Дар Душанбе натиҷаҳои миллии Шарҳи чоруми фаъолияти экологӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
ДУШАНБЕ, 01.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Душанбе таҳти унвони «Аз тавсияҳо ба амал: муаррифии миллии Шарҳи чоруми натиҷанокии фаъолияти экологӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муколама оид ба Харитаи роҳ барои татбиқи он» чорабинии сатҳи баланд баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Чорабинӣ аз ҷониби Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Комиссияи иқтисодии Созмони Милали Муттаҳид барои Аврупо баргузор гардида, намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳои дахлдор, сохторҳои Созмони Милали Муттаҳид, шарикони рушд, созмонҳои байналмилалӣ, коршиносон ва дигар ҷонибҳои манфиатдорро ҷамъ овард.
Ҳадафи асосии чорабинӣ муаррифии натиҷаҳои Шарҳи чоруми натиҷанокии фаъолияти экологӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, баррасии тавсияҳои он ва муайян намудани қадамҳои минбаъда барои татбиқи низомманд, ҳамоҳангшуда ва натиҷамеҳвари онҳо буд.
Зимни ифтитоҳ муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода, муовини якуми Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Исфандиёр Шукурзода, ҳамоҳангсози доимии Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон хонум Кавилмадам Рамасвами Парвати ва Директори шуъбаи муҳити зисти Комиссияи иқтисодии Созмони Милали Муттаҳид барои Аврупо хонум Паола Деда иштирок ва сухан намуданд.
Дар суханрониҳо аҳаммияти Шарҳи натиҷанокии фаъолияти экологӣ ҳамчун воситаи мустақили арзёбии пешрафти кишвар, муайян намудани масъалаҳои ҳалталаб ва таҳияи самтҳои мушаххаси такмили сиёсати давлатӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист ва рушди устувор таъкид гардид.
Яке аз бахшҳои муҳими чорабинӣ маросими расмии супоридани Шарҳи чоруми натиҷанокии фаъолияти экологӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон буд. Маросими мазкур рамзи анҷоми марҳилаи бисёрсолаи таҳия ва арзёбии Шарҳи чорум ва ҳамзамон оғози марҳилаи нави татбиқи амалии тавсияҳои он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон гардид.
Таъкид гардид, ки шарҳи чорум доираи васеи масъалаҳои экологӣ ва рушди устувор, аз ҷумла қонунгузорӣ ва идоракунии экологӣ, мониторинг ва иттилооти экологӣ, маблағгузории ҳифзи муҳити зист, тағйирёбии иқлим ва ҳифзи пиряхҳо, сифати ҳаво, захираҳои об, идоракунии партовҳо ва моддаҳои кимиёвӣ, гуногунии биологӣ, ҳифзи замин ва хок, инчунин ҷанбаҳои экологӣ дар соҳаҳои саноат, энергетика, кишоварзӣ, нақлиёт ва тандурустиро фаро мегирад.
Саҳми назарраси Кумитаи ҳифзи муҳити зист ва вазорату идораҳои дахлдори кишвар дар раванди омодасозии Шарҳи чорум махсус таъкид гардид. Ин раванд ҷамъоварӣ ва таҳлили маълумот, машваратҳои байниидоравӣ, ҳамкорӣ бо коршиносони миллӣ ва байналмилалӣ, баргузории миссияҳои коршиносӣ ва баррасии пайдарпайи хулоса ва тавсияҳоро дар бар гирифт.
Ҳамзамон оид ба корҳои баъд аз қабули шарҳи чорум анҷомёфта маълумот пешниҳод гардид. Аз ҷумла, лоиҳаи Кодекси экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва барои баррасӣ ба вазорату идораҳои дахлдор пешниҳод гардида, корҳо дар самти рақамикунонии соҳаи ҳифзи муҳити зист, такмили мониторинг ва иттилооти экологӣ, ҳифзи гуногунии биологӣ ва экосистемаҳо, ҳифзи пиряхҳо ва таҳкими ҳамкории байналмилалии экологӣ идома доранд. Яке аз масъалаҳои марказии чорабинӣ таҳияи Харитаи роҳ барои татбиқи тавсияҳои Шарҳи чоруми натиҷанокии фаъолияти экологӣ барои солҳои 2027–2029 буд.
Гуфта шуд, ки Харитаи роҳ бояд тавсияҳои Шарҳро ба маҷмуи чораҳои мушаххас, пайдарпай ва натиҷамеҳвар табдил дода, барои ҳар самт мақоми масъул, мақомоти ҳамкор, муҳлати иҷро, натиҷаҳои интизоршаванда, нишондиҳандаҳои мониторинг ва манбаъҳои эҳтимолии маблағгузориро муайян намояд. Ҳангоми муҳокима ба масъалаҳои афзалиятгузории тавсияҳо, ҳамоҳангсозии байниидоравӣ, маблағгузории давлатӣ, ҷалби шарикони рушд ва институтҳои байналмилалии молиявӣ, иштироки бахши хусусӣ ва ташкили механизми самараноки мониторинг ва ҳисоботдиҳӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.
Дар ҷамъбаст омодагии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои идомаи ҳамоҳангсозии кор бо вазорату идораҳо, Гурӯҳи кишварии Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон ва дигар шарикони рушд барои таҳия ва татбиқи Харитаи роҳ таъкид гардид.
Татбиқи пайгиронаи тавсияҳои Шарҳи чорум ба такмили идоракунии экологӣ, ҳифзи захираҳои табиӣ, баланд бардоштани устуворӣ ба тағйирёбии иқлим, рушди иқтисоди «сабз» ва беҳтар намудани сифати муҳити зист ва шароити зиндагии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат мекунад.
АКС: АМИТ «Ховар»








Тоҷикистон ва Қатар ҳамкорӣ дар самти сармоягузориро тақвият медиҳанд
Ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия баргузор гардид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ баррасӣ шуд
Ҳамоишҳои байналмилалӣ дар соҳаи алоқа ҷамъбаст гардиданд
Хуршед Мирзо: «Иқдоми муҳими Тоҷикистон дар соҳаи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ бунёди IT HUB DUSHANBE аст»
«Барномаи давлатии рушди маърифат ва фарҳанги экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
Дар Давҳа тақвияти ҳамкории Тоҷикистон бо AIIB баррасӣ гардид
Дар доираи Форуми Sibos 2026 рушди ҳамкории Бонки миллии Тоҷикистон бо Commerzbank AG баррасӣ шуд
Дар Давҳа ҷаласаи солонаи Бонки Осиёии сармоягузории инфрасохторӣ доир гардид
Дар доираи «TAJ-TECH 2026» санадҳои ҳамкорӣ ба имзо расонида шуданд
Дар шаҳри Душанбе ҳамкорӣ дар соҳаи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ баррасӣ гардид
Дар Қатар маросими таъсиси Фонди ҳамкорӣ ва рушди Чин – Осиёи Марказӣ баргузор гардид






