АЗ ВОДИИ РАШТ ТО ИСКАНДАРКӮЛ. Хатсайрҳои сайёҳии дохилӣ ба минтақаҳои сайёҳии Тоҷикистон анҷом ёфтанд
ДУШАНБЕ, 07.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Силсилахатсайрҳои сайёҳии дохилӣ ба минтақаҳои сайёҳии мамлакат, ки тибқи дастури Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар рӯзҳои истироҳатӣ ташкил шуда буданд, анҷом ёфтанд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд.
Силсилахатсайрҳои сайёҳии дохилӣ ба минтақаҳои сайёҳии мамлакат аз моҳи июл то октябр идома ёфтанд. Мақсади он аз рушди соҳаи сайёҳӣ, муаррифии имконияти бойи таърихию фарҳангӣ ва табиии мамлакат, тарғиби тарзи ҳаёти солим ва боз ҳам баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ ва ифтихори миллӣ иборат буд.
Барномаи хатсайрҳо сафар ба самтҳои Душанбе – Рашт – Нуробод – Душанбе, Душанбе – Балҷувон – Ховалинг – Душанбе, Душанбе – Норак –Душанбе, Душанбе – Ромит – Душанбе, Душанбе – Айнӣ (Искандаркӯл) — Душанбе, Душанбе – Данғара – Восеъ – Кӯлоб – Муъминобод – Душанбе, Душанбе – Роғун – Душанбе ва Душанбе – Ҳисор – Душанберо дар бар гирифт. Зимни сафарҳо иштирокчиён бо имконоти сайёҳӣ, ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ, захираҳои табиӣ ва инфрасохтори сайёҳии минтақаҳои гуногуни кишвар аз наздик шинос шуданд.
Ҳамзамон дар доираи ҳар хатсайр ҳамоишҳои маърифатӣ бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намоиши филмҳои ватандӯстона, аз ҷумла «Эмомалӣ Раҳмон–Асосгузори давлати навини Тоҷикистон», «Эмомалӣ Раҳмон–ҳомии сулҳ дар ҷаҳон», «Марде аз сарнавишт», дарсҳои омӯзишӣ оид ба рушди соҳаи сайёҳӣ, сабқатҳои экологӣ, иқдомҳои ҳифзи муҳити зист ва чорабиниҳои фарҳангӣ-фароғатӣ ва варзишӣ гузаронида шуданд.
Ин ташаббус ба ташаккули муҳити муосири сайёҳӣ ва баланд бардоштани рақобатнокии маҳсулоти сайёҳии ватанӣ равона гардида, ҳамзамон дар таҳкими робитаҳои фарҳангӣ ва васеъ намудани ҷаҳонбинии кормандон нақши муҳим мебозад.
Татбиқи ин иқдом дар асоси дастури Раиси шаҳри Душанбе ва бо мақсади иҷрои супориши Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рушди сайёҳии дохилӣ ба роҳ монда шуда, дар доираи он кормандони мақомоти шаҳр бо мавзеъҳои муҳими таърихӣ, фарҳангӣ ва сайёҳии мамлакат шинос шуданд.
АКС: Шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе








Дар нуҳ моҳи соли 2026 ба Тоҷикистон беш аз 1,5 миллион сайёҳ ташриф оварданд
Дар намоишгоҳи «WTM London – 2026» дастовардҳои илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар мавзуи «Асосҳои конститутсионии муқовимат ба коррупсия» ҳамоиш доир шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии WTM дар Лондон иштирок дорад
Дар Душанбе оид ба таҳияи нақшаи чорабиниҳои 40-солагии истиқлолияти давлатӣ ҷаласаи гурӯҳи корӣ доир шуд
Иқтидорҳои сайёҳии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «World Travel Market — 2026» дар шаҳри Лондон муаррифӣ мешаванд
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
31 ОКТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ШАҲРҲО. Дар хиёбони Саъдии Шерозии Душанбе 3 эстакадаи дусатҳа бунёд мегардад
Шаҳри Душанбе бо ба даст овардани 65 ҷой ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» гардид
«БАРНОМАИ РУШДИ МИНТАҚАИ САЙЁҲИИ РОҒУН». Дар доираи амали он роҳҳо мумфарш, хатсайрҳои сайёҳӣ зиёд ва инфрасохтори хизматрасонӣ беҳтар карда шуд
Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ба гардишгарони ҳавзаи Шурои ҳамкории кишварҳои арабии Халиҷ муаррифӣ гардиданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор гардид






