Варзишгари тоҷик Ҷаҳонгир Камолов дар Мусобиқаи байналмилалии Ҷоми АвруОсиё соҳиби медали тилло шуд

Сентябрь 17, 2026 14:12

ДУШАНБЕ, 17.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Читаи Федератсияи Русия Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба бокс байни варзишгарони ҷавон баргузор гардид. Дастпарвари Муассисаи давлатии «Мактаби махсуси варзишии захираҳои олимпии №9 оид ба бокс»-и шаҳри Душанбе Ҷаҳонгир Камолов дар ин мусобиқа бо нишон додани маҳорати баланди касбӣ соҳиби медали тилло шуд.

Тавре ба шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» аз ин муассисаи давлатӣ иттилоъ доданд, варзишгари тоҷик дар панҷ қувваозмоӣ ба рақибонаш дастболо шуда, соҳиби мақоми аввал ва медали тилло гардид.

Дар маросими ҷоизасупорӣ ба варзишгари тоҷик Ҷаҳонгир Камолов аз ҷониби ташкилкундагони мусобиқа камарбанд ва мукофоти пулӣ тақдим карда шуд.

АКС аз манбаъҳои боз

Сентябрь 17, 2026 14:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад