Ҳабибулло Воҳидзода бо Прокурори генералии Ҷумҳурии Беларус Дмитрий Гора мулоқот намуд

Октябрь 3, 2026 08:01

ДУШАНБЕ, 03.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар ҳошияи ҷаласаҳои муштараки роҳбарони мақомоти назоратии давлатҳои аъзои Иттиҳоди давлатҳои Мустақил ва Созмони ҳамкории Шанхай, ки дар шаҳри Қазони Федератсияи Русия баргузор гардида истодааст, Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулло Воҳидзода бо  Прокурори генералии Ҷумҳурии Беларус Дмитрий Гора мулоқот намуд. Дар ин хусус  АМИТ «Ховар» бо истинод ба Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ ҷонибҳо аз сатҳи кунунии ҳамкории байниидоравӣ изҳори қаноатмандӣ карда, зарурати тақвияти минбаъдаи ҳамкориро дар мубориза бо ҷинояткории фаромиллӣ тақозо намуданд.

Ба механизмҳои амалӣ, аз қабили мубодилаи мунтазами таҷрибаи касбӣ, мубодилаи мутақобилаи маълумоти оперативӣ ва расонидани ёрии муассири ҳуқуқӣ дар доираи парвандаҳои ҷиноятӣ, таваҷҷӯҳи махсус зоҳир карда шуд.

АКС: Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Октябрь 3, 2026 08:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Арабӣ Ёддошти тафоҳум оид ба эътирофи мутақобили шаҳодатномаҳои ронандагӣ ба имзо расид
Дар Прокуратураи генералӣ Рӯзи Президентро таҷлил намуданд
Нақшаи даъвати тирамоҳии шаҳрвандони Тоҷикистон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро шуд
80 корманди мақомоти корҳои дохилӣ бо манзили зист таъмин мешаванд
Соли 2027 Тоҷикистон раёсатро дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ба уҳда мегирад
Ҳабибулло Воҳидзода бо сафири навтаъйини Беларус дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст