Тавсеаи ҳамкории Тоҷикистон бо ЮНИСЕФ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист баррасӣ гардид

Сентябрь 12, 2026 09:55

ДУШАНБЕ, 12.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Масъалаҳои мубрами ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва ЮНИСЕФ, аз ҷумла фаъолияти дуҷониба дар доираи якчанд барномаҳои афзалиятнок дар мулоқоти Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода бо Роҳбари навтаъйини Намояндагии Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон (UNICEF) хонум Габриэлла Акимова дар шаҳри Душанбе баррасӣ шуданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Мусоҳибон ҳамкориро дар доираи барномаҳои афзалиятнок дар соҳаи ҳифзи муҳити зист, ки ба «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» мутобиқат мекунад ва афзалияти Нақшаи кории муштарак барои соли 2027 муҳокима намуданд.

Баҳодур Шерализода бо дахли ҳамкории Кумитаи ҳифзи муҳити зист бо ЮНИСЕФ дар самти беҳдошти муҳити зист изҳори назар намуд.

Ҳамзамон мусоҳибон доир ба таҳкими ҳамкории минбаъда, бахусус дар самтҳои тағйирёбии иқлим, амнияти экологӣ, инчунин баланд бардоштани маърифати экологии кӯдакону ҷавонон табодули назар намуданд.

Ҷонибҳо ҳамкориро тавассути Маркази миллии иҷрои Конвенсияи Стокголм оид ба ифлоскунандаҳои органикии устувор, аз ҷумла ташаббуси муштарак оид ба истифодаи зеҳни сунъӣ барои харитасозии ифлосшавии хок ва хавфҳои марбут ба пеститсидҳо бо таваҷҷуҳи махсус ба таъсири эҳтимолии онҳо ба кӯдакон ва ҷомеаҳо, инчунин масъалаҳои таҳияи Саҳми дар сатҳи миллӣ муайяншудаи Тоҷикистон (NDC 3.0), бахусус дар самтҳои кӯдакону ҷавонон, маърифати иқлимӣ ва малакаҳои сабзро баррасӣ намуданд.

АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сентябрь 12, 2026 09:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Рушди ҳамкории байниминтақавии Хатлону Пенза баррасӣ гардид
Тоҷикистон ҳамкориро дар соҳаи саноат бо вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият медиҳад
Дар вилояти Суғд беш аз 2 ҳазор километр роҳ аз таъмир бароварда шуд
Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» бо иштироки беш аз 30 давлат баргузор шуд
Дар Душанбе симпозиуми ҷамъбастӣ ва форуми муштарак баргузор шуд
Дар шаҳри Норак Фестивали анорпарварон баргузор гардид
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии роҳбарони хадамоти андози кишварҳои аъзои ИДМ доир шуд
Дар Душанбе конференсияи байналмилалӣ оид ба рушди илм ва истеҳсолоти кишоварзӣ баргузор гардид
Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалии «Тоҷикистон-2026» баргузор мегардад
Дар Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» беш аз 30 созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Ҳайати Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон дар «Ҳафтаи бехатарии авиатсионии ИКАО» дар Остона иштирок намуд
Дар Ереван ҳамкории Тоҷикистон бо Арманистон дар самти ҷалби маблағгузории иқлимӣ баррасӣ шуд