Ҷавонони шаҳри Ваҳдатро бо дуои неки модарон ба сафи Артиши миллӣ гусел намуданд

Октябрь 2, 2026 12:04

ВАҲДАТ, 02.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1999-2008» дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Ваҳдат маъракаи гусели наваскарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар ин хусус ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат иттилоъ доданд.

Бояд гуфт, ки дар рӯзи якуми даъвати ҳарбӣ падару модарон бо дуои хайр ва ифтихор аз ҳимояи Ватан ҷавононро барои иҷрои сарбаландонаи қарзи фарзандӣ ба сафи Артиши миллӣ гусел намуданд.

Дар ҳамоиш иброз гардид, ки «хизмат ба Ватан–Модар бояд барои ҳар ҷавон ифтихору шараф бошад. Ватанро мисли модари хеш дӯст доштан ва мисли гавҳараки чашм эҳтиёт намудан қарзи ҳар фарзанди миллат аст.

Ватан муқаддастарин ганҷи ҳастӣ ва истиқлол неъмати бебаҳои миллат аст. Хизмат дар сафи Артиши миллӣ барои ҷавонон мактаби ҳаёт, мактаби ҷасорату мардонагӣ мебошад. Онҳо маҳз дар давраи хизмат имкон доранд, ки моҳияти Ватан, давлат ва миллат ба хубӣ дарк карда, сабақи далериву шуҷоат ва садоқат омӯзанд».

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат дар пайравӣ ба иқдомҳои шоистаи давлату Ҳукумати Тоҷикистон барои дастгирии ҷавонон тадбирҳои зарурӣ андешида, дар ҳама маврид ташаббусҳои ҷавононро дастгирӣ менамояд. Аз ин рӯ 240 ҷавон бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат ва 30 нафар аз ҳисоби Вазорати мудофиаи Тоҷикистон даври омӯзишии ронандагии Ташкилоти ҷамъиятии «Мададгори мудофиа»-ро хатм намуданд. Онҳо дар ин рӯз соҳиби шаҳодатномаҳои ронандагӣ гардида, ҳамчун мутахассис-ронанда ба сафи Артиши миллӣ равона шуданд.

Даъватшавандагони шаҳри Ваҳдат иброз доштанд, ки «ифтихор ва масъулияти бузург аст, ки мо, ҷавонон ба боварӣ ва эътимоди Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мушарраф шудаем. Вақте ки Пешвои миллат ояндаи Тоҷикистонро ба ҷавонон бовар намудаанд, гумон мекунем хизмати аввалиндараҷаи мо- ин ба сафи Артиши миллӣ ҳамроҳ гардидан аст. Бояд ҷавонон фаромӯш накунанд, ки хизмати Ватан қарзи имонӣ ва ҷавонмардии ҳар яки мост!».

Дар анҷоми ҷамъомад дастаи ҳаваскорони шуъбаи фарҳанги шаҳри Ваҳдат барномаи ҷолиби ҳунариро манзури ҳозирин намуд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат

Октябрь 2, 2026 12:04

Хабарҳои дигари ин бахш

ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Ҷавонони ватандӯсти Панҷакент барои хизмат ба Ватан ба сафи Артиши миллӣ рафтанд
Ноҳияи Хуросон нақшаи даъвати тирамоҳиро дар рӯзи якум иҷро намуд
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Ҷавонони сарбаланди ноҳияи Вахш бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ба сафи Артиши миллӣ ҳамроҳ шуданд
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ дар ҷамоатҳои деҳоти Ворух ва Чоркӯҳи шаҳри Исфара дар рӯзи якум иҷро гардид
Дар Фархор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон иҷро гардид
Ноҳияи Данғара нақшаи даъвати тирамоҳиро дар рӯзи якум иҷро намуд
Дар ноҳияи Айнӣ ҳамоиши ботантанаи гусели наваскарон ба хизмати ҳарбӣ доир шуд
Ноҳияҳои минтақаи Рашт нақшаи даъват ба сафи Артиши миллиро 100 фоиз иҷро намуданд
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ дар Норак дар рӯзи якум иҷро шуд
РИСОЛАТИ ҶАВОНМАРДӢ. Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон нахустин шуда, нақшаи даъвати ҷавонон ба сафи Артиши миллиро 101 фоиз иҷро намуд
Ҷаласаи навбатии Шурои вазирони корҳои дохилии кишварҳои аъзои ИДМ доир шуд
Дар Қазон ҷаласаи 24-уми прокурорҳои генералии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд