ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 23 сентябр, чоршанбе, 266-умин рӯзи соли 2026 аст
23 сентябри соли 2010 дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мубоҳисаи умумии Иҷлосияи 65-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид суханронӣ намуданд.
***
Дар ин рӯзи соли 2024 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ню-Йорк дар доираи иҷлосияи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид бо Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Масъуд Пизишкиён мулоқот намуданд. Дар вохӯрӣ маҷмуи масоили ҳамкории Тоҷикистону Эрон баррасӣ гардид.
***
23 сентябри соли 2024 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ню-Йорк бо Директори идории Бонки ҷаҳонӣ оид ба амалиёт хонум Анна Бйерде мулоқот намуданд.
***
23 сентябри соли 2024 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ню-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҳамоиши Оянда иштирок ва суханронӣ намуданд.
***
23 сентябри соли 2024 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ню-Йорк бо муовини Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Владимир Воронков мулоқот намуданд.
***
23 сентябри соли 2024 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ню-Йорк бо Дабири кулли Созмони ҷаҳонии обуҳавосанҷӣ хонум Селесте Сауло мулоқот намуданд.
***
23 сентябри соли 2024 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ню-Йорк бо Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерриш мулоқот намуданд.
***
23 сентябри соли 2025 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ню-Йорк дар мубоҳисаҳои иҷлосияи 80-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид иштирок ва суханронӣ намуданд.
***
23 сентябри соли 2025 дар шаҳри Бишкек Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар Форуми сеюми байнипарламентии кишварҳои Осиёи Марказӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.
***
23 сентябри соли 2025 дар доираи Форуми сеюми байнипарламентии кишварҳои Осиёи Марказӣ дар шаҳри Бишкек Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо Раиси Сенати Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Узбекистон Танзила Нарбаева мулоқот намуданд.
23 СЕНТЯБР:
Рӯзи байналмилалии забонҳои имову ишора
***
Иди миллӣ – Рӯзи иттиҳоди Шоҳигарии Арабистони Саудӣ.
***
Дар Қирғизистон – Рӯзи забони давлатӣ.
***
Дар Ҷопон – Рӯзи эътидоли шабу рӯзи тирамоҳ.
РӮЙДОДҲО:
23 сентябри соли 1989 забони озарӣ дар Озарбойҷон забони давлатӣ эълон карда шуд.
***
23 сентябри соли 2009 дар шаҳри Душанбе байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо оид ба ҳуқуқи инсон муколама баргузор гардид.
***
23 сентябри соли 2010 дар шаҳри Ню-Йорк вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон, Афғонистон, Покистон ва Русия баргузор гардид.
***
23 сентябри соли 2015 бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Муассисаи давлатии «Осорхона-мамнуъгоҳи ҷумҳуриявии ба номи Восеъ» таъсис дода шуд.
***
23 сентябри соли 2016 дар пойтахти Тоҷикистон – шаҳри Душанбе маросими рӯнамоии Стратегияи ҳамкории Бонки Рушди Осиё ва Тоҷикистон доир шуд.
ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…
Соли 1894 аввалин иттифоқи касабаи Фаронса ташкил карда шуд.
***
Соли 2008 аввалин нусхаи низоми амалиётии «Android» рӯнамоӣ гардид.








ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 22 сентябр, сешанбе, 265-умин рӯзи соли 2026 аст






