ТОҶИКИСТОН — ТАШАББУСКОРИ РӮЗНОМАИ НАВИ ҶАҲОНИИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ. Дар ҳошияи қабули қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ оид ба таҷлили Рӯзи байналмилалии зеҳни сунъии бехатар, ҳифзшуда ва боэътимод

Сентябрь 3, 2026 14:59

ДУШАНБЕ, 03.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар шароити рушди босуръати технологияҳои рақамӣ ва ворид гардидани зеҳни сунъӣ ба тамоми паҳлуҳои ҳаёти инсон масъалаи истифодаи бехатар, ҳифзшуда ва боэътимоди он ба яке аз масъалаҳои муҳими рӯзномаи байналмилалӣ табдил ёфтааст. Имрӯз зеҳни сунъӣ на танҳо дастоварди илмӣ ва технологӣ, балки воситаи муҳими дигаргунсозии иқтисод, саноат, маориф, тандурустӣ, идоракунии давлатӣ, илм ва муносибатҳои иҷтимоӣ ба шумор меравад.

— Дар чунин шароит қабули қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таҷлили 31 август ҳамчун Рӯзи байналмилалии зеҳни сунъии бехатар, ҳифзшуда ва боэътимод рӯйдоди муҳим дар рушди ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи технологияҳои навин ба ҳисоб меравад. Тибқи ташаббуси мазкур, шуруъ аз соли 2027 минбаъд 31 август ҳамчун Рӯзи байналмилалии зеҳни сунъии бехатар, ҳифзшуда ва боэътимод таҷлил хоҳад гардид.

Қабули қатъномаи мазкур идомаи сиёсати пайгиронаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташаббусҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти рушди зеҳни сунъӣ, технологияҳои навин ва истифодаи масъулонаи онҳо мебошад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар ҳалли масъалаҳои глобалӣ тавассути пешниҳоди ташаббусҳои созанда дар доираи Созмони Милали Муттаҳид мавқеи фаъолро ишғол намуда, дар самтҳои муҳими рушди байналмилалӣ пайваста ташаббусҳои нав пешниҳод менамояд.

Солҳои охир масъалаҳои рушди технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ ба яке аз самтҳои муҳими сиёсати байналмилалии кишвар табдил ёфтаанд. Ин раванд бо сиёсати созанда ва дурнамои стратегии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти рушди иқтисоди рақамӣ, илм, маориф, технологияҳои навин ва омода намудани кадрҳои ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир робитаи мустақим дорад.

Ташаббуси марбут ба Рӯзи байналмилалии зеҳни сунъии бехатар, ҳифзшуда ва боэътимод аз он ҷиҳат аҳаммияти махсус дорад, ки масъалаи истифодаи AI-ро на танҳо аз мавқеи имконоти технологӣ, балки аз нуқтаи назари масъулият, амният ва манфиатҳои инсон арзёбӣ менамояд.

Дар воқеъ, зеҳни сунъӣ метавонад ба рушди иқтисодиёт, баланд бардоштани ҳосилнокии меҳнат, такмили хизматрасониҳои давлатӣ, рушди илм ва маориф, пешгирии офатҳои табиӣ, идоракунии захираҳои об, беҳтар намудани хизматрасониҳои тиббӣ ва ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ мусоидат намояд. Аммо дар баробари ин, истифодаи нодуруст ё бемасъулиятонаи технологияҳои мазкур метавонад ба масъалаҳои марбут ба ҳифзи маълумоти шахсӣ, амнияти киберӣ, паҳншавии маълумоти бардурӯғ ва дигар хатарҳо оварда расонад.

Аз ин рӯ, масъалаи асосӣ танҳо рушди зеҳни сунъӣ нест, балки рушди чунин зеҳни сунъиест, ки ба инсон ва ҷомеа хизмат кунад, ҳуқуқу озодиҳои инсонро эҳтиром намояд ва дар доираи меъёрҳои бехатарӣ ва масъулиятнокӣ истифода шавад.

Интихоби 31 август барои Рӯзи байналмилалии зеҳни сунъии бехатар, ҳифзшуда ва боэътимод дорои аҳаммияти хоси таърихӣ мебошад.

