Як зумра кормандони гуногункасб, хизматчиёни давлатӣ ва рӯзноманигорон бо мукофотҳои давлатӣ қадрдонӣ гардиданд

Сентябрь 7, 2026 09:33

ДУШАНБЕ, 07.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Зимни чорабинӣ Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Анвар Сафарзода иброз намуд, ки Истиқлоли давлатӣ барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи нави давлатдорӣ ва созандагиро оғоз бахшида, давоми 35 сол таҳти роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа дигаргуниҳои бунёдӣ ба амал омаданд. Дар ин давра барои рушди босуботи иқтисодию иҷтимоӣ, дастгирии ҷавонон, пешрафти илму маориф, густариши сайёҳӣ, рушди минтақаҳо, таҳкими фазои иттилоотӣ ва баланд бардоштани мақому манзалати аҳли эҷод заминаҳои мусоид фароҳам оварда шуданд.

Барои хизматҳои шоиста дар назди давлат ва ҷомеа, фаъолияти пурсамару содиқона, саҳми арзанда дар рушди соҳаҳои сайёҳӣ, ҷавонон ва варзиш, маорифу илм, рушди иҷтимоии маҳал, матбуоту воситаҳои ахбори омма, тарғиби дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ, таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ, тарбияи насли наврасу ҷавон дар руҳияи ватандӯстиву ватанпарастӣ ва иштироки фаъолона дар ҳаёти ҷамъиятии мамлакат ба як зумра кормандони Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, аъзои раёсати Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва рӯзноманигорон мукофотҳои давлатӣ – унвони фахрии «Корманди шоистаи Тоҷикистон», медали «Хизмати шоиста», медали ҷашнии «35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Ифтихорномаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдим карда шуданд.

Дар ин рӯз ҳамчунин хабарнигорони Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ва Радиои «FM Ховар» Зарангез Латифзода ва Меҳрони Қурбон барои саҳми арзанда дар рушди фарҳанги миллӣ, фаъолияти пурсамар ва хизматҳои шоиста бо медали «35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қадрдонӣ карда шуданд.

Мукофотҳои давлатиро аз номи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Анвар Сафарзода дар вазъияти тантанавӣ супорид.

Дар идома чанде аз сарфарозшудагон барои қадршиносии фаъолияти меҳнатӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори сипос намуда, таъкид доштанд, ки ин таваҷҷуҳу эътимоди баланд онҳоро ба фаъолияти боз ҳам самаранок, ташаббускорӣ ва саҳмгузории бештар дар пешрафту ободии мамлакат ҳидоят менамояд.

Дар фарҷоми таъкид гардид, ки мукофоти давлатӣ, пеш аз ҳама, рамзи эътимоди давлат ва ҷомеа буда, соҳибони онро водор месозад, ки бо неру ва масъулияти бештар ба халқу Ватан хизмат намоянд ва бо фаъолияти созанда дар татбиқи ҳадафҳои стратегии давлат ва ободии минбаъдаи Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳм гузоранд.

 

 

Сентябрь 7, 2026 09:33

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Кадом қонуншиканиҳо метавонанд боиси ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия гарданд?
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Рашт ба 80 оилаи ниёзманд ангишт кумак карда шуд
Дар ноҳияи Файзобод китобхона, кӯдакистон ва синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуданд
Дар вилояти Суғд беш аз 15 ҳазор иншоот бунёд гардидааст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Нақшаи буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар вилояти Суғд беш аз 100 фоиз иҷро гардид
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони бинои нави муассисаи таълимӣ идома дорад
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат коргоҳи коркарди моҳии ҶДММ «Баҳор»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат ба таври фосилавӣ 16 иншооти таъиноти гуногунро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат корхонаи истеҳсолии «Алянс мебел»-ро мавриди истифода қарор доданд