Таъсиси Маркази миллии маълумоти зондкунии фосилавии Замин дар шаҳри Душанбе баррасӣ шуд
ДУШАНБЕ, 12.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Масъалаҳои густариши ҳамкорӣ дар самти технологияҳои кайҳонӣ, зондкунии фосилавии Замин, истифодаи маълумоти моҳвораӣ ва таъсиси Маркази миллии маълумоти зондкунии фосилавии Замин дар шаҳри Душанбе дар вохӯрии Сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Исфандиёри Саъдулло бо муовини ширкати China Great Wall Industry Corporation (CGWIC) Ҷао Чунчао ва дигар намояндагони роҳбарикунандаи ин ширкат баррасӣ гардиданд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар ҷараёни вохӯрӣ ҷонибҳо оид ба имконияти рушди ҳамкорӣ дар самти истифодаи технологияҳои муосири кайҳонӣ ва маълумоти моҳвораӣ табодули афкор намуданд.
Иброз гардид, ки татбиқи лоиҳаи таъсиси Маркази миллии маълумоти зондкунии фосилавии Замин дар шаҳри Душанбе метавонад дар рушди низоми мониторинги равандҳои табиӣ ва экологӣ, аз ҷумла назорати ҳолати пиряхҳо, арзёбии захираҳои обӣ ва пешгирии оқибатҳои офатҳои табиӣ саҳми муҳим гузорад.
Рушди ҳамкорӣ бо ширкатҳои соҳавии байналмилалӣ дар самти технологияҳои кайҳонӣ барои татбиқи усулҳои муосири ҷамъоварӣ ва таҳлили маълумот, қабули қарорҳои асоснок ва таҳкими иқтидори технологӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.
АКС: Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Байни Тоҷикистон ва БАТР ба маблағи беш аз 62 миллион евро созишномаҳои қарзию грантӣ ба имзо расиданд
Пагоҳ ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамоти гумруки ИДМ баргузор мешавад
Дар Душанбе ҷаласаи 25-уми RILO-Москва баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Зафаробод шинос шуд
Агентии омор: «Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидор зиёд шудааст»
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Машварати сеюми роҳбарони мақомоти зиддикоррупсионии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Тағйирёбии иқлим сабаби коҳиш ёфтани ҳосилнокии мева дар Тоҷикистон гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои нави дидбонгоҳи гумрукӣ ба истифода дода шуд
Дар Душанбе масъалаи татбиқи лоиҳаву барномаҳои муштарак бо намояндаи ЮНИСЕФ баррасӣ гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ ва ҳолати инфрасохтори обёрии ноҳияи Мастчоҳ шинос шуд
Дар Душанбе оид ба ташхиси макроиқтисодӣ ҳамоиш баргузор шуд