Маҳз 31 августи соли 1955 чор донишманди маъруф — Ҷон Маккарти, Марвин Минский, Натанел Рочестер ва Клод Шеннон пешниҳоди лоиҳаи таҳқиқотии «A Proposal for the Dartmouth Summer Research Project on Artificial Intelligence»-ро пешниҳод намуданд. Ин ҳуҷҷат барои баргузории таҳқиқоти илмӣ оид ба зеҳни сунъӣ дар тобистони соли 1956 дар Донишгоҳи Дартмут таҳия шуда буд.

Ҳамин ташаббуси илмӣ дар таърихи ташаккули зеҳни сунъӣ ҷойгоҳи махсус дорад. Дар он андешае ба миён гузошта шуда буд, ки ҷанбаҳои гуногуни омӯзиш ва дигар хусусияти зеҳни инсон метавонанд ба дараҷае дақиқ тавсиф карда шаванд, ки мошинҳо имкони тақлид кардани онҳоро пайдо намоянд.

Аз ин рӯ, 31 август танҳо як санаи тақвимӣ нест. Ин рӯз бо яке аз марҳилаҳои муҳимтарини ташаккули илми зеҳни сунъӣ пайванди мустақим дорад.

Пайваст намудани чунин санаи таърихӣ бо масъалаи бехатарӣ, ҳифз ва эътимоднокии AI маънои рамзии муҳим дорад: ҷомеаи ҷаҳонӣ аз марҳилаи эҷоди идеяи зеҳни сунъӣ ба марҳилаи истифодаи масъулонаи он қадам мегузорад.

Зеҳни сунъӣ имрӯз бо суръате рушд мекунад, ки дар баъзе ҳолатҳо имконоти он аз тасаввуроти солҳои пеш хеле фаротар рафтаанд. Системаҳои муосири AI метавонанд матн ва тасвир эҷод кунанд, маълумоти бузургро таҳлил намоянд, равандҳои истеҳсолиро идора кунанд, намунаҳои мураккабро муайян созанд ва дар қабули қарорҳои инсонӣ кумак расонанд.

Дар соҳаи маориф истифодаи зеҳни сунъӣ имконияти нави таълимӣ ба вуҷуд овардааст. Омӯзиши инфиродӣ, таҳияи маводи таълимӣ, арзёбии дониш, таҳлили натиҷаҳои донишҷӯён ва ташкили муҳити рақамии таълимӣ аз ҷумлаи самтҳое мебошанд, ки AI метавонад дар онҳо нақши муассир дошта бошад.

Дар соҳаи саноат зеҳни сунъӣ метавонад ба автоматизатсияи истеҳсолот, назорати сифати маҳсулот, пешгӯии ҳолати таҷҳизот, кам намудани талафот ва истифодаи самараноки захираҳо мусоидат намояд. Барои кишваре, ки ҳадафи рушди саноатикунонии босуръатро пеш гирифтааст, истифодаи чунин технологияҳо метавонад омили муҳими баланд бардоштани рақобатпазирии истеҳсолоти миллӣ гардад.

Дар соҳаи кишоварзӣ низ AI метавонад дар мониторинги заминҳо, муайян намудани ҳолати зироат, пешгӯии обу ҳаво, идоракунии оқилонаи об ва баланд бардоштани самаранокии истеҳсолот истифода шавад.

Ҳар технологияи пуриқтидор дар баробари имконият масъулияти зиёд ба миён меорад. Зеҳни сунъӣ истисно нест.

Мафҳуми «бехатар» будани зеҳни сунъӣ, пеш аз ҳама, маънои онро дорад, ки системаҳои AI бояд ҳангоми истифода ба инсон, ҷомеа ва муҳити зист зарари пешбинишаванда нарасонанд. Барои ин санҷиши системаҳо, арзёбии хатарҳо ва назорати фаъолияти онҳо зарур мебошад.

«Ҳифзшуда» будани AI ба масъалаҳои амнияти иттилоотӣ ва киберӣ алоқаманд аст. Дар шароите ки системаҳои зеҳни сунъӣ бо ҳаҷми бузурги маълумот кор мекунанд, ҳифзи маълумоти шахсӣ, маълумоти давлатӣ ва маълумоти тиҷоратӣ аҳаммияти аввалиндараҷа пайдо мекунад.

«Боэътимод» будани зеҳни сунъӣ маънои онро дорад, ки истифодабаранда метавонад ба натиҷаи кори система бо назардошти сатҳи муайяни санҷиш, шаффофият ва масъулият такя намояд.

