Дар Душанбе Рӯзҳои синамои Қирғизистон доир мегарданд

Октябрь 4, 2026 09:00

ДУШАНБЕ, 04.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. 18 октябр дар доираи сеюмин Синамоҷоизаи миллии «Тоҷи Сомон» (аз 15 то 20 октябр)  дар шаҳри Душанбе  Рӯзҳои синамои Қирғизистон баргузор мешаванд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» хабар доданд.

Ба тамошобинон се филми нави Ҷумҳурии Қирғизистон: «Фармоиш»– (Заказ), «Мо ду нафар» – (Экообуз) ва «Асир» – (Туткун) намоиш дода мешаванд. Тамошобинон беҳтарин намунаҳои синамои муосири қирғизро дида, тавассути санъати кино бо фарҳанг, анъана ва зиндагии мардуми қирғиз шинос мегарданд.

Рӯзҳои синамои Қирғизистон имконияти хуб барои муаррифии дастовардҳои синамои миллӣ ва густариши муколамаи фарҳангӣ байни Тоҷикистону Қирғизистон мебошанд.

Санъати синамо дар рушди муколамаи байнифарҳангӣ, ҳифзи арзишҳои маънавию ахлоқӣ ва муаррифии мероси ғании таърихию фарҳангии халқҳои Осиёи Марказӣ ҷойгоҳи махсус дорад. Ҳамзамон ташаббусҳои муштараки фарҳангӣ барои густариши робитаҳои гуманитарӣ байни ду давлат хизмат менамоянд.

АКС: Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм»

Октябрь 4, 2026 09:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид
Феҳристи ёдгориҳои Намоиши байналмилалии «Тоҷикистон- кишвари ёдгориҳои нодир» таҳия гардид
Имрӯз маросими ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» баргузор мегардад
«КИТОБИ ДУШАНБЕ». Дар намоишгоҳи байналмилалӣ беш аз ду ҳазор номгӯй китоб пешниҳод гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Италия Нигористони Боргезеро тамошо намуданд
«РОБИАИ БАЛХӢ–НАХУСТИН НИДОИ ИШҚ». Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ ҳамоиши илмӣ–адабӣ доир шуд
Дар Душанбе бо иштироки беш аз 30 муассисаи нашриявӣ намоиши китоб оғоз гардид
«TAJIKISTAN, UNA CULTURA DA SCOPRIRE». Нашрияи итолиёвӣ доир ба мероси таърихию фарҳангии тоҷикон мақола чоп намуд
Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» оғоз гардид
Пагоҳ Намоишгоҳи чордаҳуми байналмилалии «Китоби Душанбе» оғоз мегардад