ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 24 сентябр, панҷшанбе, 267-умин рӯзи соли 2026 аст

Сентябрь 24, 2026 08:00

24 сентябри соли 2009 дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико байни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҳамватанони бурунмарзие, ки дар Амрико кору зиндагӣ мекунанд, суҳбати озод баргузор гардид.

***

24 сентябри соли 2010 дар шаҳри Ню-Йорк Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намояндаи махсуси Иёлоти Муттаҳидаи Амрико  оид ба Афғонистон, Сарвазири Ҷопон ва Сарвазири Тайиланд мулоқот анҷом доданд.

***

24 сентябри соли 2020 дар деҳаи Тосқалъаи деҳоти Миралӣ Маҳмадалиеви ноҳияи Восеи вилояти Хатлон Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вазъияти тантанавӣ бо буридани лентаи рамзӣ Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №15-ро мавриди истифода қарор доданд.

***

24 сентябри соли 2024 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ню-Йорк дар мубоҳисаҳои 79-уми умумии Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид иштирок ва суханронӣ намуданд.

***

24 сентябри соли 2024 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ню-Йорк бо Валиаҳди Давлати Кувайт Шайх Сабоҳ ал-Холид Ал-Ҳамад ал-Муборак Ал-Сабоҳ мулоқот намуданд.

***

24 сентябри соли 2024 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи мубоҳисаҳои Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид бо Амири Давлати Қатар шайх Тамим ибни Ҳамад оли Сонӣ суҳбат намуданд.

***

23 сентябри соли 2025 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ню-Йорк дар мубоҳисаҳои иҷлосияи 80-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид иштирок ва суханронӣ намуданд.

***

23 сентябри соли 2025 дар фароварди сафар ба шаҳри Ню-Йорк Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Фаронса муҳтарам Эммануэл Макрон мулоқот намуданд.

24 СЕНТЯБР:

Рӯзи ҷаҳонии баҳр

***

Дар Камбоҷа – Рӯзи Конститутсия.

РӮЙДОДҲО:

24 сентябри соли 1923 маҷмааи табъу нашри «Московская правда» таъсис дода шуд.

***

 24 сентябри соли 1948 ширкати «Хонда мотор» («Honda Motor Co») таъсис ёфт.

***

Дар ин рӯзи соли 1968 Свазиленд ба узвияти Созмони Милали Муттаҳид қабул карда шуд.

***

24 сентябри соли 1972 дар раъйпурсии Норвегия 53,5% иштирокдорон ба муқобили дохилшавии мамлакат ба Иттиҳоди иқтисодии Аврупо овоз доданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2004  дар шаҳри Москваи Федератсияи Русия нависандаи тоҷик Темур Зулфиқоров бо ҷоизаи адабиёти Русия- «Марғзори равшан» сарфароз гардонида шуд.

***

24 сентябри соли 2009 дар пойтахти Молдова – шаҳри Кишинев Форуми 4-уми эҷодӣ ва илмии зиёиёни давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид.

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

 Соли 1953 дар Ҳолливуд аввалин филми манзаравӣ ба намоиш гузошта шуд.

***

Соли 1998 дар Фаронса аввалин маротиба ҷарроҳии насб кардани дасти як нафар ба шахси дигар анҷом дода шуд.

 

Сентябрь 24, 2026 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 16 октябр, ҷумъа, 289-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 15 октябр, панҷшанбе, 288-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 14 октябр, чоршанбе, 287-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 13 октябр, сешанбе, 286-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 12 октябр, душанбе, 285-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 11 октябр, якшанбе, 284-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 10 октябр, шанбе, 283-юмин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 октябр, ҷумъа, 282-юмин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 8 октябр, панҷшанбе, 281-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 7 октябр, чоршанбе, 280-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 6 октябр, сешанбе, 279-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 5 октябр, душанбе, 278-умин рӯзи соли 2026 аст