Ҳамин се мафҳум — бехатарӣ, ҳифз ва эътимод метавонанд асоси муносибати нав ба рушди технологияҳои зеҳни сунъӣ бошанд.

Қабули Рӯзи байналмилалии зеҳни сунъии бехатар, ҳифзшуда ва боэътимод аҳаммияти дигар низ дорад. Он метавонад барои табодули таҷрибаи давлатҳо, баргузории ҳамоишҳои илмӣ, мизҳои мудаввар, конфронсҳо, барномаҳои таълимӣ ва муҳокимаҳои байналмилалӣ заминаи нав фароҳам оварад.

Дар ин замина давлатҳо метавонанд таҷрибаи миллии худро дар соҳаи танзими AI, рушди технологияҳои рақамӣ, ҳифзи маълумот ва омодасозии кадрҳо мубодила намоянд. Барои кишварҳои рӯ ба рушд ин имконияти муҳимест, то дар ташаккули меъёрҳои байналмилалӣ иштироки фаъол дошта бошанд ва ҳамзамон дастрасии одилона ба технологияҳои навро таъмин намоянд.

Дар чунин шароит ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаи муҳими ҷаҳонӣ равона шуда, метавонад ба таҳкими ҳамкории байналмилалӣ дар самти истифодаи масъулонаи технологияҳои нав мусоидат намояд.

Ҳамин тариқ, 31 августи соли 2026 метавонад дар таърихи рушди муносибатҳои байналмилалӣ дар соҳаи технологияҳои нав ҳамчун санаи муҳим арзёбӣ гардад. Ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масъалаи таҷлили Рӯзи байналмилалии зеҳни сунъии бехатар, ҳифзшуда ва боэътимод на танҳо масъалаи технологӣ, балки иқдоми муҳими сиёсӣ, илмӣ ва иҷтимоӣ мебошад.

Аҳаммияти аслии ин ташаббус дар он ифода меёбад, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ба марҳилаи нави муносибат бо зеҳни сунъӣ ворид мешавад: аз марҳилаи танҳо таҳияи технология ба марҳилаи идоракунии масъулона, истифодаи бехатар ва ба манфиати инсон равона намудани он.

Фирӯз ҒАФФОРЗОДА,
муовини ректори Донишгоҳи технологии Тоҷикистон
оид ба татбиқи стратегияҳо ва
рушди технологияҳои инноватсионӣ

Сентябрь 3, 2026 14:59

Хабарҳои дигари ин бахш

ДЕВДАРА ГУЛДАРА ШУД! Ва ё чӣ тавр бо талоши Пешвои миллат он роҳи камраву касногузар ба шоҳроҳи ваҳдат табдил ёфт
РУШДИ МАҚОМОТИ ПРОКУРАТУРАИ ҲАРБӢ. Эҳдо ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон
Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҷузъиёти баргузории Конфронси оби СММ-2028 дар Душанбе қатънома қабул намуд
ИМРӮЗ — РӮЗИ ГВАРДИЯИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН. Гвардияи миллӣ ба сохтори қудратманди ҳарбии таъйиноти махсус табдил ёфтааст
ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН ТО АБАД УСТУВОРУ ПОЯНДА БОШАД! Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
Панҷ нуктаи омӯзанда аз Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ бо паёми Президенти Тоҷикистон
СОТИМ УЛУҒЗОДА ВА ҚАДРШИНОСИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба 115-солагии Нависандаи халқии Тоҷикистон Сотим Улуғзода
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛ: АЗ ОЗМОИШҲОИ ТАЪРИХ ТО БУНЁДИ ПОЯҲОИ ОЯНДАИ ДУРАХШОН. Андешаҳо дар ин маврид
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ БАРҶАСТАИ ПОЙДОРИИ ДАВЛАТ. Андешаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба Истиқлолияти давлатӣ
АЗ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ ТО ТАШАККУЛИ РӮЗНОМАИ ҶАҲОНИИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ дар ин маврид
Рушди молияи давлатӣ: аз ташаккули низоми мустақили молиявӣ то идоракунии рақамии буҷет
Бо ташаббуси Тоҷикистон СММ 31 августро Рӯзи байналмилалии зеҳни сунъии бехатар, ҳифзшуда ва боэътимод эълон намуд