Дар Душанбе доир ба Шабакаи иқлимии TajCN ҳамоиш баргузор гардид

Октябрь 8, 2026 13:25

ДУШАНБЕ, 08.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Тоҷикистон яке аз нуқтаҳои гарми иқлимии сайёра ва яке аз кишварҳои  осебпазиртарини тағйирёбии иқлим дар минтақаи Аврупо ва Осиёи Марказӣ мебошад. Дар ин замина созмонҳои экологӣ дар мубориза бо тағйирёбии иқлим ва таъсири он нақши муҳим мебозанд, зеро бо ҷомеаҳои осебпазир, деҳқонон, занони деҳот ва ҷавонон ҳамкорӣ мекунанд ва навовариҳою равишҳои ҷомеаро бо баробарии гендерӣ  дастгирӣ мекунанд. Ин нукта дар ҳамоиш доир ба Шабакаи иқлимии созмонҳои ҷамъиятии Тоҷикистон — TajCN  (Tajikistan Climate Network) дар шаҳри Душанбе баён гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Ҳамоиш бо ташаббуси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маркази минтақавии экологии Осиёи Марказӣ дар Тоҷикистон баргузор гардид. Мубодилаи таҷриба ва баланд бардоштани огоҳии ҷомеаи шаҳрвандӣ дар масъалаҳои тағйирёбии иқлим яке аз ҳадафҳои асосии Шабакаи иқлимии TajCN мебошад, ки бо ташаббуси ташкилоти ҷамъиятии экологӣ таъсис ёфтааст.

Зимни баргузории муколамаҳои иқлимӣ иштирокчиён музокироти байналмилалии иқлимии дарпешистодаи Конфронси тарафҳои қолабии Созмони Милали Муттаҳидро оид ба тағийёбии иқлим COP31, ки моҳи ноябр дар  Туркия баргузор мегардад, баррасӣ карданд.

Бо назардошти осебпазирии баланди аҳолӣ, заифии экосистемаҳои кӯҳӣ, иқтидори маҳдуди мутобиқшавӣ ва маблағгузории иқлимӣ созмонҳо ва ҷомеаи шаҳрвандӣ аз пешбурди сиёсати пуршиддати иқлимӣ ва иштироки фаъолона дар COP31 пуштибонӣ мекунанд. Ҳамзамон даъват менамоянд, ки ба ҳифзи ҷамоатҳои осебпазир ва масъалаҳои адолати иқлимӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шавад.

АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳуруии Тоҷикистон

 

 

Октябрь 8, 2026 13:25

Хабарҳои дигари ин бахш

15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид