Ҳабибулло Воҳидзода бо прокурорҳои генералии Қирғизистон ва Қазоқистон мулоқот намуд
ДУШАНБЕ, 02.10.2026 /АМИТ “Ховар”/. Дар доираи ҷаласаҳои муштараки Шурои ҳамоҳангсозии прокурорҳои генералии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва прокурорҳои генералии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай дар шаҳри Қазон мулоқоти Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулло Воҳидзода бо Прокурори генералии Ҷумҳурии Қирғизистон Малик Бектурганов баргузор гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Зимни мулоқот ҷонибҳо таъкид карданд, ки ҳамкории дуҷониба бар пояи мустаҳками таърихӣ ва муносибатҳои анъанавии неки ҳамсоягии байни Тоҷикистон ва Қирғизистон асос ёфтааст. Таваҷҷуҳи хоса ба нақши калидии сарони давлатҳо — муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Садыр Жапаров — дар ҳалли масъалаҳои делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатӣ, ки ба рушди эътимоди стратегӣ мусоидат мекунад, зоҳир карда шуд.
Дар ин замина, ҷонибҳо омодагии мутақобилаи худро барои тақвияти ин сатҳи баланди эътимоди мутақобила тавассути ҳамкории зич ва самарабахши байни мақомоти прокуратураи ду кишвар тасдиқ карданд.
Ғайр аз ин, масъалаҳои ҳамоҳангсозии талошҳо дар мубориза бо терроризм, экстремизм, ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ ва ҷиноятҳои киберӣ, инчунин тақвияти робитаҳои мустақими корӣ барои ҳифзи боэътимоди ҳуқуқҳои шаҳрвандон баррасӣ шуданд.
Илова бар ин, дар ҳошияи ҷаласа мулоқоти Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулло Воҳидзода ва Прокурори генералии Ҷумҳурии Қазоқистон Берик Асилов баргузор гардид.
Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо сатҳи баланди муносибатҳои дуҷонибаро, ки тавассути талошҳои муштарак ва иродаи сиёсии сарони давлатҳо ба даст омадаанд, қайд карданд. Инчунин тарафҳо масъалаҳои рушди ҳамкорӣ байни мақомоти прокуратура, аз ҷумла ҳамоҳангсозии амалҳои муштарак ва мубодилаи таҷриба барои ҳалли самараноки мушкилоти муосир ва таъмини амниятро мавриди баррасӣ қарор доданд.
АКС: Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид
Байни Суди Олии Тоҷикистон ва Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Тоҷикистон нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ 84 фоиз иҷро шуд
Дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе нақшаи даъвати ҳарбӣ 100 фоиз иҷро гардид
Намояндагони мақомоти судии Тоҷикистон ва Узбекистон дар Минск густариши муносибатҳои судӣ-ҳуқуқиро баррасӣ намуданд






