Барои фурӯши неруи барқ тавассути истгоҳҳои пуркунии воситаҳои нақлиёти барқӣ талаботи нав амалӣ гардид

Октябрь 6, 2026 11:15

ДУШАНБЕ, 06.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маълумоти соҳибкорон ва субъектҳои хоҷагидор  мерасонад, ки тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 августи соли 2026  «Дар бораи Тартиби додани иҷозатномаҳо, ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ, санадҳои тасдиқ ва мувофиқа, қабули огоҳиномаҳо», фурӯши неруи барқ тавассути истгоҳҳои пуркунии воситаҳои нақлиёти барқӣ ҳамчун намуди фаъолияти махсус муқаррар карда шудааст.

Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад Вазорат ба таваҷҷуҳи ҳамаи соҳибкорон ва субъектҳои хоҷагидоре, ки ба фурӯши неруи барқ тавассути истгоҳҳои пуркунии воситаҳои нақлиёти барқӣ машғуланд ё дар оянда чунин фаъолият ба роҳ монданиянд, мерасонад, ки барои анҷом додани фаъолият гирифтани иҷозатномаи махсус аз Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳатмӣ мебошад.

Соҳибкорон ва субъектҳои хоҷагидори дахлдорро зарур аст, ки барои ба расмият даровардани фаъолият ва гирифтани иҷозатномаи махсус тибқи тартиби муқарраргардида ба сомонаи ijozat.mewr.tj ворид гардида, худро ба қайд гиранд ва номгӯйи ҳуҷҷатҳои заруриро дохил намоянд.

Ҳамзамон метавонанд ба Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намоянд.

    АКС: Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Октябрь 6, 2026 11:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Тағйирёбии иқлим сабаби коҳиш ёфтани ҳосилнокии мева дар Тоҷикистон гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои нави дидбонгоҳи гумрукӣ ба истифода дода шуд
Дар Душанбе масъалаи татбиқи лоиҳаву барномаҳои муштарак бо намояндаи ЮНИСЕФ баррасӣ гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ ва ҳолати инфрасохтори обёрии ноҳияи Мастчоҳ шинос шуд
Дар Душанбе оид ба ташхиси макроиқтисодӣ ҳамоиш баргузор шуд
Намояндаи Тоҷикистон дар ҳамоиши минтақавии Бонки осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ иштирок намуд
Дар Конибодом вазъи соҳаи кишоварзӣ ва рафти ҷамъоварии пахта баррасӣ шуд
ПАХТАПАРВАРӢ. Кишти дер, нархи пасти пахта ва норасоии техникаи муосир мушкилоти асосии соҳа маҳсуб мешаванд
Дар мавзуи «Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил: самтҳо ва дурнамои рушд» конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи идоракунии захираҳои об таҷрибаи якдигарро меомӯзанд
Дар Душанбе ҷаласаи 20-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор шуд
Дар Форуми ҷаҳонии сармоягузорӣ самтҳои афзалиятноки рушди иқтисоди Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд