Вазири мудофиа: «Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ Артиши миллии Тоҷикистон роҳи пуршарафу пурмасъулиятро тай намуд»

Сентябрь 4, 2026 17:00

ДУШАНБЕ, 04.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Истиқлолияти давлатӣ барои ҳар миллат танҳо ба даст овардани соҳибихтиёрии сиёсӣ нест. Истиқлолият, пеш аз ҳама, масъулияти бузурги таърихӣ, эҳсоси соҳибватанӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва омодагӣ ба ҳимояи дастовардҳои давлатдорӣ мебошад. Барои мо, тоҷикон, ки дар оғози солҳои соҳибистиқлолӣ рӯзҳои ниҳоят душворро паси сар кардем, арзиши истиқлолият боз ҳам амиқтар аст.

— Соли равон мардуми сарбаланди мамлакат 35-солагии Истиқлолияти давлатиро таҷлил менамоянд. 35 сол дар миқёси таърих шояд муддати тӯлонӣ набошад, аммо барои як давлати ҷавон ин солҳо марҳалаи ташаккули пояҳои давлатдорӣ, таҳкими сулҳу субот, рушди иқтисодию иҷтимоӣ ва ба вуҷуд овардани ниҳодҳои муосири давлатӣ мебошад. Дар ҳамин давра Артиши миллии Тоҷикистон низ роҳи пуршарафу пурмасъулиятро тай намуда, аз сохтори навтаъсис ба неруи муташаккил, дорои таҷриба, кадрҳои соҳибкасб, техника ва заминаҳои муосири таълимӣ табдил ёфт.

Имрӯз вақте ба роҳи тайкардаи давлат менигарем, равшан эҳсос мешавад, ки байни Истиқлолияти давлатӣ ва Артиши миллӣ робитаи ногусастанӣ вуҷуд дорад. Зеро истиқлолият бе низоми боэътимоди ҳифзи давлат, марзу буми он ва амнияти шаҳрвандон пойдор буда наметавонад. Артиши миллӣ дар баробари иҷрои вазифаи муқаддаси ҳифзи Ватан яке аз рукнҳои муҳими давлатдории миллӣ ба шумор меравад.

Таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ дар шароити ниҳоят душвор ба амал омад. Пойгоҳи моддию техникӣ, кадрҳои касбӣ ва сохтори мукаммали низомӣ ҳанӯз ба таври зарурӣ ташаккул наёфта буданд. Бо вуҷуди ин, зарурати ҳифзи давлати навини тоҷикон ва таъмини амният тақозо мекард, ки ин ниҳоди муҳим ҳарчи зудтар бунёд ва таҳким дода шавад.

Дар ин раванд нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ, генерали артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон басе муҳим арзёбӣ мегардад. Аз рӯзҳои аввали давлатсозӣ масъалаи таҳкими иқтидори мудофиавии кишвар дар меҳвари сиёсати давлатӣ қарор дошт.

Имрӯз бо ифтихор метавон гуфт, ки Артиши миллии Тоҷикистон давоми солҳои соҳибистиқлолӣ мактаби бузурги ватандӯстӣ, садоқат ба давлат ва хизмат ба халқу Ватанро ба вуҷуд овардааст. Афсарону сарбозони мамлакат дар ин мактаб обутоб ёфта, бо дарки баланди масъулияти касбӣ рисолати худро иҷро мекунанд.

Ҷаҳони имрӯз моро водор месозад, ки масъалаи омодагии мудофиавиро на танҳо ҳамчун вазифаи сохторҳои низомӣ, балки ҳамчун масъалаи умумимиллӣ дарк намоем. Тағйироти босуръати сиёсию амниятӣ, пайдо шудани таҳдидҳои нав, рушди технологияҳои ҳарбӣ ва тағйирёбии усулҳои низомӣ тақозо мекунанд, ки ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳ ҳамеша дар ҳолати омодагии баланд қарор дошта бошанд.

Аз ҳамин ҷост, ки дар мамлакат гузаронидани машқҳои муштараки дохилию байналмилалӣ аҳамияти хос пайдо мекунад. Чунин машқҳо барои санҷиши омодагии ҷангӣ, баланд бардоштани маҳорати касбии ҳайати шахсӣ, такмили ҳамоҳангии сохторҳои гуногун ва табодули таҷрибаи муосири низомӣ замина фароҳам меоранд.

Дар дохили давлат низ машқҳои муштараки амалиётӣ – стратегӣ, тамринҳои васеи низомӣ, машғулияти омодагии сафарбарӣ ва чорабиниҳои зиддитеррористӣ мунтазам гузаронида мешаванд. Ҳамзамон ҳамкории ҳарбӣ ва ҳарбӣ–техникии Тоҷикистон бо давлатҳои гуногун густариш ёфта, табодули таҷриба ва донишҳои касбӣ ба яке аз самтҳои муҳими фаъолияти соҳа табдил ёфтааст.

Яке аз самтҳои муҳими таҳкими низоми мудофиавии мамлакат рушди мудофиаи ҳудудӣ мебошад. Солҳои охир дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат ҷамъомадҳои мудофиаи ҳудудӣ ва машғулияти омодагии сафарбарӣ мунтазам баргузор мешаванд.

Дар ин чорабиниҳо на танҳо хизматчиёни ҳарбӣ, балки намояндагони мақомоти маҳаллӣ, муассисаҳо, сохторҳои дахлдор ва шаҳрвандони дар эҳтиёт қарордошта низ иштирок мекунанд. Ҳадаф аз чунин ҷамъомадҳо омодасозии шаҳрвандон ба амал дар ҳолатҳои зарурӣ, санҷиши захираҳои сафарбарӣ, такмили ҳамоҳангии сохторҳои масъул ва баланд бардоштани сатҳи омодагии ҷомеа мебошад.

Баргузории чунин ҷамъомадҳо дар шаҳру ноҳияҳо, аз ҷумла минтақаҳои наздисарҳадӣ на танҳо омӯзиши амалҳои мушаххас, балки тарбияи ҳисси масъулияти шаҳрвандӣ ва ватандӯстиро низ тақвият мебахшад.

Дар раванди омодагии низомӣ машқгоҳҳои муосир ҷойгоҳи махсус доранд, зеро тамринҳо ва омодагии воқеии низомӣ бояд дар шароите гузарад, ки ба вазъияти амалии майдони машқ то ҳадди имкон наздик бошад.

Маҳз аз ҳамин нигоҳ мавриди истифода қарор гирифтани майдони танкронии машқгоҳи «Ҳарбмайдон» аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар моҳи декабри соли 2025 рӯйдоди муҳим барои рушди заминаи таълимии Қувваҳои Мусаллаҳ ба ҳисоб меравад. Ин машқгоҳ бо фароҳам овардани шароити зарурӣ барои машқҳои низомӣ, аз ҷумла истифодаи техникаҳои вазнини зиреҳпӯш имконияти нави таълимӣ фароҳам месозад.
Барои низомиён доштани чунин пойгоҳҳо танҳо як иншооти техникӣ нест. Машқгоҳ макони ташаккули маҳорати касбӣ, санҷиши омодагии техника ва ҳайати шахсӣ, такмили ҳамоҳангии экипажҳо ва баланд бардоштани малакаи қабули қарор дар шароити мураккаб мебошад.

Ҳар қадар шароити таълим ба воқеияти хизмати ҳарбӣ наздик бошад, ҳамон қадар сатҳи омодагии афсарону сарбозон баланд мегардад.

Дар баробари техника ва таҷҳизоти низомӣ неруи асосии Артиши миллӣ ҳайати шахсии он маҳсуб мешавад. Бинобар ин, фароҳам овардани шароити муносиб барои хизмат, истироҳат, таълим ва зиндагии онҳо аҳамияти бузург дорад.

Солҳои охир дар қисмҳои низомӣ садҳо биноҳои маъмурӣ, шаҳракҳои ҳарбӣ, иншооти таълимӣ, варзишӣ, маишӣ ва дигар иншооти зарурӣ сохтаву ба истифода дода шуданд. Ҳатто дар қисмҳои дурдасти низомӣ низ масъалаи муҳайё намудани шароити муосири хизмативу маишӣ ва заминаҳои моддиву техникии зарурӣ пайваста дар маркази таваҷҷуҳ қарор дорад.

Сохтмони биною иншооти дорои аҳамияти ҳарбӣ ва иҷтимоӣ танҳо ба беҳтар шудани инфрасохтори низомӣ мусоидат намекунад. Он ба баланд шудани руҳияи ҳайати шахсӣ, беҳтар гардидани шароити хизмат ва таҳкими эътимоди сарбоз ба давлат ва ҷомеа таъсир мерасонад.

Артиши муосирро бе технология тасаввур кардан душвор аст. Имрӯз рушди техникаи ҳарбӣ, низомҳои иртиботӣ, воситаҳои идоракунӣ, таҷҳизоти мушоҳидавӣ ва дигар технологияҳои нав талаб мекунад, ки ҳайати шахсӣ пайваста дониш ва малакаи худро такмил диҳад.

Дар ин замина яке аз вазифаҳои муҳими низомиёни имрӯз азхуд намудани технологияҳои муосир ва истифодаи дурусти онҳо дар фаъолияти хизматӣ мебошад.

Аз ин рӯ, баланд бардоштани сатҳи таҳсилоти касбӣ, омӯзиши фанҳои муосир, такмили малакаҳои техникӣ, азхуд кардани таҷрибаи пешрафта ва омодасозии кадрҳои ҷавони соҳибмаърифат яке аз самтҳои муҳими рушди Қувваҳои Мусаллаҳ мебошад.

Имрӯз, дар остонаи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ мо метавонем бо роҳи тайкардаи мамлакати азизамон ифтихор кунем. Аммо ифтихор бояд бо масъулият ҳамроҳ бошад.
Насли имрӯз бояд ба насли фардо давлатеро ба мерос гузорад, ки сулҳу суботи он устувор, иқтисодаш рушдёбанда, ҷомеааш муттаҳид ва Қувваҳои Мусаллаҳаш қавӣ бошад.

Бояд хуб дарк кунем, ки таҳкими амнияти давлат танҳо вазифаи низомиён нест. Он масъулияти умумии шаҳрвандист. Хизматчии ҳарбӣ бо иҷрои вазифаи худ, олим бо илми худ, омӯзгор бо тарбияи насли нав, табиб бо табобати беморон, деҳқон бо меҳнати худ ва соҳибкор бо саҳми созандааш дар пешрафти Тоҷикистон саҳм мегузорад.

Ҳамин аст маънои воқеии давлатсозӣ. 35 соли Истиқлолияти давлатӣ ба мо ҳақиқати муҳимро собит намуд. Давлат вақте қавӣ мегардад, ки мардумаш муттаҳид, ҷомеааш масъулиятшинос ва ниҳодҳои асосии давлатдорияш устувор бошанд.

Бовар дорам, ки хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар сохторҳо минбаъд низ рисолати касбиро бо ҳисси баланди масъулият иҷро намуда, технологияҳои муосирро азхуд карда, дониш ва маҳорати касбии худро пайваста такмил медиҳанд ва дар таҳкими иқтидори мудофиавии ҷумҳурӣ саҳми арзанда мегузоранд.

Эмомалӣ СОБИРЗОДА,
Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон

АКС: Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сентябрь 4, 2026 17:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Москва 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Дар Тоҷикистон соли 1991 танҳо 15 театр фаъолият мекард
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ҲАЛЛИ МУШКИЛОТИ ҶАҲОНИИ ЭКОЛОГӢ: аз обу иқлим то зеҳни сунъӣ. Андешаҳо дар ин маврид
Оид ба дастовардҳои илмии Тоҷикистон дар солҳои соҳибистиқлолӣ ҳамоиш доир шуд
Сокинони шаҳри Норак ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бошукуҳ таҷлил намуданд
«Эмомалӣ Раҳмон — муаррифгари таърихи ниёгон ва тамаддуни навини тоҷикон». Таҳти ин унвон китоб ба нашр расид
ҶОЙГОҲИ ТОҶИКИСТОН ДАР АРСАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бахшида мешавад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон ба номи Шамсиддин Шоҳинро пас аз навсозӣ ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бохтар бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Хатлон мулоқот намуданд
Китоби «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров ба забони олмонӣ нашр гардид
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Кумитаи ҳифзи муҳити зист ҷамъомади тантанавӣ баргузор шуд
«БУРҶИ ДУШАНБЕ» — 77 ОШЁНА ВА 340 МЕТР БАЛАНДӢ. Сохтмони баландтарин иншоот дар пойтахти Тоҷикистон оғоз гардид