Тоҷикистон ва Корея ҳамкории гумрукиро густариш медиҳанд
ДУШАНБЕ, 16.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. 16 сентябри соли 2026 дар шаҳри Сеули Ҷумҳурии Корея дар доираи сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Корея Ёддошти тафоҳум байни Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти гумруки Ҷумҳурии Корея оид ба ҳамкорӣ дар самти ҳифзи ҳуқуқи моликияти зеҳнӣ дар сарҳад ба имзо расид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Ин санад яке аз ҳуҷҷатҳои муҳими ҳамкорӣ мебошад, ки дар натиҷаи мулоқоту музокироти сатҳи олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Корея ба имзо расида, ба таҳкими заминаи ҳуқуқии ҳамкории дуҷониба дар соҳаи фаъолияти гумрукӣ равона гардидааст.
Ҳуҷҷати мазкур барои рушди ҳамкории муассир байни Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти гумруки Ҷумҳурии Корея, инчунин таҳкими робитаҳои касбӣ ва мубодилаи таҷриба байни мақомоти гумруки ду давлат заминаи мусоид фароҳам меорад.
Дар доираи ин санад ҳамкорӣ дар самтҳои мубодилаи иттилоот ва маълумоти гумрукӣ, расонидани ёрии мутақобил дар пешгирӣ, ошкор ва таҳқиқи ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукӣ, мубодилаи таҷриба ва таҷрибаи пешқадам, инчунин рушди иқтидори касбии кормандони мақомоти гумрук пешбинӣ мегардад.
Баимзорасии санади ҳамкорӣ қадами муҳим дар самти таҳкими ҳамкории Тоҷикистон ва Корея дар соҳаи гумрук ба ҳисоб рафта, ба рушди минбаъдаи ҳамкории мутақобили судманд, мубодилаи таҷриба ва татбиқи таҷрибаи пешрафтаи байналмилалӣ дар фаъолияти гумрукӣ мусоидат мекунад.
Дар доираи мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Корея якчанд санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд, ки ҳамкории ду кишварро дар соҳаҳои гуногун тақвият мебахшанд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд
Сулаймон Зиёзода бо ҷамъоварии ҳосили пахта дар ноҳияи Ҷаббор Расулов шинос шуд
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон барои навсозии роҳи «Балҷувон-Сари Хосор» бо ширкати чинӣ қарордод ба имзо расонид
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон беш аз 35 фоиз афзоиш ёфтааст
Дар Душанбе ҷалби сармояи мустақими Саудӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 8,5 фоиз афзоиш ёфтааст
Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии сабзӣ идома дорад
МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд
Барои кишти соли 2027 беш аз 218 ҳазор тонна картошкаи тухмӣ захира мегардад
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд






