Ҳабибулло Воҳидзода бо Котиби иҷроияи Шурои ҳамоҳангсозии прокурорҳои генералии давлатҳои аъзои ИДМ Александр Баженов вохӯрӣ намуд
ДУШАНБЕ, 03.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар ҳошияи ҷаласаи 36-уми Шурои ҳамоҳангсозии прокурорҳои генералии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустаиқил, вохӯрии Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулло Воҳидзода ва Котиби иҷроияи Шурои ҳамоҳангсозии прокурорҳои генералии давлатҳои аъзои ИДМ Александр Баженов баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Александр Баженовро бо таъиноташон ба вазифаи Котиби иҷроияи Шурои ҳамоҳангсозии прокурорҳои генералии ИДМ табрик гуфта, изҳор намуданд, ки таҷрибаи васеъ ва касбияташон ҳамчун пояи боэътимод барои рушди минбаъдаи ҳамкории ҳуқуқӣ байни прокуратураҳои генералии кишварҳои ИДМ хизмат хоҳад кард.
Дар рафти суҳбат ҷонибҳо масъалаҳои такмили минбаъдаи фаъолияти Котиботи Шурои ҳамоҳангсозии прокурорҳои генералии давлатҳои аъзои ИДМ (ШҲПГ ИДМ)-ро ҷиҳати ҳамоҳангсозии кӯшишҳои муштараки мақомоти прокуратура дар мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, таъмини волояти қонун ва таҳкими тартиботи ҳуқуқӣ дар минтақа баррасӣ намуданд.
Нақши муҳими Котибот дар рушди робитаҳои мустақими касбӣ ва ҳамкории амалии байни мақомоти назоратии кишварҳои иштирокчӣ бошад, махсусан қайд карда шуд.
АКС: Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон








ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид
Байни Суди Олии Тоҷикистон ва Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид






