.
Рӯйдоди муҳимми дигар соли 2017 ба вуқуъ пайваст: Тоҷикистон нахустин бор коғазҳои қиматноки давлатии худро ба бозорҳои ҷаҳонӣ баровард. Бо ҷалби бонкҳои сармоягузории “Райффайзенбанк” ва “Ситибанк” дар доираи вохӯриҳо бо сармоягузорони Амрико, Англия ва Швейтсария барориш ва фурӯши коғазҳои қиматноки давлатӣ ба маблағи 500 миллион доллари ИМА барои идомаи сохтмони Неругоҳи барқи обии «Роғун» муваффақона таъмин гардид.
Барориши нахустини евробондҳо ва интишори рейтинги давлатии қарзӣ марҳилаи нави ҳамгироии Тоҷикистон ба бозорҳои байналмилалии молиявӣ гардид.
Марҳилаи нави ислоҳоти молияи давлатӣ
Таҳкими заминаҳои макроиқтисодӣ имкон дод, ки марҳилаи нави ислоҳоти молияи давлатӣ оғоз гардад. Мувофиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 январи соли 2020 «Дар бораи тасдиқи Стратегияи идоракунии молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» ислоҳоти молиявӣ ба марҳилаи сифатан нав ворид гардид.
Стратегия масъалаҳои устуворӣ ва шаффофияти буҷет, такмили дурнамои макроиқтисодӣ ва молиявӣ, сиёсати қарзӣ, маъмурикунонии даромадҳо, тағйири методологияи ҳисобу китоб, якҷоякунии буҷетҳои сармоягузорӣ, ҳисоботи муҳосибӣ дар бахши буҷет, автоматикунонӣ ва мониторинги хавфҳои молиявиро фаро мегирад.
Соли 2020 ҳамчунин лоиҳаи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав бо ҷалби коршиносони маҳаллӣ ва байналмилалӣ, намояндагони бахши хусусӣ, ассотсиатсияҳои соҳибкорӣ ва коршиносону ташкилоти молиявии байналмилалӣ таҳия гардид. Ин раванд ба такмили сиёсати андоз, дастгирии соҳибкорӣ ва мутобиқ намудани низоми андозбандӣ ба талаботи рушди иқтисоди муосир равона шуд.
Рақамикунонӣ — марҳилаи нави рушди молияи давлатӣ
Солҳои охир рушди молияи давлатӣ бо гузариш ба иқтисоди рақамӣ пайванди бештар пайдо кардааст. Ташаккули заминаҳои меъёрии ҳуқуқӣ барои рақамикунонии хизматрасониҳо ва равандҳои молиявӣ имконият медиҳад, ки шаффофият, суръат ва самаранокии идоракунии давлатӣ баланд бардошта шуда, таъсири омилҳои инсонӣ ва хавфҳои коррупсионӣ коҳиш дода шаванд.
Ин раванд бо татбиқи ҳадафҳои Стратегияи рушди иқтисоди “сабз” барои солҳои 2023-2037 ва Барномаи миллии “Кишвари сабз” низ пайваст мебошад. Гузариш ба технологияҳои нав, рушди хизматрасониҳои электронӣ ва истифодаи самараноки захираҳои дохилӣ метавонад ба коҳиши хароҷоти дуюмдараҷаи иқтисодӣ ва баланд гардидани самаранокии идоракунӣ мусоидат намояд.
Дар ҳамин замина истифодаи технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ дар идоракунии молияи давлатӣ дурнамои нави рушди низоми буҷетиро муайян мекунад. Ҳадаф на танҳо рақамӣ намудани равандҳои мавҷуда, балки ташкили низоми идоракунии молиявиест, ки ба таҳлили маълумот, пешгӯии хавфҳо ва қабули қарорҳои саривақтию асоснок такя мекунад.
Буҷети давлатӣ барои соли 2026: идомаи марҳилаи нави рушди молиявӣ
Натиҷаи тадбирҳои солҳои охир дар нишондиҳандаҳои Буҷети давлатии соли 2026 низ инъикос ёфтааст. Барои соли 2026 ҳаҷми Маҷмуи маҳсулоти дохилӣ 195,4 миллиард сомонӣ пешбинӣ шуда, даромади буҷети давлатӣ бо назардошти ҳама сарчашмаҳо 65 миллиард сомониро ташкил медиҳад. Ин нишондиҳанда нисбат ба соли гузашта 15,4 миллиард сомонӣ ё 31,2 фоиз зиёд буда, 29,9 фоизи Маҷмуи маҳсулоти дохилро ташкил медиҳад.
Ҳаҷми умумии хароҷоти буҷети давлатӣ 66,9 миллиард сомонӣ пешбинӣ гардидааст, ки нисбат ба соли 2025 15,4 миллиард сомонӣ ё 29,9 фоиз зиёд буда, ба 31,1 фоизи Маҷмуи маҳсулоти дохилӣ баробар мебошад.
Касри буҷети давлатӣ 1950 миллион сомонӣ ё 1,0 фоизи Маҷмуи маҳсулоти дохилӣ пешбинӣ карда шудааст. Ҳамзамон хусусияти рушдкунанда ва иҷтимоии буҷети давлатӣ нигоҳ дошта шуда, ба соҳаҳои иҷтимоӣ 29,5 миллиард сомонӣ равона мегардад.
