ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 6 сентябр, якшанбе, 249-умин рӯзи соли 2026 аст
6 сентябри соли 1999 дар майдони «Дӯстӣ»-и шаҳри Душанбе муҷассамаи шоҳ Исмоили Сомонӣ гузошта шуд, ки 13 метр баландӣ дорад.
***
6 сентябри соли 2009 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими мавриди истифода қарор гирифтани бемористони хусусии Абуалӣ Ибни Сино, воқеъ дар кӯчаи Фотеҳ Ниёзии шаҳри Душанбе иштирок намуданд.
***
Дар ин рӯзи соли 2015 Корхонаи истеҳсоли сементи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Тоҷ-Чайна-2013» ба истифода дода шуд.
***
Дар ин рӯзи соли 2024 дар Қасри миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Президенти Агентии Корея оид ба ҳамкории байналмилалӣ (КОИКА) Ҷанг Вон Самро ба ҳузур пазируфтанд. Дар мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистон бо Агентии Корея оид ба ҳамкории байналмилалӣ баррасӣ гардид.
6 СЕНТЯБР:
Дар Тоҷикистон–Рӯзи кормандони саноати нафту газ (якшанбеи аввали моҳи сентябр).
***
Дар Покистон – Рӯзи мудофиа.
***
Дар Чили – Рӯзи ваҳдати миллӣ.
РӮЙДОДҲО:
Дар ин рӯзи соли 1873 Федератсияи футболи Шотландия таъсис дода шуд, ки яке аз қадимтаринҳо дар ҷаҳон мебошад.
***
6 сентябри соли 1899 Иёлоти Муттаҳидаи Амрико барои муносибат бо Чин сиёсати «дарҳои кушод» эълон карданд.
***
Дар ин рӯзи соли 1936 унвони фахрии «Артисти халқии Иттиҳоди Шуравӣ» таъсис дода шуд.
***
6 сентябри соли 2000 дар Ню-Йорк вохӯрии ҷашнии сарони давлатҳои аъзои Созмони Милали Муттаҳид «Саммити ҳазорсола» баргузор гардид.
***
6 сентябри соли 2012 ҷавондухтари варзишгар, муштзани бомаҳорати тоҷик Мавзуна Чориева, ки дар бозиҳои ХХХ олимпии Лондон ба гирифтани ҷойи сеюм ва медали биринҷии олимпӣ мушарраф гардида, Парчами давлатии Тоҷикистонро дар он ҷо парафшон намуд, бо ордени «Шараф» ва 200 ҳазор сомонӣ ҷоизаи президентӣ сарфароз гардонида шуд.
***
6 сентябри соли 2014 дар шаҳри Душанбе меҳмонхонаи «Sheraton Dushanbe Hotel» ба истифода дода шуд.
***
6 сентябри соли 2014 дар шаҳри Душанбе дуюмин пойгоҳи инноватсионии ронандагии «Автодром» ифтитоҳ ёфт.
***
6 сентябри соли 2017 бо ташаббуси Сафорат ва мусоидати Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар саҳни ҳавлии Сафорати Тоҷикистон дар шаҳри Берлин айвони миллӣ насб карда шуд. Айвони мазкур бо санъати баланди чӯбкорӣ кандакорӣ шуда, ба сифати як гӯшаи зинда санъати миллӣ, таърихи куҳан ва ҳунари волои мардуми тоҷикро дар ин кишвари Аврупо муаррифӣ менамояд.
ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…
Соли 2006 аввалин шумораи маҷаллаи давлатӣ – сиёсӣ ва ҷамъиятӣ- фарҳангии «Бонувони Тоҷикистон» аз чоп баромад.
***
Соли 2011 дар шаҳри Душанбе бинои баландошёна – маркази тиҷоратии «Душанбе-Плаза» ба истифода дода шуд.








ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 5 сентябр, шанбе, 248-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 31 август, душанбе, 243-юмин рӯзи соли 2026 аст






