Шумораи воситаҳои нақлиёти мусофирбар дар шаҳри Душанбе 20 фоиз зиёд карда шуд

Сентябрь 1, 2026 10:08

ДУШАНБЕ, 01.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Шуруъ аз имрӯз шумораи умумии воситаҳои нақлиёти мусофирбар дар шаҳри Душанбе 20% зиёд гардид.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе хабар доданд, шумораи троллейбус ва автобусҳо ба 410 адад, нақлиёти микроавтобусҳо (маршрут) ба 1200 адад расонида шуд. Ҳамзамон 500 нақлиёти хурд (таксӣ) зиёд карда шуд.

Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе шаҳрвандон ва ронандагони воситаҳои нақлиётро даъват менамояд, ки талаботи қоидаҳои ҳаракати роҳро қатъиян риоя намоянд. Аз таваққуфи нодуруст, гирифтани мусофир дар қатори дуюму сеюми роҳ ва гузоштани нақлиёт дар маконҳои номуайяншуда қатъиян худдорӣ намуда, ба танбашавии воситаҳои нақлиёт роҳ надиҳанд. Зеро сифати хизматрасонии нақлиёти мусофиркашонӣ аз масъулиятнокии ҳар шаҳрванд вобастагии амиқ дорад.

АКС: Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе

Сентябрь 1, 2026 10:08

Хабарҳои дигари ин бахш

31 ОКТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ШАҲРҲО. Дар хиёбони Саъдии Шерозии Душанбе 3 эстакадаи дусатҳа бунёд мегардад
Шаҳри Душанбе бо ба даст овардани 65 ҷой ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» гардид
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳорови ноҳияи Фирдавсии пойтахт бо гузоштани санги асос ба сохтмони 3 эстакада ва як пул оғоз бахшиданд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз аз маҷмааи сайëҳию истироҳатии «Чорчаман» дидан намуданд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ дар деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз бо фаъолияти комплекси сайёҳии «ЗЕВ-С» ва намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ба ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рӯзи Президент дар пойтахт дар сатҳи баланди ташкилӣ таҷлил мешавад
Бо мақсади тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба Чин сафар намуд