Ҳамин тариқ, дар 35 соли Истиқлолияти давлатӣ Тоҷикистон роҳи мураккаби ташаккул ва таҳкими низоми мустақили молиявиро тай намуд. Аз иқтисоди буҳронзадае, ки дар оғози истиқлол бо коҳиши 60-фоизаи Маҷмуи маҳсулоти дохилӣ, гиперинфлятсияи 2100-фоиза ва сатҳи камбизоатии зиёда аз 83 фоиз рӯ ба рӯ буд, кишвар ба марҳилае расид, ки дорои низоми муосири идоракунии молияи давлатӣ, пули миллӣ, низоми банақшагирии миёнамуҳлат, сиёсати мукаммали андозию буҷетӣ, низоми идоракунии қарзи давлатӣ ва дастрасӣ ба бозорҳои байналмилалии сармоя мебошад.
Дар ин раванд нақши сиёсати пайгирона ва ташаббусҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ташаккули заминаҳои ҳуқуқӣ, институтсионалӣ ва иқтисодии ислоҳоти молиявӣ муҳим мебошад. Ба муомилот баровардани асъори миллӣ — сомонӣ, ба роҳ мондани ислоҳоти иқтисодӣ, ташаккули банақшагирии миёнамуҳлати буҷет, такмили сиёсати андозу қарз, ҷалби сармоягузорӣ, ворид шудан ба бозорҳои байналмилалии сармоя ва гузаштан ба марҳилаи нави рақамикунонии молияи давлатӣ, дар маҷмуъ занҷираи пайвастаи таҳкими истиқлолияти иқтисодии кишварро ташкил медиҳанд.
Нишондиҳандаҳои солҳои охир, аз ҷумла афзоиши Маҷмуи маҳсулоти дохилӣ то 177 миллиард сомонӣ дар соли 2025, рушди воқеии иқтисодиёт ба андозаи 8,4 фоиз, ба 60,3 миллиард сомонӣ расонидани даромадҳои буҷет, афзоиши хароҷот то 60,1 миллиард сомонӣ ва нигоҳ доштани афзалияти маблағгузории соҳаҳои иҷтимоӣ аз тавсеаи имконияти молиявии давлат шаҳодат медиҳанд.
Ҳамзамон марҳилаи нави рушди молияи давлатӣ талаб мекунад, ки афзоиши ҳаҷми захираҳои молиявӣ бо баланд бардоштани сифати идоракунии онҳо ҳамқадам бошад. Дар ин замина рақамикунонӣ, шаффофияти буҷет, идоракунии хавфҳои молиявӣ, банақшагирии ҳадафманд ва истифодаи технологияҳои зеҳни сунъӣ метавонанд самаранокии сиёсати молиявиро боз ҳам баланд бардоранд.
Аз ин рӯ, 35 соли истиқлолиятро дар соҳаи молияи давлатӣ метавон ҳамчун роҳи аз барқарорсозии низоми молиявӣ ба ташаккули низоми устувор ва аз идоракунии анъанавӣ ба идоракунии рақамӣ арзёбӣ намуд. Мақсади марҳилаи минбаъда бояд на танҳо афзоиши нишондиҳандаҳои молиявӣ, балки баланд бардоштани сифати идоракунии захираҳои давлатӣ, устувории иқтисодӣ ва табдил додани имконоти молиявӣ ба натиҷаҳои воқеии иҷтимоию иқтисодӣ барои ҳар шаҳрванд бошад.
Аъламхон НАИМӢ,
корманди Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон








Дар доираи татбиқи лоиҳаи озмоишӣ платформаи рақамӣ таҳия мегардад
Тоҷикистон ва Хазинаи байналмилалии асъор ҳамкориро дар соҳаи саноат тақвият медиҳанд
Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Фонди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ мулоқот намуд
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛ ВА МАРҲИЛАИ НАВИ РУШД. Барои ҷомеаи муосири мо ин се даҳсола асри таҳаввулоти ҷиддии фикрӣ, технологӣ ва менеҷмент ба шумор меравад
35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛИИ ТОҶИКИСТОН. Дар Бадахшон иқтидори энергетикӣ ба 70 МВт расонида шуд
Ҳавопаймои хатсайри Душанбе–Минск бо маросими анъанавӣ истиқбол гирифта шуд
Покистон тасмим гирифтааст, ки ҳамкориро бо Тоҷикистон дар соҳаи сайёҳӣ густариш диҳад
ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА РУШДИ МАОРИФ. Давоми 35 сол дар Тоҷикистон шумораи омӯзгорон беш аз 41 ҳазор зиёд гардид
Моҳи сентябр дар Тоҷикистон панҷумин Форуми Осиёи Марказӣ оид ба пиринг ва пайвастшавӣ доир мегардад
ИМРӮЗ — РӮЗИ АНГИШТКАНОН. Истихроҷи ангишт то ба 3 миллион тонна расонида мешавад
Дар хоҷагии деҳқонии «Боғи Сомон»-и шаҳри Турсунзода мавсими тайёр кардани мавиз оғоз гардид
Рақамикунонӣ — омили муҳими рушди бехатарии озуқаворӣ дар сарҳад ва нақлиёт






