Се варзишгари Тоҷикистон ба финали мусобиқаи ММА дар Бозиҳои Осиёии Ҷопон роҳ ёфтанд
ДУШАНБЕ, 22.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба санъати муҳорибаҳои омехта (ММА) дар нахустин иштирок аз ин намуди варзиш дар Бозиҳои осиёӣ натиҷаи назаррас нишон дода, бо иштироки се варзишгар ба финали мусобиқа роҳ ёфт. Дар ин хусус муовини Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадтолиб Шокирзода ба шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» хабар дод.
Дар Бозиҳои ХХ осиёӣ, ки дар шаҳрҳои Айчи-Нагояи Ҷопон идома доранд, намояндагони Тоҷикистон дар се вазн барои ба даст овардани медали тилло мубориза мебаранд. Отабек Раҷабов дар вазни то 65 килограмм аз намуди Traditional MMA, Мирзобек Умаров дар вазни то 60 килограмм аз намуди Modern MMA ва Беҳрӯз Хуршедзода дар вазни то 71 килограмм аз намуди Modern MMA ба финал баромаданд.
Махсусан, пирӯзии Мирзобек Умаров дар нимфинали вазни то 60 килограмм бар намояндаи Покистон Асими Хон бо ҳисоби 3:0 ба ӯ роҳ ба финалро таъмин кард. Отабек Раҷабов низ дар вазни то 65 килограмм ба финал роҳ ёфта, дар нимфинал бар намояндаи Қазоқистон Санжар Адилов бо ҳисоби 3:0 пирӯз шуд. Бо ин натиҷа Адилов соҳиби медали биринҷӣ гардид ва Отабек Раҷабов муборизаро барои медали тилло идома медиҳад. Дар вазни то 71 килограмм Беҳрӯз Хуршедзода баъди натиҷаи баҳсбарангези рақобати нимфиналӣ ва баррасии эътирози ҳайати Тоҷикистон ба финал роҳ ёфт. Манбаъҳои охирини мусобиқа нишон медиҳанд, ки рақиби ӯ дар финал намояндаи Қазоқистон Қодирбек Шинбоев хоҳад буд.
Ҳамин тавр, дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар нахустин иштироки ММА дар таърихи Бозиҳои осиёӣ якбора бо се варзишгар барои медалҳои тилло мубориза мебарад. Бозиҳои финалӣ дар шаш вазни ММА 22 сентябр баргузор мешаванд. Ҷолиб аст, ки ММА дар Бозиҳои ХХ осиёӣ нахустин маротиба ба барномаи расмии ин мусобиқа ворид шудааст. Шурои олимпии Осиё барои ин намуд шаш маҷмуи медал-чорто байни мардон ва дуто байни занон пешбинӣ кардааст.
Натиҷаи се варзишгари тоҷик дар марҳилаи ниҳоӣ барои дастаи мунтахаби Тоҷикистон имкони ба даст овардани чандин медали тиллоро фароҳам овардааст. Акнун таваҷҷуҳи мухлисони варзиши тоҷик ба рақобатҳои финалӣ равона хоҳад шуд, ки дар он Отабек Раҷабов, Мирзобек Умаров ва Беҳрӯз Хуршедзода барои қаҳрамонӣ дар Бозиҳои осиёӣ талош мекунанд.
АКС аз манбаъҳои боз








Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Мусобиқаи кушод оид ба гӯштини тарзи озод байни наврасон оғоз гардид
Наврасони Тоҷикистон баъди ғалаба дар дивизиони «D» дар Боку ба Ватан баргаштанд
Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дуюми дӯстонаро бо Қатар мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Чемпионати ҷаҳон-2026 оид ба футбол бар тимҳои Бермуд ва Филиппин пирӯз шуд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон пас аз иштирок дар Бозиҳои V параосиёӣ ба Ватан баргаштанд
Ҳайати васеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои иштирок дар мусобиқаи «Кing’s Сup 2026» эълон гардид
«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид






